"Чароги Озодӣ", ин исми навест дар майдони матбуоти тоҷик, ки дар шакли бюллетени ҳафтаина аз ҷониби як гурӯҳ ҷавонон ба нашр хоҳад расид. Муассиси бюллетени мазкур Каюмарси Ато як ҷавони 20-солаест, ки қаблан бо нашрияи "Рӯзи Нав" ҳамкорӣ дошт ва бо баста шудани он, дар фикри чопи як ҳафтаномаи хусусӣ гардид. Вай мегӯяд, бо ин мақсад ӯ якчанд ҷавони дигарро гирди худ муттаҳид намуда ва тасмим гирифт ин нашрияро ба як рӯзномаи сиёсӣ табдил диҳад.
Каюмарси Ато мегӯяд, онҳо мехоҳанд, ба ин восита бигӯянд, ки ҷавонони имрӯза аз сиёсат дур нестанд ва метавонанд ояндасоз бошанд: "Хомӯшии матбуоти озод тайи чанд ҳафта мо як гурӯҳ ҷавононро безобита кард ва мо натавонистем, дар дигар нашрияҳое, ки ба ном озоданд мақолаҳои худро ба чоп расонем. Мо мо хостем, рӯзномае таъсис диҳем, ки ҷавонон тавонанд, торикии сиёсиро бо як чароғ равшан кунанд ва бинанд, ки дар ин рӯзи равшан мардум чӣ гуна зиндагӣ мекунанд ва ин мансабдорон ба кадом корҳо машғуланд. Бастани ҳафт рӯзнома рӯшноии матбуоти озодро як навъ тира кард ва мо намехоҳем, дар торикии сиёсӣ мирем. Мо мехоҳем, чароғи матбуоти озодро аз нав фурӯзон кунем."
Каюмарси Ато гуфт, нашри ҳафтаномаи "Чароғи Озодӣ" бо кӯмаки молии як тоҷири хуҷандӣ имконбахш гардид, аз ҳамин хотир ин нашрия дар навбати аввал ба таври ройгон дастраси хонанда мегардад. Матолиби аслии шумораи аввали "Чароғи Озодӣ"-ро худи Каюмарс муаррифӣ мекунад: "Дар шумораи аввал мо сӯҳбате дорем, бо раиси Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон Мирҳусейн Назриев доир ба вазъи дохили ин ҳизб ва раиси собиқи он Сафаралӣ Кенҷаев. Боз як матлаб дорем, доир ба он ки соли 2004 бо кадом хусусиятҳояш бо 1990-92 монанд аст, масалан баста шудани матбуоти озод, ба қайд нагирифтани аҳзоби сиёсӣ. Як саҳифае дорем, саҳифаи Афсонаи сиёсӣ. Имрӯз шояд суханоне ҳастанд, ки мо онҳоро рӯирост гуфта натавонем ва мо мехоҳем, ба таври ҳаҷвӣ андешаҳои худро ба таври ҳаҷвӣ доир ба онҳо баён намоем."
Бюллетени "Чароғи Озодӣ" дар ҳоле рӯи чоп меояд, ки нашрияи дигари махсуси ҷавонон - "Зиндагӣ" низ баъди танаффуси якҳафтаина дубора дастраси хонандагон гардид. Ин ҳафтанома пас аз нашри шумораи аввала бо маъмурияти чопхона мушкил пайдо кард. Шумораи дуюми ин нашрия, ки дар ҳаҷми 2000 нусха ба чоп расида буд, аз ҷониби кормандони он оташ зада шуд. Хуршеди Атовулло - сармуҳаррири ин нашрия дар ин маврид мегӯяд: "Баъди он ки мо ба баъзе аз сарварони чопхонаҳо фаҳмонидем, ки мо ғарази сиёсӣ надорем ва ҳадафи мо фақат инъикоси рӯзгори ҷавонони кишвар, донишҷӯёни Тоҷикистон мебошад, онҳо розӣ шуданд, ки шумораи навбатии рӯзномаро интишор кунанд."
Аз сабабе ки бо нашри "Чароғи Озодӣ" ҷавонон мехоҳанд, ба мавзӯъҳои сиёсӣ дахолат намоянд ва дар ин маврид фикрҳои худро озод баён кунанд, Хуршеди Атовулло аз таҷрибаи худ мегӯяд, аз эҳтимол дур нест, ки ин нашрияи нав ҳам дар оянда бо фишор рӯ ба рӯ шавад. Феълан дар Тоҷикистон ба ғайр аз нашрияи "Зиндагӣ", ки ҳамчун минбари ҷавонон эълон шудааст, расман боз нашрияи "Ҷавонони Тоҷикистон", органи Кумитаи кор бо ҷавонони назди ҳукумат фаъолият мекунад.

Раиси бозор бояд фавран иваз шавад боварии комил дорам, ки аз ин ҳолати нангин Ҷаноби олӣ бохабар шуда чораи онро ҳатман мебинанд.
Чихеле кунанд накунанд бар зарари мардуми камбагал.беинхам бачахои вазифадоро намераванд ин як рохи даромади вазифадоро...
Ҳай-ҳай офитсери КГБ - Путин аз хони муғул ҳам гузарондӣ-да.... Барои ҳамин Элбосиву Гурбангуливу дигар диктаторҳои дигар аз ту ёд гирифтаанд. Мо ҳам дар Тоҷикистон аз дусто шумоҳо калбосиҳо дар азобем! Ту ҳамаро ба занҳову хешонат тақсим кардаӣ, дигар диктаторчаҳо ҳам ба писару язнаву хешу табору ҷӯраҳо.... Таърих ба шумо магар дарс нашудааст??? Аз Саддому Гитлеру аз Каззофӣ сабақ нагирифтед????
Ин расмхо мисли захролудшавии булачаби Навалний расмхои булачаби бенизом мебошанд.
бозорхои Точикистона бо фурухтани ним метрию як метри чунон танг кардаанд, бозори Фаровони ш.Бохтар гирди бозор дар чои пиёдагард лимон фурушу хот дог фуруш мардум бо рохи мошин рох мераванд. назорат нест, санчиш нест