Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзҳои сахти занон ва гӯшҳои додношунав


Бар асари хушунати хонаводагӣ дар тӯли соли равон дар вилояти Хатлон 29 нафар, дар вилояти Суғд 18 нафар, дар ноҳияи Ҳисор 14 нафар занону духтарон қасд ба ҷони худ кардаанд. Ин оморро намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ ва ғайриҳукуматии масоили ҳуқуқи зан дар як нишасте, ки аз ҷониби Дафтари ҳамкории Шветсария рӯзи 5 ноябр дар шаҳри Душанбе баргузор гашт, баён доштанд. Иштирокдорони нишаст бар инанд, ки бо вуҷуди дар миёни занон зиёд ба роҳ мондани корҳои тарғиботӣ ва омӯзишӣ аз ҷониби созмонҳои мухталиф, мушкилоти хушунати хонаводагӣ ва зӯроварӣ нисбати занон ба таври пешин боқӣ мондааст ва худкушии занону духтарон афзоиш ёфтааст.

Мавҷуда Ҳакимова - раиси созмони ҷамъиятии "Мӯнис" дар ноҳияи Ҳисор сабаби аслии коҳиш наёфтани хушунати оилавиро дар ноҳия дар камсаводии равоншиносон ва ҳуқуқдонон медонад. Вай мегуяд: "Занҳо намедонанд, дилашонро ба кӣ боз кунанд. Агар ба ҳамсояҳо гӯянд, ба оташи ғазаби хушдоман, ё аъзои дигари оила равған мерезанд." Хонум Ҳакимова афзуд, дар баъзе мавридҳо ба назар мерасад, ки кӯмак, ё маслиҳати ин равоншиносон, ё адвокатҳо натиҷаи баръакс медиҳанд ва ихтилофро дар хонаводаҳо тундтар месозанд.

Намояндагони созмонҳои ғайриҳукуматии масоили ҳуқуқи зан гуфтанд, бояд роҳҳои нави мубориза ба зидди хушунатро пайдо кунанд. Юсуф Маҳмадов - раиси созмони ҷамъиятии "Рушд" дар вилояти Хатлон иброз дошт, бамаврид мебуд, агар намояндагони мазҳабӣ бештар ба ҳамкорӣ дар роҳи ҷилавгирӣ аз хушунати хонаводагӣ ҷалб мешуданд. Моҳниссо Шоҳназарова - раиси созмони ҷамъиятии "Ахтари бахт" дар вилояти Хатлон мегӯяд, ҳанӯз ҳукуматҳои навоҳӣ ва ҷамоатҳо масъалаи хушунати хонаводагиро нодида мегиранд ва бо созмонҳои ғайриҳукуматӣ дар ин самт ба таври бояду шояд ҳамкорӣ намекунанд: "Ман бо тарҳи барнома дар бораи ҷилавгирӣ аз хушунат ба назди ҳукумати маҳаллӣ рафтам, маро дастгирӣ накарданд. Онҳо мегӯянд, шумо ин масъаларо аз будаш зиёд нишон медиҳед, то аз созмонҳои байналмилалӣ пул дарёфт намоед."

Намояндагони созмонҳои ғайриҳукуматӣ бар ин назаранд, ки ҷанбаи дигари аслии рушди хушунати хонаводагӣ тайи ду соли ахир вазъи ногувори иқтисодӣ гаштааст. Ба гуфтаи онҳо, мардҳои зиёд барои дарёфти пул ба хориҷ сафар мекунанд ва хонаводаҳои аксари онҳо дар ҳолати фақр қарор доранд. Аммо маблағе, ки аз ҷониби мардҳои муҳоҷир ба оилаҳояшон фиристода мешаванд, нокофӣ буда, боиси ба хушунат ва моҷароҳо миёни аъзои оила мегардад.
XS
SM
MD
LG