«Дам нагир, бачаи деҳқон», «Бригада чаро ба Душанбе омад?», «Маршировка», «Номаи шоҳиди марги Муқаддас», «Ҷавонии маро кӣ дуздид?», «Инқилоб ва таҷовуз». Ин аст матолиби нахустин шумораи нахустин ҳафтаномаи мустақили вижаи ҷавонон дар Тоҷикистон, ки ба солгарди истиқлоли кишвар мусодиф афтодааст. Ҳафтаномаи «Зиндагӣ» бояд ки дили ноумедшудаи ҷавононро ба зиндагӣ гарм намояд, мегӯяд сармуҳаррири он Хуршеди Атовулло.
Ӯ меафзояд, ҳафтаномаи тозатаъсис минбари ҷавонон аст ва зиндагии ин қисми аъзам ва аммо ба истилоҳи Хуршед, беҳуқуқтарини ҷомеаи Тоҷикистонро инъикос мекунад. Ба гуфти ӯ, ҷанги шаҳрвандиро насли ба ақлу сол калонтар андохт ва хуни ҷавонон рехт. Иқтисодро насли калонсол фалаҷ кард ва ҷавононро водор намуд, то барои дарёфти ризқи оилаашон ғурбатро ихтиёр намоянд. Ва акнун ҳафтаномаи «Зиндагӣ» зиндагии имрӯзаи ҷавонони тоҷикро дар сафҳаҳои хеш мунъакис мегардонад. Хуршеди Атовулло мегӯяд, мавзӯъи аслии матолиби «Зиндагӣ» вазъ ва мушкилоти иҷтимоии ҷавонон мебошад:
«Масалан, агар Шумо шумораи якумро варақ занед, мебинед, ки бисёре аз ҷавонон аз он ки ҷавонии худро эҳсос намекунанд, шикоят кардаанд. Омили ин чиз дар чист? Барои чӣ онҳо ҷавонанду вале худро аллакай ҷавон намешуморанд, як каси пиршуда, як каси дар пайраҳаи зиндагӣ аллакай ба як марди калонсол бадалшуда ҳисоб мекунанд»
Ин навишта, ки «Ҷавонии маро кӣ дуздид?» ном дорад, ба қалами донишҷӯ Фарангиси Музаффар тааллуқ дорад. Фарангис мегӯяд: «Дар шароити имрӯза ҷавонии худро гузаронида наметавонанд. Онҳо маҷбуранд, ки аз ҳамин чаҳорчӯба набароянд. Ҳамин хел шудагӣ, ки бояд ба ин итоат кунанд. Аз ҳамин проблемаҳо баромада наметавонанд.»
Ва аммо ба андешаи донишҷӯи дигар, котиби масъули ҳафтанома Камоли Саид, ҳафтаномаи онҳо талош хоҳад кард, то дар дили ҷавонон як боварие ба ояндаи нек ва рӯшан пайдо шавад:
«Дар ин ҷо шояд вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ низ тасир дорад, ки аксари ҷавонон худро ноумед меҳисобанд. Вале фикр мекунам, ин як чизи муваққатӣ аст ва бо мурури замон аз байн хоҳад рафт. Ва мо ҳам кӯшиш мекунем, ки барои дар дили ҷавонон боз як рӯҳияеро пайдо кардан саҳм бигзорем.»
Кормандони ҳафтаномаи «Зиндагӣ» бештар ҷавонони донишҷӯянд, ки дар дигар нашрияҳои серхариди ба мисли «Рӯзи Нав» ва «Нерӯи Сухан» таҷриба андӯхтаанд. Сармуҳаррири ҳафтанома Хуршеди Атовулло мегӯяд:
«Аслан, ҳайъати эҷодии мо донишҷӯёнанд. Инҳо ҳама рӯз дар миёни ҷавонон ҳастанд ва ҳамон мушкилоте, ки ҳамсолони онҳо доранд, инҳо ҳам доранд. Ба ҳамин хотир ман бовар дорам, ки ин ҷавононе, ки мо ҷамъ кардем, аз ӯҳдаи он мебароянд, ки зиндагии воқеъии ҷавонони кишварро инъикос карда тавонанд.»
Ва аммо матолиби «Зиндагӣ». Ҳафтанома ба мисли аксари дигар нашрияҳои мустақил дар шонздаҳ саҳифа ба табъ расидааст. Дар шумораи нахустини он дар бораи маршировкаи иҷбории донишҷӯён матлабе нашр шудааст, ки ҳам аз лиҳози моддӣ зарарашон мерасонидааст ва ҳам монеъи рушди бештари маърифатии донишҷӯён мегардидааст. Мақолаи дигар аз он мегӯяд, ки бидуни истироҳат ва ба корҳои вазнину сангини ҷисмонӣ машғул будани ҷавонон ба саломатии онҳо, ба саломатии қисми бештари як насли комили ҷомеа ва дар пай ба саломатии кулли ҷомеа зарари ҷиддӣ мерасонад.
Навиштаи дигаре бо номи «Жакон» оид ба нақши як зумра сиёсатмадорон ба мисли Аслиддини Соҳибназар, Бозор Собир, Ҳоҷимуҳаммад Умаров, Додоҷони Атовулло ва дигарҳо дар олами сиёсии кишвар ҳарф мезанад. Шумораи нахустини «Зиндагӣ» дар нашриёти мустақили «Каримҷон Қодирӣ» чоп шудааст ва ба гуфти Хуршеди Атовулло, ӯ аввал барои нашри ин шумора ба «Шарқи Озод» муроҷиат карда буд, вале ба ӯ гуфтаанд, якчанд шумораашро дар дигар ҷо нашр намояд, то баъдан пас аз мутолиаи матолиби ҳафтанома масъалаи табъи он дар «Шарқи Озод»-ро баррасӣ кунанд.
Муассиси ҳафтанома иттиҳодияи ҷамъиятии ғайридавлатии «Бунёди Хирад» аст, ки мудири он Қурбоналӣ Хӯҷамов низ журналист ва собиқ раиси телевизиони Тоҷикистон дар замони Сайф Раҳим буд.

Рост гуфтед бехтараш салафию доишихоро ихроч кунанд аз ватанамон чунки зарараш зиёдтар ба чомеъа баракси инхо
Шахсоне ки дар комментария менависан ки дохил шудани Тоҷикистон ба иттиҳоди авруосиё ба манфиати Тоҷикистону милати Тоҷик аст хуб бародаро ма тарафдор лекин як чизро намефаҳмам ягон давлате ки ба ҳамин итиҳод ворид шудааст иқтисодаш шикастааст ва қарзи хориҷии ҳамин аъзозои иттиҳоди авруосиё дар замони дар ҳамин итиҳод буданашон боло ба маротиб боло рафта истодааст аз ин маълум мешавад ки аъзои ин созмон будани Тоҷикистон ба миллат фоида надорад ва ба истиклолияти мо халал ворид мекунад
Коршинос бисер афсона нагу дуне бесоҳиб аст дар як ҳафта Тоҷикистон аз харитаи дунё нобуд мешудааст кампирои ғайриштатии қишлоқ борин афсона бузаки ҷингилапоро гуфтанро дуст медори
Дар Точикистон хамаи ракамхо изофаанд
Озоди гапа кушоди шархи қурбонбойа махфи нигоҳ надор суханҳои навишташуда сад фоиз ҳақиқат аст. Агар чоп накуни аз озоди ҳам бовар нест