Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷавонон ва 13 соли истиқлоли Тоҷикистон


Муҳиддин Кабирӣ - ноибраиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бар ин назар аст, ки як иллати дигари сиёсатпарҳезии ҷавонон фориғболии онҳо, афзал донистани ҳаёти тафреҳӣ аз ҷамъиятӣ маҳсуб мегардад. Ба гуфти ҷаноби Кабирӣ, ин ҳол бештар миёни ҷавонони пойтахт мушоҳида мешавад. Дилбар Самадова - раиси бахши суғдии Ҳҳизби сотсиал - демократии Тоҷикистон дар як тамоси телефонӣ аз шаҳри Хуҷанд ба барномаи "Ояндасоз" гуфт, омили аслии дурии ҷавонон аз сиёсат вазъи душвори иқтисодӣ ва бар дӯши бештари ҷавонон будани бори вазнини зиндагӣ мебошад.
Ва аммо сиёсати давлатии Тоҷикистон нисбат ба ҷавонон чӣ гуна аст? Ғайбулло Икромов - сардори идораи тарбияи ҳарбӣ- ватанпарастӣ ва фарҳангии Кумитаи кор бо ҷавонон мегӯяд, соли 1992 қонуни вижа дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон қабул шуда буд, вале то соли 1997 татбиқи амалии он ба талабот посух намегуфт. Муҳиддин Кабирӣ сабаби инро дар вазоифи муҳимтарин назди давлат буда медонад. Ва аммо пас аз имзои созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ ва таъсиси Кумитаи кор ба ҷавонон, мегӯяд Ғайбулло Икромов таваҷҷӯҳи давлат ба ҷавонон бештар шуд. Ҷаноби Икромов ба нишони далел таҳияи барномаҳои вижаи давлатиро мисол меорад:
«Таҳия ва қабули Барномаи миллии Тоҷикистон, ки яке аз барномаҳои бисёр муҳими давлатӣ ба шумор меравад, барномаи давлатии тарбияи ватанпарастии ҷавонони Тоҷикистон, қабули қонуни нав, қонуни ҶТ дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон..»
Муҳаммадзоҳир Ҳабибов - узви Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон мегӯяд, яке аз самтҳои аслии сиёсати давлат нисбат ба ҷавонон, таваҷҷӯҳ ба донишандӯзии онҳо мебошад:
«Ҷоизаи Исмоили Сомонӣ барои ҷавононе, ки дар соҳаи илму техника фаъолият доранд, ки маблағи он ба 500 аққали музди меҳнат баробар аст, квотаи президентӣ барои духтарони деҳот, ки аз дигар минтақаҳои дурдасти ҷумҳурӣ омада дар маркази шаҳр таҳсил мекунанд.»
Вале Дилбар Самадова - раиси бахши суғдии Ҳизби сотсиал - демократии Тоҷикистон мегӯяд, ҳарчанд аз минбарҳои баланд мегӯем, ҷавонон фалону фалон, аммо ба назар мерасад, ки барояшон ҳеҷ коре намекунем:
«Сафи ҷавонони мӯътод, муҳоҷир, бекор, узви Ҳизби Таҳрир афзоиш ёфтааст.»
Муҳиддин Кабирӣ - муовини раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон лаби таассуф мегазад, ки на ҳукумат ва на ҳизбу созмоне барномаҳои мукаммали ҷалби ҷавонон ба ҳаёти сиёсиву иҷтимоии кишварро рӯи даст надоранд. Ба гуфтаи ҷаноби Кабирӣ, аз ин халои маърифатии ҷавонон аҳзобу созмонҳои радикалӣ, ба мисли Ҳизби Таҳрир метавонанд истифода баранд: «Бадтар он аст, ки мо ҷавононро дар синни наврасӣ, ҷавонӣ ба сиёсат одат намекунонем ва онҳо баъдан дар чилсолагиву панҷоҳсолагӣ ба сиёсат ворид мешаванд, ки аслан дигар давраи онҳо гузашта ва бӯе намебаранд аз сиёсат, ин хатарноктар аст.»
Дар ҳоле, ки аксарият мепурсанд, тӯли сенздаҳ соли истиқлол ҳукумат барои ҷавонон чӣ кор кард, мо аз чанд ҷавони тоҷик суол намудем, шахсан худи шумо барои Тоҷикистон чӣ кор кардед?
«-Чӣ кор кардам, ҳеҷ чиз,
-Ман ҳозир дар донишгоҳи тиббӣ таҳсил мекунам ва иншоаллоҳ, дар оянда ҷарроҳ шуда барои мардум ва кишвари худ хизмат мекунам.
-То ҳозир ҳеҷ кор. Ман донишҷӯ ҳастам ва ҳозир бояд ҳукумат барои манн хидмат кунад. Ин вазифаи ҳукумат аст.»

Дар ҳамин ҳол, аксари ҷавонон интизори давлат нашуда худ ба тиҷорат, соҳибкорӣ, таъсиси созмони ҷамъиятие даст мезананд ва ё барои таъмини оила ба Русия мераванд.
Ва аммо куллияи коршиносон бар ин ақидаанд, ки ҷалби бештари ҷавонон ба ҳаёти сиёсии кишвар танҳо бар манфиати кор, ба нафъи кишвар аст ва барои рушди зудтар мусоидат мекунад.
Ҳамчунин, ин амал метавонад, ҷавононро аз фориғболиву танбалӣ, аз тарс аз ояндаи торику норӯшан, аз доми созмонҳои радикалӣ раҳо бахшад.
XS
SM
MD
LG