Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Русия дар ҳар рӯзи моҳи июл ду муҳоҷири тоҷик фавтидаанд. Ҳам ҷавону ҳам пир, ҳам серфарзанду ҳам дар орзуи дидори маъшуқаҳо.


Ин навиштаи Бунафша ном ҷавондухтари тоҷик аст, ки дар ғами бародари ҷавонмаргаш месӯзаду сӯзишҳои дили худро дар қолаби назм ифода мекунад. Додари Бунафша Шодӣ ном доштааст ва дар синни бистучаҳорсолагӣ дар Маскав кушта шудааст. Бунафша мегӯяд, ба шумхабари қатли бародараш то ба ҳини дидани ҷасад бовар накардааст: «Се рӯз фақат роҳ нигоҳ кардем. Боз менишастаму мегуфтам, ки шояд дурӯғ бошад, то овардани ҳамин бачаро фақат мегуфтам, ки дурӯғ аст, дурӯғ аст, дурӯғ, дурӯғ, дурӯғ...Баъд аз он ҷо телефон карданд, ки Бунафшаҷон, худатро ба даст бигиру мард бош, шаҳатонро фиристодем, шаҳро қабул кунед...»
Садҳо модару хоҳар ва ҳамсару фарзанди ҷавонмардони дигари тоҷикро низ имрӯз алами фироқ аз фарзанду бародар ва шавҳару падар азоб медиҳад.
Шодибек Раҷабов - сардори ситоди раёсати корҳои дохилӣ дар нақлиёт мегӯяд, теъдоди ҷасадҳои ба кишвар воридшаванда сол аз сол афзоиш меёбад:«Дар соли 2002 - 328 нафар, дар соли 2003 - 407 нафар ва дар ҳафт моҳи сипаригаштаи соли 2004 - 229 нафар майит оварда шудаст ба ҷумҳурии мо. Аз ҷумлаи ин 229 нафар, 35 нафарашон тариқи куштор, 79 нафар дар натиҷаи ҳодисаҳои фавқулодда, 20 нафар бо ҳодисаҳои нақлиётӣ, 93 нафар бо сабабҳои касалӣ ва ду нафар бо сабабҳои номаълум ба ҷумҳурии мо интиқол дода шудаанд. Дар ҷамъи умум гирем агар, сабаби куштор қати дар ду солу ҳафт моҳ 199 нафар, ҳодисаҳои фавқулодда 290 нафар, ҳодисаҳои нақлиётӣ 110 нафар ва бо сабабҳои касалӣ 349 нафар шаҳрванди Тоҷикистон дар хориҷи кишвар фавтидаанд ва ба ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол дода шудаанд. Танҳо дар ҳамин моҳи июл 63 нафар майит интиқол дода шудааст.»
Тибқи арқоми раёсати корҳои дохилӣ дар нақлиёти вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон тӯли ду солу ҳафт моҳи ахир аз Русия ба кишвар тариқи ҳавопаймо ва қатора нӯҳсаду шасту чаҳор ҷасад интиқол гардидааст. Мувофиқи иттилоъи расмӣ яксаду наваду нӯҳ нафари онҳо дар Русия кушта шудаанд. Ва ин арқом ҳокӣ аз марги танҳо онҳоест, ки пайвандонашон имкон ёфтаанду ҷасадашонро ба Ватан бозгардондаанд. Музаффар Зарифов - роҳбари Маркази иттилоъот барои муҳоҷирони созмони ҷаҳонии муҳоҷират дар Душанбе мегӯяд, барои он ки як ҷавонмарди тоҷик дар маконе, ки хуни нофаш онҷо рехтааст, дар маконе, ки аёми тифлияш онҷо гузаштааст, ба хок супурда шавад, ба ҳисоби миёна 1000 доллари амрикоӣ лозим аст: «Фирмаҳое, ки дар Маскав ба ин кор машғуланд, нархҳояшон хеле баланд аст. Ҷасадро дар тобути чӯбин боз аз болояш тунука мекунанд. Ғайр аз ин, дар мурдахонаҳо ким-кадом доруҳоро дар бадани мурда мешаканд, ки вай зуд вайрон нашавад. Аз ҳамин сабаб, овардани як мурда аз ҳазор доллар зиёдтар меафтад.»
Музаффар Зарифов меафзояд, барои ҷамъоварии санадҳо ҳангоми интиқоли ҷасад низ мушкилоти зиёде пеш меояд. Ҷаноби Зарифов ба далели гуфтаҳояш гирифтани шаҳодатномаи маргро намуна меорад: «Шаҳодатнома дар бораи марг аст, аз мурдахона медиҳанд, бисёре аз онҳо нарха баланд бардошта медонанд, ки ҳамин шаҳодатнома хеле зарур аст, кашолкорӣ мекунанд ва маблағи зиёд талаб мекунанд.»
Гуфта мешавад, азбаски на ҳама пайвандони фавтидагон имкони ин гуна хароҷот ва даводавро доранд, манзили охирати бархе аз тоҷикписарон заминҳои сарди Русия мегардад.
«Орзуҳои ҷавонӣ, сад дареғ, бурда ба хок»
«Танҳо дар ҳамин моҳи июл шасту се нафар майит интиқол дода шудааст.»

Миёни ин мақтулону фавтидагон мардоне ҳастанд, ки дар хона ҳамсару фарзандонашонро дилреш гузоштаанд. Миёни ин мақтулону фавтидагон муҷаррадоне ҳастанд, ки ҷомаи шаҳӣ ба бар накардаву аз худ нишонае боқӣ нагузошта ин дунёро падруд гуфтаанд.
XS
SM
MD
LG