ДАРДИ ДИЛИ ИБРОҲИМ УСМОНОВ БА "АЗИЯ ПЛЮС"
Мусоҳибаи Иброҳим Усмонов, муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон бо хабарнигори рӯзномаи "Азия Плюс"- ро зери унвони «Дар кишваре мардумаш қашшоқӣ мекашад, пешравӣ намешавад!» навиштаи аслии ин шумораи «Азия Плюс» муаррифӣ мекунанд. Ба назари коршиносон, муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон, ки дар пойдории сулҳи тоҷикон ва барқарории ҳукумати феълӣ саҳми намоён дошт, бо ин сӯҳбат чеҳра, ё худ мавқеи аслиашро дар мавриди вазъи феълии кишвар ва ҳукумат равшан кардааст. Иброҳим Усмонов дар робита ба интихоботи парлумонии соли 2005 дар кишвар гуфтааст: "талошҳо дар интихоботи оянда зиёд намешаванд, ҳамчунин тақрибан ғолиб маълум аст, ин Ҳизби халқӣ-демократӣ мебошад. Замона тағйир хӯрдааст, имкониятҳои ҳукумат афзоиш ёфтааст, ҳар кореро хоҳад мувофиқи хоҳиши худ ба анҷом мерасонад."
Муовини вазири фарҳанг ба суолҳои хабарнигори рӯзнома доир ба музд ва даромад, қасрҳои вазирону занҳои беҳисобу мошинҳои бешумор ва озодии матбуот бепарда ҳарф задаст.
НОМАИ ХАШМГИНОНАИ ҲИЗБИ СОТСИАЛИСТ ДАР "ТОҶИКИСТОН"
Ҳафтаномаи «Тоҷикистон» баҳсҳои парокандагӣ дар миёни ҷиноҳҳои муқобил дар Ҳизби сотсиалисти Тоҷикистон ва дар мавриди мамнӯъ эълон кардани намозгузории занон дар масоҷиди Тоҷикистонро идома додааст. Рӯзнома изҳороти кумитаи иҷроияи Ҳизби сотсиалисти Тоҷикистонро ба нашр расонидааст, ки аз ҷумла дар он навишта шудааст: "Ба ҳамаи қонуншиканиҳо нигоҳ накарда, вазири адлияи Тоҷикистон Ҳомидов дар мактуби худ ба унвони раиси сохтаи Ҳизби сотсиалисти Тоҷикистон, ба ҷавоби аризаи иғвогаронаи Ғаффоров, ҷавоб гардонида, ӯро «эътироф» намудааст."
НИГОҲИ "НАҶОТ" БА РОҲҲОИ НАҶОТИ ҲИЗБИ ҲОКИМ
Дар ҳамин ҳол «Наҷот» - нашрияи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон назари худро аз густариши муносибатҳои Тоҷикистону Русия ва мақсади ҳузури Русия дар Осиёи Марказӣ барканор карданӣ нест. Ҳикматулло Сайфуллозода, раиси дастгоҳи Ҳизби наҳзат дар мусоҳибааш зери унвони «Вазъи сиёсӣ ҷавобгӯи низоми ҳуқуқбунёдӣ нест» дар мавриди пайвастани Русия, ба Созмони Ҳамкориҳои Осиёи Марказӣ ва таъсири ҳузури он ба вазъи ин кишварҳо гуфтааст: "барои Русия аввалан таъсиси пойгоҳи низомӣ ба ин шумораи зиёди нерӯ дар хориҷи кишвар хеле зарур буд ва баъдан аз даст надодани минтақаи стротежии Осиёи Марказӣ. Тоҷикистон ҳам ҳавасманди ҷои кор пайдо кардани шаҳрвандони худ дар хориҷи кишвар буд. Имзои созишномаҳои алоҳида миёни Тоҷикистону Русия дар раванди омодагиҳо ва баргузории интихобот ба манфиати ҳизби ҳокими Тоҷикистон хидмат мекунад."
ВА НИГОҲИ "ЗИНДАГӢ" БА ОЯНДАИ ЭРОН
Аммо дар саҳифаҳои «Зиндагӣ», минбари ҷавонони Тоҷикистон вазъи сиёсии Афғонистон ва Эрон инъикоси бештар ёфтаанд. Дар як матлаби рӯзнома, дар мавриди оқибатҳои дастёбии Эрон ба маводи ҳастаӣ ва муносибати мақомоти ин кишвар бо мамолики абарқудрат навиштааст: "Агар Эрон якравиашро давом диҳаду барномаи атомиаш ба Шӯрои Амният кашида шавад, эълони таҳримҳои иқтисодӣ имконпазир мегардад, ки он ба иқтисодиёти мамлакат шадидан зарба хоҳад зад. Чунин зарба ҳатман боиси норозигии мардум гашта, ба пойдории низоми Ҷумҳурии Исломӣ таҳдид мекунад."
"ВЕЧЕРНИЙ ДУШАНБЕ" ТОҶИКИСТОНРО ШАБЕҲИ АНГОЛА МЕДОНАД
«Вечерний Душанбе», ҳафтаномаи русзабони пойтахти Тоҷикистонро коҳиш наёфтани ришвахорӣ дар кишварҳои муштаракулманофеъ, махсусан Тоҷикистон ба риштаи таҳлил кашидааст. Газета дар мақолаи «Тоҷикистон дар мизони ришвахорӣ бо Ангола дар як сатҳ аст» бо истинод ба як сарчашмаи интернетӣ навиштааст: «Кӣ мегӯяд, ки ришвахорӣ бад аст. Як тобистон дар Душанбе, ҳангоми авҷи истироҳат маро зарурати ба Маскав рафтан пеш омад. Ҳамаи чиптаи тайёраҳо барои як моҳ пеш фурӯхта шуда буд. Вале донандагони ҳол ба ман маслиҳат доданд, ба милисаҳо муроҷиат намудам, бар ивази 30 доллар мушкилам ҳалли худро пайдо кард ва бар иваз аз бори зиёдатиам дар тайёра пул талаб накарданд. Оё чунин ҳалли мушкилот дар кишвари орӣ аз ришвахорӣ имкон дорад?»

озоди метонед нотарсида акнун калимаи муҳоҷирро ба ҒУЛОМИ қари 21 иваз кунед ин мигрция аз имруз пас хариду фуруши қонунии ғуломон меша
Ба НОМУСАЛМОН!!! Як одам бисёр бошарму ҳаё ҳаст, оё шарму ҳаёи онро бо чи чен кунем???? Эмон дар луғат ба маънои тасдиқ ва иқрор кардан аст ва дар шаръ ба маънии 1) Эътиқод доштан бо қалб, 2) Иқрор кардан бо забон 3) Амал намудан бо аъзо мебошад. Эмон (эътиқод) ба Худо, Малоикаҳо, Китобҳои осмонӣ, Расулон, рузи қиёмат, тақдири некию бадӣ ва зиндагӣ баъди марг мебошад. Эмон қавӣ ва заиф мешавад. Яъне бо ибодат ва амалҳои солеҳ қавӣ мегардад ва ва бо гуноҳу амалҳои зишт заиф мешавад. Умедвор ҳастам, ки Шуморо фаҳмонда бошам.
О ин эътирозчиён сагерахои Авангард ку
Тавба точики зархариду серхаридор
мардума расман митинг кардан ичозат надихед, баъд онхо ба тазохурот мебароянд, ё хамин гуна сенарияи Хукумат аст...