Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чеҳраи ҳафта: Рустам Бойбеков - муҳоҷири аз тири милисаи Маскав кушташудаи тоҷик


Муҳаммадраҳими Сайдар аз Маскав

Рустам Бойбеков - шаҳрванди Тоҷикистон, ки рӯзи 31 июн аз тири пулиси метрои шаҳри Маскав захмӣ шудааст, дар бемористони рақами 1 дар интизори ҷарроҳии дуввум ба сар мебарад. Ҷарроҳии аввал бобарор анҷом ёфт ва тире, ки дар шонаи Рустам дармонда буд, берун оварда шуд.
Рустам як ҳафта аст, ки дар палатаи 710 бахши шикастабандии бемористони Маскав ба сар мебарад ва сабаби ба ин ҷо афтоданашро ин тавр шарҳ медиҳад: "Ҳамроҳ бо рафиқам бо як билет ба метро ворид шудем. Ду милиса моро дастгир кард, баъд милисаи сеюм, сержант омад ва моро ба милисахона бурд. Он чӣ дар ғайб доштем, сари миз гузоштем, аз ҷумла пулро ҳам.
Сержант ба ман гуфт: "Мехоҳам туро паронам?"
- Гуфтам: Ба чӣ далел?
- Гуфт: "Бовар намекунӣ?
"Ҷанҷол, ё ҳаракати дигаре байни мо набуд. Вай аз мо пул ҳам талаб накард. Дар он ҷо ду пулис ва ду нафар мулки ҳам ҳузур доштанд. Сержант дубора эълом кард, ки мепарронам ва тапончаро кашида аз фосилаи тақрибан якуним метр тир андохт. Аввал ҳушам канд ва баъди ҷорӣ шудани хун ба худ омадам. Пулис иҷозати ба духтур телефон кардан надод ва моро аз дар берун андохт. Маро рафиқам кашола карда, аз метро берун овард. Дар кӯча нафаре аз тариқи телефонӣ дастӣ духтурро даъват кард. Мошини духтур пас аз 15 дақиқа ҳозир шуд. Ман ҳоло шаш рӯз аст, ки дар беморхона ҳастам. Ҷароҳии якум хуб гузашт. Тирро аз баданам гирифтанд. Духтур гуфт, як ҷарроҳии дигар ҳам дар назар аст. Аммо чӣ гуна ҷарроҳӣ, саҳеҳ намедонам."
Рустам ба саволи ин ки хароҷоти ҷарроҳӣ ва табобатро, кӣ мепардозад, гуфт ҳоло духтурон аз ман пул талаб накардаанд ва оянда чӣ мешавад, намедонам. Дар бораи вакили додгоҳӣ низ чизе гуфта натавонист.
Дар ҳодиса ду ҷиҳати боварнакарданӣ ва даҳшатангез мушоҳида мешавад. Боварнакарданӣ хати парвози тир аст, ки аз кунҷи рости даҳон аз миёни гӯшт ба пушти сар рафта, танҳо як дандонро хароб кардааст. Як сари муй ва ё ба андозаи зарраи офтоб тағйир ёфтани самти павози тир фоҷеъабор мебуд. Духтурон аз мушоҳидаи ин ҳолат ибрози ҳайрат кардаанд. Онҳо мегӯянд ваҳшатбарангез кирдори пулис аст, ки одамро бо тир зада, имкони ҳар гуна кумаки дигарро аз вай гирифтааст.
Инро Светлана Ганушкина - узви Комиссияи ҳуқуқи башар дар дастгоҳи раиси ҷумҳури Русия низ баён кард. Муҳофизи ҳуқуқ гуфт, он чӣ дар метро рух дод, дар баён намегунҷад: "Ин хатарест, ки на танҳо ба амнияти муҳоҷирон, балки ба амнияти шаҳрвандони худи Русия низ таҳдид дорад. Худсарӣ ва бадрафтории полис кайҳост, ки аз ҳудудҳои лозим нуфуз кардааст, вале ҷилавгирӣ намешавад. Навад дар сади ширкаткунадагони як назарпурсӣ дар Русия гуфтаанд, аз бандитҳо не, аз полис нигарон ҳастем."
Муҳофизи ҳуқуқ ба пурсиши ин ки муҳоҷирон чӣ бояд кунанд, то мӯҷиби барангехтани адовати пулис нашаванд, гуфт, дар ин моҷаро ҳаргиз муҳоҷирон муттаҳам нестанд. Муттаҳам онҳое ҳастанд, ки зимоми давлатро дар даст доранд ва аз сиёсат на баҳри осоиши мулк, балки барои баровада сохтани ғаразҳои худ кор мегиранд. Муҳофизи ҳуқуқ бар онаст, ки муҳоҷирон танҳо ҳамон вақт аз таъқиб, қатлу ғорат ва таҳқиру озори пулис, корфармо ва дигар унсурҳо наҷот меёбад, ки мақомоти кишварҳо, аз ҷумла Русияву Тоҷикистон сидқан омодагии худро барои ҳимояи атбоъи ин кишварҳо эълом намоянд ва қонунҳои дархӯрд ба тасвиб бирасонанд.
Дар тақвият ба гуфтаи муҳофизи ҳуқуқ метавон шикояти Рустамро дар беморхонаро зикр кард, ки мегӯяд, аз сафорати Тоҷикистон аз ҳоли вай хабар нагирифтаанд.
Ин дар ҳолест, ки дар дуввумин рӯзи ҳодиса намояндаи расмии сафорат ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ҳодиса таҳти назорат аст.Гузашта аз ин, аз 6 иттиҳодияи иҷтимоии тоҷикистониҳои муқими Маскав ҳам аҳаде ба аёдати Рустам нарафтааст.
Тирборони Рустам дар Маскав пойтахти ҷануби Русия, пас аз куштани Хуршедаи нӯҳсола дар Санкт-Петербург, пойтахти шимол ва фарҳангии Русия дуввумин ҳодисаи такондиҳандаи рӯзгори оворагони Тоҷикистон дар кишвари дӯст ва ҳамкори стратегии Тоҷикистон Русия аст, аммо на сафорати Тоҷикистон, на иттиҳодияҳои иҷтимоӣ расман аз ҳеҷ даргоҳе дар ин заминаҳо додхоҳ нашудаанд.
Ба гуфтаи додситони роҳи оҳани Тоҷикистон тайи соли гузашта дар Русия беш аз дусад нафар шаҳрвандони Тоҷикистон кушта шудаанд, вале дар бораи ба ҷазо расидани гунаҳкорон хабари саҳеҳ дар даст нест.
Муҳаммадраҳими Сайдар аз шаҳри Маскав
XS
SM
MD
LG