Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Агар муҳоҷим зан аст, пас ӯ қотилест, ки худ қурбон шудааст."


Аз мисолҳои тозатарин, дар таркиши ду ҳавопаймо дар фазои Русия дар ду ҳафтаи пеш ва инфиҷори истгоҳи метро дар Маскав гумонбарҳои аслӣ занон дониста мешаванд. Дар фоҷиаи Беслан низ ду зан ширкат дошт.
Гуфта мешавад, акнун занҳо силоҳи аслии гурӯҳҳои террористӣ дар роҳи расидан ба аҳдофи сиёсӣ гардидаанд. Ин гурӯҳҳо аз номи Ислом баромад мекунанд. Вале Ислом ҳар гуна террорро маҳкум мекунад, мегӯяд домулло Абдулбасир Саидов - сархатиби масҷиди «Шоҳмансур»-и шаҳри Душанбе:
«Касе шахси бегуноҳеро мекушад, гӯё, ки мардуми тамоми рӯи заминро кушта бошад. Яъне, гуноҳаш дар назди Худованд ба баробари куштани тамоми мардум аст. Касоне, ки ба ноҳақ зулму ситам мекунанд ба мардум дар рӯи замин, барои онҳо дар рӯзи қиёмат азоби дарднок аст.
Ба ёд биёрем, фармудаҳои паёмбари Ислом (с)-ро, ки вақте ёронаш ба ҷанг мерафтанд, тавсия мекард, ки «ва ло тақтулу-м- ра-атан ва ло сағиран ва ло басиран фониян ва ло тақтаъу шаҷаран ва ло таҳдиму биноан», яъне, занону кӯдакону мӯсафедонро накушед, дарахтонро набуред ва биноҳоро хароб накунед»
Ва аммо, меафзояд домулло Абдулбасир, даъвоҳои ин гурӯҳҳо дар мавриди иҷрои аҳкоми исломӣ дар асл иртибот ба дини Ислом надорад:
«Акнун сад афсӯс, ки баъзе ашхоси зулмпеша худро ба Ислом нисбат медиҳанд, Исломи покро бадном мекунанд ва чунин амали нораворо иҷро мекунанд.»
Вале зан, ки на танҳо дар мамолики ба истилоҳ саввум, ҳатто миёни бархе аз сокинони кишварҳои рушднамудаи ҷаҳон ҳамчун заъифа шиноха мешавад ва ин ки вазифаи аслии зан идома ва ҳифзи насли одамизод маҳсуб мегардад, на қатъи он, чаро ӯ дар роҳи муборизаҳои мусаллаҳона ва бераҳмонаи сиёсӣ ба ҳайси силоҳи аслӣ истифода мешавад?
Як зани тоҷик, ки худро Хадича муаррифӣ намуд, дар ин робита гуфт: «Ман инро ҳеҷ тасаввур карда наметавонам, ки занҳо террорист ҳастанд. Наход, ки модар ба ҳамин роҳи одамкушӣ равад. Шояд қасос гиранд, лекин мумкин аз рӯи пулу чиз ҳам шахсоне ёфт мешаванд, ки чунин рафтор мекунанд.»
Ин аст, ки ба ақидаи мардум, агар зан ба болои ҳама урфу одат ва қавоиди ҷомеа по бигзорад, пас ӯ ин корро ҳамчун охирин роҳи ҳал ва аз ночорӣ мекунад. Муҳаққиқи ғарбӣ, Клара Бейлер, ки вокуниши ҷомеа ба ҳаводиси террористиро тадқиқ намудааст, чунин дарёфтааст, ки зани маргталаб дар назари мардум ба нишони яъсу ноумедӣ ҷилва мекунад, на қотили сангдилу хунсарди шаҳрвандони бегуноҳ. Агар зан ба нишони эътироз ба террор даст занад, ба ақидаи муҳаққиқ, меҳвари баррасии васоити ахбор он хоҳад буд, ки чӣ чизе ин занро водор ба ин амал сохтааст, на он ки натиҷаи амали ин зан чӣ шуд. Яъне, агар муҳоҷим зан аст, пас ӯ қотилест, ки худ қурбон шудааст ва мебоистӣ ба дардҳои дили ӯ гӯш дод.
Сабаби дигари ҷалби занон ба амалҳои террористӣ тақвияти чораҳои амниятӣ пас аз ҳуҷумҳои 11 сентябр мебошад. Ва маъмулан, хавфи бештар аз мардони чеҳраи шарқидошта буд. Ақидаи майли камтари занон ба зулму куштор ва зарар ба мардум ва ҳамчунин адами хоҳиши мақомоти амнӣ барои кофтукоби зани мусалмон, ин тарзи муборизаро бисёр ҳам муассир мегардонид.
XS
SM
MD
LG