Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нурӣ: "Сулҳи тоҷиконро заъиф мекунанд."


Абдуқайюми Қайюмзод аз шаҳри Душанбе

Сайид Абдуллоҳи Нурӣ - раиси Ҳизби наҳзати исломӣ ва сарвари пешини Комиссияи оштии милли Тоҷикистон вуқӯи даргириҳо миёни нирӯҳои давлатӣ ва бозмондагони размандаҳои собиқи нирӯҳои мухолифи давлатро дар минтақаи шарқи Тоҷикистон паёмади сиёсати нодурусти мақомот унвон кард.
Вай гуфт: "Он ҳодисаҳо аз сабаби тасмимоти нодурусту ғайрихирадмандонаи иҷрокунандагони фармон (аст), яъне онҳо вақте ки барои анҷоми кадом коре дастур мехоҳанд, ки бигиранд, масалан барои дастгир кардани кадом ҷинояткоре ба ҷои салла калларо мехоҳанд, ки бигиранд. Дар шарқи Тоҷикистон ҳам ин ҳодисаҳо ба ҳамин хотир ба вуҷуд омадааст ва ин минтақа ба минтақаи норозикунанда табдил ёфтааст."
Оқои Нурӣ афзуд, ки афзоиши мавориди фишор ва таъқибу боздошти фармондеҳони Иттиҳоди мухолифини пешин ва ҳамин тавр Ҷабҳаи миллии Тоҷикистон аз сӯи мақомоти интизомии кишвар боиси нигаронии ҷомеа ва халалдор шудани раванди сулҳи тоҷикон мегардад.
Раҳбари Ҳизби наҳзат, ки ба думболи вохӯрии роҳбарони аҳзоби сиёсии кишвар бо Ян Кубиш - дабири кулли Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо дар Душанбе шоми рӯзи 6 сентябр як мулоқоти хоси нимсоата бо ӯ доштааст, гуфт, ҳамзамон бо матраҳ кардани мавзӯоти якҷониба ва бидуни дарназардошти пешниҳодоти аҳзоби мухолиф таҳия ва қабул шудани Қонуни интихобот аз сӯи Маҷлиси намояндагон ва бо далоили мухталиф ҷилавгирӣ кардани чопи нашрияҳои озод, мушкилоти мавҷуд дар қиболи фармондеҳони пешинро низ дар миён гузоштааст:
"Масъалаи дигар масъалае, ки дониставу надониста бамаврид ва бемаврид дастгир кардан ва фишор овардани собиқ касоне, ки ба ин кишвар сулҳ оварда буданд. Яъне он қумандононе, ки сулҳро шунидану силоҳҳояшонро ба замин гузоштанду омаданд."
Саид Абдуллоҳи Нурӣ гуфт, вай бар ин бовар аст, ки ҳоло доираҳои муайяне дар ҳукумати Тоҷикистон даст ба иқдомоте мезананд, ки хилофи сиёсати Эмомалӣ Раҳмонов - раиси ҷумҳури Тоҷикистон мебошад. Вай гуфт, мӯътақид аст, ки мавриди фишору таъқиб қарор гирифтани фармондеҳони ҳарду тараф ва ҳамчунин боздошт ва ба зиндонҳо кашонидани размандагони пешини мухолифи тоҷик бе ризоият ва огаҳии комили роҳбарияти сатҳи аввал ҷараён дорад: "Сиёсати президент ҳамин тавр буд, ки дар мушкилаи аввале, ки нисбат ба Муҳаммадрузӣ ба вуҷуд омада буд, (дар робита ба ӯ) Муҳаммадрузӣ Искандаров президент бисёр роҳи хирадмандонаро пеш гирифт ва онҳоро баргардонд, омада кор карданд. Вале дар ин навбат аз боздошти наздикони вай шурӯъ кардааст ва ин албатта тарсро дар худи вай, ки ҳоло дар кишвар нест эҷод мекунад Фикр мекунам, ки ин барои ояндаи кишвари мо хуб нест."
Оқои Нурӣ афзуд, қумандонҳои собиқи ҳарду тарафи даргир, ки ба маҳзи ризоият ва ҳамдигарбахшии онҳо дар кишвар сулҳу салоҳ ва фазои амну субот фароҳам шудааст, то ба охир наметавонанд, фишору таъқибро таҳаммул кунанд: "Агар инҳоро зери фишор биёранд ин боис мешавад, ки мо мумкин аст, ки сулҳро хатчадор кунем, мутазалзил бисозем, заъиф бисозем. Бинобар ин ман агар қудрати дифоъ дошта бошам, аз ҳар ду ҷониб дифоъ мекунам."
Сайид Абдуллоҳи Нурӣ - раиси Ҳизби наҳзати исломӣ ва сарвари пешини Комиссияи оштии милли Тоҷикистон гуфт, дар пешорӯи ҷашни истиқлолият ва ҳамчунин омодагиҳо ба интихоботҳои қарибулвуқӯъ дар кишвар ноором кардани вазъият дар минтақаи шарқи Тоҷикистон заҳматҳои кашидаи ҳарду тарафи қазияи сулҳи тоҷикон, кишварҳои нозир ва созмонҳои байналмилалиро коҳиш медиҳад. Вай афзуд, ба ҳар қиммате бошад, аз шароити созишномаи сулҳи тоҷикон, вале танҳо аз роҳи сиёсӣ дифоъ хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG