Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маъракаи камбағалшавӣ, хонаҳои нав, фоизҳои гарон ва кишоварзони нотавон


«Рӯзи Нав» дар нашри махсуси худ матлабе дарҷ кардааст бо номи «Маъракаи ба истилоҳ «камбағалшавӣ». Дар он омадааст, пас аз боздошти Ғаффор Мирзоев хариду фурӯши амвол, аниқтараш ба номи дигар кас гузаронидан ва йо ҳадяи он аз тарафи сарватмандон ба хешу табори худ якбора ду маротиба зийод шудааст.
Хавфи сарватмандон аз пешомади торик ва пурсиши ногаҳонии «аз куҷо ёфтӣ?» будааст. Навишта шудааст, ки агар дар Тоҷикистон низ мехоҳанд усули пешгирифтаи расиҷумҳури Гурҷистон Саакашвилиро, яъне мусодираи ҳама амволе, ки ғайриқонунӣ ҷамъ шудааст, пиёда намоянд, пас бояд мисли Саакашвили дар утоқи оддии сеҳуҷрадори иҷора нишаст ва одамонро низ ба «худию бегона» набояд тақсим намуд.
Дар ҳамин ҳол, хонаи Ғаффор Мирзоев дар шаҳри Кӯлоб ҳудуди ним миллион доллар нарх доштааст. Ношири ин хабар «Бизнес и Политика» навиштааст, мақомоти тафтишотии Кӯлоб ҳамчунин аз дӯконҳои мутааллиқи Ғаффор Мирзоев ба маблағи тақрибан 80 ҳазор доллар мол, ду мошини боркаши «МАЗ», як «КАМАЗ», як мошини борбардори «МАРС КРАН», як мошини борбардори «ЗИЛ», панҷ трактор ва як мошини сабукрав ёфтаанд.
«Вечерний Душанбе» дар матлабе масрафоти буҷаи Тоҷикистонро ба баррасӣ гирифтааст. Муаллиф навиштааст, буҷаи Тоҷикистон дар соли 2004 аз рӯи даромадҳо ба маблағи 55 миллион сомонӣ афзоиш ёфтааст ва ҳудуди 3 миллиони онро андоз аз даромади инфиродии шаҳрвандон ташкил медодааст. Аммо дар мавриди масрафи ин 55 миллион-и зийодатӣ, 3 миллион сомонӣ ба сохтмони «Қасри Миллат» ва 2 миллиони дигар барои бинои иншоати мавсум ба «Б» тахсис шудааст. Барои маоши кормандони академияи улум 60.000 сомонӣ ва барои ниҳодҳои қудратӣ 3 миллион сомонӣ, ҳудуди 5 миллион барои соҳаи маориф ва тақрибан 2 миллион сомонӣ барои соҳаи тиб ҷудо шудааст. Аз он 55 миллион тақрибан 4 миллионаш барои идомаи сохтмони иншооти шаҳри Кӯлоб тахсис шудааст.
«Минбари Халқ» - нашрияи ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон хабар додааст, рӯ ба рӯи «Хонаи матбуот» дар Душанбе маҷмааи истиқоматии баландошёнаи «Пойтахт - 80» бунёд мегардад. Маҷмаа аз 79 хона иборат буда 35-тои он панҷҳуҷрадор ва яктои он 12 ҳуҷрадор хоҳад буд. Ҳукумати шаҳри Душанбе барои ин сохтмон ним миллион доллар тахсис додааст.
Мувофиқи хабари ҳафтаномаи «Тоҷикистон» тибқи лоиҳа барои сохтмони ин бино дар маҷмӯъ 23 миллион доллар масраф мешудааст. «Садои Мардум» хабар додааст, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ аз вилояти Хатлон ба миқдори 2,5 ҳазор тонна, ки баробар ба бештар аз 200 ҳазор доллар будааст, маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи кишвар интиқол шудааст. Дар шашмоҳаи аввали соли 2003 интиқоли маҳсулоти кишоварзӣ аз вилояти Хатлон ба хориҷа ҳамагӣ 74 тонна будааст.
Дар матлаби дигари «Садои Мардум» оид ба хоҷагии деҳқонӣ навишта шудааст, ҳосилнокӣ дар ин хоҷагиҳо нисбати хоҷагиҳои ҷамоавию давлатӣ бештар аст. Навишта шудааст, айни ҳол дар Тоҷикистон беш аз бист ҳазор хоҷагии деҳқонӣ буда соли гузашта ҳудуди 200.000 тонна ғалла ва беш аз 155 ҳазор тонна пахта истеҳсол кардаанд, ки мутаносибан 22 ва 30 дарсади истеҳсоли умумиро ташкил додааст. Аммо аз мушкилоти хоҷагиҳо адами дастрасӣ ба техника, сӯзишворӣ, нӯрӣ, доруҳои заҳрнок ва гирифта натавонистани қарз будааст. Фоизи қарз аз бонк 24-28 дар садро ташкил медиҳад ва соли гузашта танҳо 10 фисади хоҷагиҳои деҳқонӣ бо кӯмаки миёнарав аз бонк қарз гирифтаанду халос, хулоса кардааст матлаб.
XS
SM
MD
LG