Номаи ахири вазорати адлияи Тоҷикистон ба унвони Ҳизби сотсиалистӣ аҳзоби дигари мухолиф ба ҳукуматро ба андеша овардааст. Баъд аз он ки вазири адлияи Тоҷикистон Халифабобо Ҳомидов дар як нома ба унвони сарварони ду ҷиноҳи ин ҳизб ба ҷойи Мирҳусайн Назриев Ҳалим Ғаффоровро ҳамчун раиси Ҳизби сотсиалистӣ эътироф намуд, чунин вазъ дар остонаи интихоботи парлумонӣ ва раиси ҷумҳур аҳзоби дигари мухолифро ба ташвиш гузошт. Муовини вазири адлияи Тоҷикистон Рустам Менглиев, зимни шарҳи номаи вазорати адлия ба унвони Ҳизби сотсиалистӣ ба суолҳои хабарнигорон кӯтоҳ посух дода, гуфт, ҳарчӣ дар нома навишта шудааст, ҳамон мавқеи вазорат аст: «Бар асоси асноде, ки аз тарафи ҳар ду ҷиноҳи ин ҳизб ба вазорат расидааст, ҳамин хулоса карда шуд.»
Аммо Мирҳусайн Назриев гуфт, дар асноди Ҳизби сотсиалистӣ дар вазорати адлия номи ӯ ба унвони раиси ин ҳизб сабт аст, вале ин ки вазорати адлия Абдуҳалим Ғаффоровро ҳамчун раиси ҳизб эътироф намудааст ин як бозии сиёсии ҷониби ҳукумат аст, ки мехоҳад Ҳизби сотсиалистиро таҳти нуфузи худ қарор диҳад: «Чунин рафтори вазирро дахолат ба кори ҳизб меҳисобем ва ҳатман ба додситонии шаҳри Душанбе ва созмонҳои байналмилалӣ муроҷиат мекунем. Ва ин амал на танҳо барои Ҳизби сотсиалистӣ, балки барои ҳизбҳои дигар низ паёмади нохуш дорад.»
Баҳси ду ҷиноҳи Ҳизби сотсиалистӣ дар додгоҳҳои шаҳри Душанбе аллакай идома дорад, аммо он ки аҳзоби мухолифро дар тааҷҷубу ташвиш гузоштааст, ин аст, ки чаро вазорати адлия ба таври кушод аз ҷиноҳи Абдуҳалим Ғаффоров ва Қурбон Восиев, ки мушовири раиси ҷумҳур мебошад, пуштибонӣ мекунад. Дар ҳамин ҳол сардори дастгоҳи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Ҳикматулло Сайфуллозода мегӯяд, баъд аз он, ки Ҳизби сотсиалистӣ таҳти сарварии оқои Назриев вориди эътилофи аҳзоби сиёсӣ ба хотири интихоботи шафоф шуд ва дар чанд ҳамоиш ба зидди сиёсати ҳукумат изҳори назар намуд, ангуштҳо ба сӯи он шуданд.
Ӯ меафзояд, чунин рафтор, ё сиёсати ҳукумат аҳзоби сиёсиро дар пешорӯи интихоботҳо дилсард мекунад.
Ба гуфтаи оқои Сайфуллозода - мақомоти ҳукумати баъзе навоҳии кишвар нисбат ба бахшҳои Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон дар маҳаллаҳо монанд ба шеваи Ҳизби сотсиалистӣ рафтор мекунанд: «Дар сатҳи олии ҳизб чунин амалҳо то кунун эҳсос нашудааст, вале дар навоҳии минтақаи Кулоб чунин бархӯрдҳо эҳсос мешавад. Раисони ҳукуматҳои навоҳӣ пешниҳод мекунанд, ки масъули бахшҳои Ҳизби наҳзат дар навоҳӣ афроди мақбули онҳо таъйин шавад. Аз ин рӯ бардошт кардан мумкин аст, ки барои ҳукумати феълӣ ҳизбҳое лозим аст, ки ҷайбӣ бошанд, на ҳизбҳое, ки муборизаи озод мебаранд.»
Оқои Сайфуллозода меафзояд, бетаҳамуллии ҳукумат дар баробари мухолифони худ ва шеваи бархӯрди ғайриқонунӣ ба онҳо баргузории одилона ва мунсифонаи маъракаҳои ояндаро таҳти суол қарор медиҳад. Коршиноси мустақили тоҷик Исмоил Раҳматов бар ин аст, ки дар дохили ҳар ҳизб муборизаҳои дохилӣ ба мушоҳида мерасад ва чеҳраи шоиставу бонуфуз метавонад, ҷойи дигареро ишғол намояд, вале ҳукумат набояд ба муборизаҳои дохилии аҳзоб дахолат намояд.

Мардум Киргизистонро демократи мегуянд аммо банда ин кишварро бехокимияти мехисобад.
Дар ДМТ мора дарс додагияяя...Худо умрша дароз кна малими хоксор бд
Абдунабӣ Сатторзода, донишманди сермаҳсул, инсони комил ва хирадманд, шахси хоксор ва баобруйро бо зӯдрӯзашон табрик мекунам. Орзумандам,ки на танҳо саломатии ҷисмонӣ, боз инчунин саломатии фитрияшон ҳамеша мисли ҳозир пойдор бошанд, умри бобаракаташон ҳамеша дар иҳотаи аҳли илму адаб гузарад ва осори заҳмати зиёда аз нимасриашон ва баъдина эҷод мекардаашон ба асрҳо дастрас ва манбаъи омӯзиши толибилмон боқӣ монад.
Ин амали куҳна ҳаст дар ҳукумати амрико дар оғози кор трамп ҳам мушукҳои (тамагафка) партоб карда буд ба Сурия як пойгоҳи низоми. Ин амалҳоро вақташон гузашт. Қудрати инҳоро мо бо Толибон дидем 20сол натиҷа Қатар Доха.
Ба шумо барори кор мехохем ва осмони софу бехубор.зинда бошед курбони Алимардон