Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ватани Рӯдакӣ дар ҷашнвораи байналмилалии китоб ҳузур надорад


Муҳаммадраҳими Сайдар аз Маскав Дар бистуҳафтумин намоишгоҳи байналмилалии китоби Маскав, бо ширкати 80 кишвари ҷаҳон, ягона асаре, ки номи Тоҷикистонро ба ёд меорад, як муҷаллад китоби чопхонаи Можайски Русия аст.

Ба гуфтаи мудири бахши тавлидии чопхона, Наталя Журавлева, ин китоб, ки «Дурнамои рушди Тоҷикистон» ном дорад, маҳз барои намоишгоҳ чоп шудааст: "Китоби «Дурнамои рушди Тоҷикистон», рисолаи донишманди тоҷик Бӯрӣ Каримов дар охирин рӯзҳои моҳи август, дар остонаи ифтитоҳи намоишгоҳ дар заминаи ҳамкорӣ бо интишороти "Интрансдорнаука"- и Маскав чоп шуд. Мо бо ин нашриёт ҳамкории чандсола дорем ва барои Тоҷикистон наздик ба 40 китоб чоп кардаем. Феълан як барномаи густурдаи дигар ҳам пеши рӯ дорем, ки иборат хоҳад буд аз чопи китоби дарсӣ барои Тоҷикистон."
Аммо феълан ба ҷуз Тоҷикистон дар намоишгоҳи китоби Маскав дигар ҳамаи кишварҳои муштаракулманофеъ ширкат доранд. Аз ҷумла, ҳамсояҳои наздики Тоҷикистон, Қирғизистон, Узбакистон ва Туркманистон бо ташкили майдончаҳои намоишии вижа охирин дастовардҳои чопии худро ба маърази тамошо гузоштаанд. Аммо дар ин намоишгоҳ, ки ба гуфтаи Геннадий Кузминов беш аз 2700 намояндагӣ аз 80 кишвари ҷаҳон ширкат дорад, аз Тоҷикистон касе намояндагӣ намекунад.
Оқои Кузминов намояндаи расмии намоишгоҳ хабар дод: "Тоҷикистон дар шумори дигар давлатҳо ба намоишгоҳ даъват шуда буд, вале ҷавоб дарёфт накардем."
Ба эътиқоди Кузминов, Тоҷикистон агар моли чопии арзишманд медошт, ширкат мекард. Аз дигар кишвари форсигӯи минтақа, Афғонистон низ дар намоишгоҳ намоянда надорад. Танҳо Эрон аст, ки намунаҳои чопии худро дар се майдонча таҳти унвони «Аҳли байт» муаррифӣ кардааст.
Муҳаммадтақии Ансориён, намояндаи ноширони Эрон дар бораи намоишгоҳ гуфт: "Аксари китобҳо мазҳабӣ ҳастанд."
Дар ҳамсоягии Эрон намунаҳои китобҳои кишварҳои арабӣ, аз ҷумла Арабистони Саудӣ ва Миср ба тамошо гузошта шудааст, ки аз улуми диниву дунёвӣ хабар медиҳанд.
Намоишгоҳи байналмилалии китоб, ки дар Маскав ҳарсола дар оғози тирамоҳ баргузор мешавад, ҳамзамон ба намоишгоҳ будан, ҳамчунин бозори бузурги китоб низ ҳаст, ва фавҷи бузурги китобдӯстон аз ҳама риштаҳои илму фан, дар ҷустуҷӯи китоби нав ба намоишгоҳ мерезанд. Имсол ба намошгоҳи Маскав 150 ҳазор китоби тозаинтишор ворид шудааст.
Вуруд ба намоишгоҳ 60 рубл ва ё муодили ду доллар аст ва алоқамандони китоб билети намоишгоҳро бо сарфи тӯлонии вақт дар навбат дарёфт мекунанд ва пас аз он ҳам барои даромадан навбат мепоянд. Китобхарӣ ҳам навбат дорад. Дар яке аз чунин навбатҳо як нафар харидор гуфт, пайдо кардани китоби хуб, ки инсонро убур бидиҳад, барои ман ид аст.
Китоб дар зиндагии мардуми рус аз ҳар чизи дигар муқаддамтар аст. Ба ин маънӣ Иосиф Бродский нависандаи нобелдори рус гуфтааст: "Мардуми русро китоб миллат кард."
Бино ба мушоҳидаҳои шахсӣ дар Маскав аз 12 нафаре, ки дар ду курсии метро менишинад, ба ҳисоби миёна 8 нафар мутолиа мекунад. Дар Маскав дар паҳлӯи супермаркет ва гипермаркети хӯрокворӣ мағозаҳои ҳамсони китоб зиёд мешавад. Китобфурӯшӣ дар бизнес ва ё сармояи миёна мақоми авал касб кардааст. Дар Русия беш аз 700 интишорот китоб чоп мекунад. Соли гузашта дар ин кишвар 740 милион ҷилд китоб чоп шудааст.
Дар Маскав дар як базми зодрӯз як нафар зимни нӯшбод, ба соҳибҷашн орзу кард, ки ҳар китоби тоза, ки дар ҷаҳон нашр шавад, моли ту бошад. Вай дар китоби ҳадя ба зодрӯз навишта буд: "Дар қарни 21 ҳам беҳтарин тӯҳфа китоб аст."
XS
SM
MD
LG