Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баъди Ғаффор навбати кист?


Раҳматкарими Давлат аз Душанбе

Сайид Абудллоҳи Нурӣ - раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ва фармондеҳи олии нирӯҳои собиқи мухолифи давлат боздошти генерал Ғаффор Мирзоев аз фармондеҳони аршади пуштибони давлат дар замони муқовимати дохилиро як иқдоми иштибоҳ номид. Оқои Нурӣ афзуд, ин амал метавонад, боиси адами эътимод ва халал ёфтани амнияти миллӣ дар Тоҷикистон шавад.
Сайид Абуллои Нурӣ гуфт: "Аз нигоҳи ман ин сиёсат сиёсати оқилона набуд. Агар инҳо сулҳ намехостанду кадом ташаннуҷ эҷод мекарданд, ба фикрам, мо сиёсиҳо наметавонистем, ба ҷое бирасем, бинобар ин мо мадюн ҳастем, аз ҳамин қумандонҳоямон ҳам аз ҷониби оппозитсиюн, ҳам аз ҷониби давлат мадюн ҳастем, барои он ки онҳо сулҳ карданд. Дар ҳамин ҳолат бо ин даҳшат, бо тирпаронӣ, бо як хушунат, як корманде, ки собиқа ҳам хизмат карда буд, ҳоло ҳам дар ҷойи худаш барои нангу номуси миллатро баланд бардоштан аз рӯи коре, ки дошт ҳамчун раиси Кумитаи Миллии Олимпӣ, зарурат нест, ки барои он камбудиҳо чунин хушунатҳо роҳ дода шавад. Як касе, ки хидмат кардааст то имрӯз, хидматҳои ӯро ҳеҷ кас инкор карда наметавонад, бо ин хушунат мегиранду ҳабс мекунанд, ҳар яке аз қумандонҳои оппозитсияро ҳам метавонанд ба ҳамин рӯз дучор кунанд. Вақте чунин тасаввур кунанд, маълум мешавад, ки ҳатман амният муташанниҷ мешавад."
Оқои Нурӣ аз куллияи фармондеҳони пешини давлат ва нирӯҳои мухолифи он, ки бо ҳам сулҳ кардаанд, дар шароити феълӣ, аз ҷумла ба унвони авомили таъмини амнияти берунии давлат ном бурд ва гуфт, чунин амалкарди давлат соири фармондеҳони дигар, аз ҷумла худи ӯро, ки фармондеҳи олии нирӯҳои мухолифи давлат буд, нигарон кардааст: "Бале на танҳо мухолифини мусаллаҳ, ман фикр мекунам, вазъ чунин бошад, ба ман ҳам хатар таҳдид мекунад. Ман боварӣ дорам ва мутмаъин ҳастам, ки душманони миллати мо дар хориҷ ана аз ҳамин қумандонҳо метарсанд. Аз ин вазоратҳо наметарсанд, бинобар ин вақте мебинанд, ки Саидшо Шамол рафт, Ғаффор Мирзоев рафт, ё ки масалан Салам (Саламшо Муҳаббатов) рафт, Муҳаммадрузӣ Искандаров рафт, онҳо хеле хурсанд мешаванд, бояд истиқбол кунанд аз ин. Чун ҳеҷ як нерӯе намемонад, ки дар муқобили онҳое, ки монанди он ки дар Хуҷанд зада даромаданд, биистанд."
Дар ҳамин ҳол Муҳаммадрузӣ Искандаров яке дигар аз фармондеҳони пешини аршади мухолифи давлат, низ мегӯяд, чунин бархӯрди ҳукумат бо фармондеҳони пешин як амали носавоб аст. Генерал Искандаров нақши Ғаффор Мирзоев дар мусоидат барои барқарории сулҳро сутуд ва гуфт, давлат бояд дар ин маврид нисбатан бо таҳаммул бархӯрд мекард.
Ӯ мегӯяд, акнун аксари фармондеҳони пешин дар интизори сарнавишт нишаста ва дар андешаи он ҳастанд, ки боз навбати кӣ бошад: "Ҳабс кардани Ғаффор Мирзоев ва умуман қумандонҳои дигари давраи ҷанги Тоҷикистон фикр намекунам кори хуб бошад. Дигар роҳҳо буд, имкони аз вазифа сабукдӯш кардан буд, ба кори осоишта гузаштан буд, хабардор карданд, тарбия кардан даркор буд. Вақте як инсон хидмат мекунад, бояд хидматҳояш қадр карда шаванд, фикр мекунам, хидматҳояш зиёд буд. Ояндаи Тоҷикистон чист, боз навбати кист, ман намедонам.
- Фикр намекунед, навбати шумо бошад?
-"Ман шукри Худованд то имрӯз ягон кас маро гуфта наметавонад, ки аққалан тарафи як инсон тир холӣ карда бошам, ё ҳукм карда бошам, ки кадом инсон кушта шавад. Ман аз ин корҳо орӣ ҳастам ва иншоолоҳ касе маро ба ин кор муттаҳам карда наметавонад. Хуб сари ягон вазифа нестем, ки дар кор мо ягон камбудӣ бошад. Худи ҷанги шаҳрвандӣ ва тавре гуфтем оқибати ҳар ҷанг сулҳ аст, ҳатман бояд якдигарбахшӣ мешуд. Зиёда аз чанд ҳазор кас кушта шуд, ҳар яки онҳо кушанда доранд, агар ҳамаи онҳоро бигирем, намедонам дар Тоҷикистон кӣ бегуноҳ мемонад. Биёед пас кушандаҳои 200 ҳазор мардуми Тоҷикистонро бикобему биёбем.
Ба ҳамин тартиб аксари фармондеҳони пешин дар ҳоли ҳозир ҳайратзада ба таҳаввулот назар мекунанд ва ёрои баёни андеша ва назарро надоранд. Аз ҷумла бисёре аз онҳо аз сӯҳбат бо хабарнигорон сарфи назар мекарданд. Ин дар ҳолест, ки ҳамчунон бисёре аз соҳибназарон чунин амали ҳукуматро як навъ нигаронии як гурӯҳи соҳибнуфуз аз зери хатар қарор гирифтани манофеи шахсиашон медонанд. Зеро гуфта мешавад, генерал Мирзоев бо имконот ва нуфузе, ки доштааст, дар маъракаҳои сиёсӣ метавонист, дар муқобили гурӯҳҳои сиёсии пурнуфуз рақобат кунад.
Ин ҳама ҳанӯз тахмин ва гумони қишрҳои нозир аст. Қишрҳое, ки ҳамчунин ин иқдоми ҳукуматро як навъ муқовимат бо қумандонсолорӣ медонанд. Аммо бархе ҳам аз ин гурӯҳҳо мӯътақиданд, ки чунин амалкард нақзи ҳуқуқи қумандонҳои собиқ дар ҷомеъа дар роҳи бозгашти онҳо ба ҳаёти осоишта мебошад.
Дар ҳар сурат додситонии Тоҷикистон дастури ҳабси муваққат ва иттиҳомоти аввалия нисбати Ғаффор Мирзоевро рӯзи душанбе эълон кард. Аз ҷумла генерал Мирзоев дар нигаҳдории ғайримаҷози силоҳ, қиъаи замин, як чархболи хусусӣ ва ниҳоят куштори як нафар муттаҳам шудааст.
XS
SM
MD
LG