Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сӯистифода аз нерӯи кори ҷавонон ва ноилоҷии онҳо


Адами имтиёзҳои иҷтимоӣ боиси он гаштааст, ки меъёри истироҳату кори ҷавонон халал ёбад - манзур ҷавононе аст, ки дар сохторҳои давлативу байналмилалӣ кор мекунанд. Аз як тараф бо назардошти бекории зиёд ва дар муқоиса бо теъдоди аъзами бекорони ҷомеа, ин ҷавонон шахсони хушбахт ва ё муваффақ медонанд ва аз ҷониби дигар маҳз бекорӣ ва сатҳи пасти иқтисоди боиси сӯистифода шудани қувваи кории ҷавонон гаштааст.
Ҳабибулло Раҷабов - корманди вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ мегӯяд, тибқи Кодекси меҳнати Тоҷикистон соатҳои кории зерин барои кордеҳ ва иҷрокунандагон муайян шудааст: "Рӯзи корӣ панҷ рӯз муайян шудааст, аз душанбе то ҷумъа, рӯзи шанбеву якшанбе рӯзи истироҳат аст. Ба ғайр аз ин як соат дар байн вақти дамгирӣ аст, вақти корӣ дар шартномаи миёни корохонаву коргар аст ва он аз соати 8 то 5 муайян шудааст. Агар коргар иловагӣ кор кунад, корхона бояд музди иловагӣ диҳад."

Насли калонсол давраи ҷавониашонро ҳамчун айёми тиллоӣ ба ёд меоранд, зеро мегӯянд онҳо, ҳангоми таҳсил фориғ аз ҳама гуна ташвишҳои зиндагӣ буданд ва ҳукумат ба қадри кофӣ барояшон ғамхорӣ менамуд. Аммо имрӯз наврасону ҷавонон ба хотири зинда мондан ва аз гуруснагӣ наҷот додани наздиконашон мубориза мебаранд. Каюмарси Ато - корманди нашрияи "Рӯзи Нав", ки худаш дар баробари таҳсил кор мекунад, гуфт: "Донишҷӯи соли сеюм ҳастам ва се аст, ки истироҳатро намедонам, дар хаёли он ҳам нестам, ки бояд истироҳат кунам. Рухсатии меҳнатӣ гирифтан ҳам намехоҳам, зеро барои ман пул даркор аст, зиндагӣ намегузарад."

Каюмарс меафзояд, дар ин синни ҷавонӣ аз кори зиёд ва таҳсил хаста шудааст. Аммо мегӯяд ӯ, баъзан худро маҷбур мекунад, то ки кор кунад, ба хастагияш аҳамият надиҳад, зеро меафзояд вай, ҳоло вақти истироҳат нест: "Аз соли 1990 аст, аз замони кӯдакӣ то имрӯз азият мекашем, барои ёфтани як бурида нон ва гумон мекунем, ки бисёр хаста шудем, ҷисми мо ниёз ба табобат дорад. Аммо барои ин ҳам пул надорем, барои аққалан аз назари табиб гузаштан ҳам. Баъзан ҳис мекунам, ки пойҳоям дард мекунанд, бисёр хаста шудаам, лекин дигар илоҷ нест ва тавре Фарзона мегӯяд: "Вале бибояд буд, вале бибояд зист", яъне ба умеди зистан дигар ҳеҷ чиз."

Сӯистифода аз нерӯи қувваи кории ҷавонон ва нақзи ҳуқуқи онҳо дар сохторҳои давлатӣ, ки болои кори зиёд музди ночиз медиҳанд, дар созмонҳои байналмилалӣ низ фаровон мушоҳида мешавад. Акрам Абдуқаҳҳоров -мураббии яке аз созмонҳои байналмилалии муқими Душанбе гуфт, ҷавонони тоҷик, ки ғолибан барои маош кор мекунанд, аз тарси аз даст додани ҷойи кор ва ё бархӯрди нохуби раҳбарият омодаанд, соатҳои изофиро аз ҳисоби худ, дар рӯзҳои истироҳату ҷашнҳои расмӣ ба фоидаи корхона масраф намоянд, ки ин қурбонии онҳоро раҳбарият аслан нодида мегирад, ё ҳатто сӯистифода мекунад: "Ҷавонони мо ба сатҳи иқтисодии Тоҷикистон назар карда, аз он метарсанд, ки ҷойи корро аз даст медиҳанд. Ин онҳоро водор месозад, ки ба корҳои барзиёде, ки ташкилот ба ӯҳдаи ӯ мегузорад, ягон гап гардонӣ накарда, онро иҷро кунад. Дар хориҷа ин чиз дида намешавад, чунки дар хориҷа ҷавонон ҳуқуқу кори худро нағз медонанд."

Мусоҳибони ман гуфтанд, новобаста аз коре, ки дар созмонҳои байналмилалӣ талаб менамоянд, маоши он ба ҷавонон бо назардошти вазъи Тоҷикистон, кам пардохт мегардад. Талабшо Муқимов - раҳбари барномаи "Мубоҳиса"- и яке аз созмонҳои хориҷӣ мегӯяд: "Маоше намегиранд, ки ба сарфи қувваи онҳо ё дониши онҳо арзанда бошад." Равоншинос Сайфиддин Расулов мегӯяд, ҳангоми наврасӣ ва ҷавонӣ ба корҳои беш аз ҳад вазнини ҷисмониву фикрӣ машғул шудан паёмадҳои нохуб дорад: "Вақте ин чиз такрор меёбад, ӯ рӯҳан монда мешавад ва баъд аз ин агар кори ҷисмонӣ ҳам бошад вай фаъолияташро барои он равона карда наметавонад."

Сайфиддин Расулов ҳамчунин гуфт, «ҷисм хонаи рӯҳ аст ва хастагии ҷисм боиси ранҷурии рӯҳӣ мегардад.» Ба гуфтаи равоншинос, вақте шахс бидуни истироҳат ҷисмашро аз меъёр зиёд кор мефармояд, боиси афсурдагӣ ва вайроншавии фаъолияти узвҳои бадан ва албатта рӯҳияи инсон мегардад. Аммо равоншинос мегӯяд, агар дар ҷойи кор як муҳити созанда ва солим вуҷуд дошта бошаду маҳсули кори коргар ба ӯ писанд бошад ва ин кор низ тӯлониву дилгиркуаннда набуда як меъёри муайян дошта бошад, баръакс боиси рушди маънавиву ҷисмонии шахс мегардад.
XS
SM
MD
LG