Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дарро боз кунед, дигар мушкилӣ нест


Бино ба иттилои вазорати иқтисод ва савдои Тоҷикистон мизони ҳамкориҳои иқтисодӣ ва табодули мол миёни Тоҷикистон ва Эрон тайи як соли ахир ба гунаи бесобиқае афзоиш пайдо кардааст. Гуфта мешавад, ҳаҷми табодули мол миёни ду кишвар дар як соли гузашта аз 13 миллион доллари чор соли пеш то 90 милион доллар боло рафтааст. Ғафур Расулов - сухангӯи вазорати иқтисоди Тоҷикистон мегӯяд: "Байни ду кишвар бештар аз 40 созишномаву тафоҳумномаву протоколҳо ба имзо расидаанд. Солҳои ахир равобити иқтисодиву тиҷоратии ду кишвар хеле афзоиш ёфтанд, бахусус дар соҳаи нақлиёт, энержӣ, мухобирот. Ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бунёди нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда саҳми худро гузоштанист ва дар ин маврид як тафоҳумнома низ ба имзо расид."
Дар ҳоли ҳозир муҳимтарин тарҳи дар ҳоли иҷрои Эрон дар Тоҷикистон сохтмони тунели Анзоб аст, ки тавассути ширкати эронии Собир эҳдос мешавад. Ва қарор аст то то даҳ моҳи дигар кори сохтмони ин иншоот ба анҷом бирасад. Эрон дар бунёди тунели Анзоб то кунун ҳудуди 65 миллион доллар сармоягузорӣ кардааст.
Ва сафари вазири нирӯи Эрон ба Тоҷикистон бо ҳадафи ниҳоӣ сохтани қарордоди миёни ду кишвар дар мавриди сармоягузории Эрон дар идомаи эҳдоси нирӯгоҳи барқи обии Сангтӯда низ ба назари коршиносон дар ростои муносиботи рӯ ба густариши ду кишвар қобили арзёбист. Ҷониби Эрон ба асоси консорсиум эҳдоси нирӯгоҳи барқи обии Сангтӯдаро дар ҷануби Тоҷикистон бар ўҳда гирифтааст. Арзиши умуми тарҳи анҷоми сохтмони Сангтӯда дар ҳаҷми 400 миллион доллар баровард шудааст. Ҳарду ин иншоот ҳам аз муҳимтарин сохтмонҳои таъйиноти стратегии дар ҳоли эҳдос дар Тоҷикистон мебошад.
Аммо густариши муносиботи ду кишвар ва ширкати Эрон дар муҳимтарин иншоотҳои стратегии Тоҷикистон дар айни ҳол баҳсу гуфтугӯҳоеро дар миёни соҳибназарон ва коршиносони умур ба дунбол доштааст. Дар ҳоле заминаи нақши фаъоли Эрон дар иқтисоди Тоҷикистон фароҳам мешавад, ки ба назари коршиносон то чанд соли пеш ба далоили мухталиф ва аз ҷумла, адами эътимод ба сиёсатҳои тарафайн анҷоми ин кор мушкил ба назар мерасид. Хосатан Тоҷикистон аз ҳамкории танготанг бо Эрон ба сабаби ҳассосияти масъалаи мазҳабӣ ва бим аз густариши нуфузи ташаккулҳои мазҳабӣ-сиёсӣ нигарон буд. Аммо суоли матраҳ акнун ин аст, ки оё ин нигаронӣ ва ҳассосиятҳо рафъ шуда ва густариши муносиботи иқтисодӣ боиси афзоиши нуфузи сиёсии Эрон дар умури Тоҷикистон нахоҳад шуд. Ва чаро Тоҷикистон барои қоил шудани нақши бештар ба Эрон дар умури иқтисодӣ мувофиқат кардаст.
Сайфулло Сафаров - муовини раиси Пажуҳишгоҳи стратегии назди раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон: "Гурӯҳе аз мушовирони дар Эрон буданд ва чунин тавсияҳоро доданд ва Эрон бо як ғайрати том ба иқтисоди Тоҷикистон ҳам ворид шуд, аммо ин ба осонӣ ба даст наомадааст ва дар ин самт роҳи мушкиле тай шудааст. Даҳҳо бор президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин масъала диққат дода буданд, ки чаро Эрон бештар ба ҷиҳатҳои фарҳангӣ ва идеологӣ диққат медиҳад ва чаро ба иқтисод не? Ва албатта ин интиқод сари дӯстон таъсире расонда бошад ва бародарони эронӣ ҳам ба хулоса омаданд, ки бо Тоҷикистон алоқаҳои иқтисодӣ дошта бошанд."
Аммо ба назари бархе дигар коршиносон пушти сар шудани ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, ки баробари он эҳсосоти мазҳабгароёни сиёсӣ дар Тоҷикистон низ то ҷое фурӯ нишастааст, яке дигар аз авомили эътимод ба густариши муносибот бо Эрон мебошад.
Қосимшоҳ Искандаров - мудири Пажӯҳишгоҳи мутолеоти низоъҳои минтақа: "Ҳангоме ҷангҳои дохилӣ дар Тоҷикистон идома доштанд ва дар роҳбарияти Тоҷикистон аз хатари бо ном бунёдгароё хеле дар тарс буданд, ки гӯё ҳамин авомили мазҳабӣ ё бунёдгароӣ таъсири зиёд дошта метавонад дар вазъияти Тоҷикистон. Аммо баъдан ба ин натиҷа расиданд, ки Эрон ҳам намехоҳад он чизро бо гурӯҳҳои исломие, ки дар Тоҷикистон фаъолият доштанд, ё доранд кӯмаки ҷиддӣ расонанд. Бинобар ин дар роҳбарияти Тоҷикистон ба чунин натиҷа расиданд, ки бояд бо Эрон ҳамкориҳо ҳамаҷониба вусъат пайдо кунанд."
Ба назари доктор Искандаров, як сабаби дигари ин ҳол истиқрори субот ва фароҳам шудани заминаи баҳрабардорӣ аз сармоягузориҳо дар Тоҷикистон аст. Вале Сайфулло Сафаров бар ин назар аст, ки таблиғот ва сиёсатҳои мазҳабӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ авлавияти худро аз даст дода ва Тоҷикистон дарёфтааст, ки густариши муносиботи иқтисодӣ ва тиҷоратӣ дар ин шароит наметавонад, асари чашмгире ба сиёсатҳои дохилии як кишвар гузошта бошад. Ва сарфи назар аз сиёсати ҳокими низомҳо ҳамгироии ду кишвар як амри табиист: "Замона чунин шудааст, ки ҷиҳатҳои мазҳабӣ ва динӣ характери асосиро аз даст дода истодаанд. Феълан, ки ҷаҳонишавӣ торафт қувват пайдо мекунад, байналмилалӣ шудани иқтисод ҳам ҳамчунин қувват мегирад, дар ин ҳолат давлате наметавонад, ки худро аз давлати дигаре бо баҳсҳои мазҳабӣ ва ё динӣ канор гирад."
Вале Нуралӣ Давлатов, як коршиноси дигари тоҷик бар ин бовар аст, ки рӯ овардани Тоҷикистон ба сармояи Эрон ва афзоиши эътимоди нисбӣ миёни ду кишвар то андозае ба тағйири сиёсатҳои хориҷии Эрон низ вобаста мебошад: "Вақте ки Амрико вориди минтақа шуд, Эрон шояд фикр мекунад, ки ин ба манфиаташ таҳдид дорад, аз ин рӯз Эрон хост, теъдоди ҳамкоронашро дар минтақа бештар кунад ва шояд ба ҳамин хотир ба тоҷикон таваҷҷӯҳи бештаре дода шуд. Ва шояд як сабаби дигараш ин бошад, ки президенти Эрон Муҳаммади Хотамӣ дар ду давраи раёсати худ нишон дод, ки ӯ бештар амалгаро ва ё прагматик аст ва думболи идеяҳои мазҳабиёни консерватор намеравад ва шояд аз ҳамин ҳам бошад, ки ҳукумати Тоҷикистон бовар кард, ки ҳукумати Эрон дигар барои содир кардани идеяҳои инқилоби Имом Хумайнӣ чандон таваҷҷӯҳи зиёд надорад."
Аммо мегӯяд ин коршинос, Тоҷикистон дар ҷалби сармояи кишварҳо ва созмонҳои дигар, хусусан сармоягузории ғарбӣ ба далелҳои мушаххас чандон муваффақ набуда. Аз ин лиҳоз аз як сӯ ноилоҷ ба сармояи Эрон рӯ оварда ва аз ҷониби дигар бо истифода аз фурсати муносиб Эрон низ нақши фаъолтареро дар иқтисоди Тоҷикистон ба худ ихтисос медиҳад.
Як далели дигари густариши муносиботи иқтисодии ду кишвар ҳам таъсири наздикии Русия ва Эрон ва ҳамсӯйии сиёсати ин кишварҳо дар бархе масоили минтақавӣ ва ҷаҳонӣ унвон мешавад. Аммо дар ҳар сурат ҳам мегӯянд бархе аз мақомоти Тоҷикистон, муҳим ин аст, ки сармоя ба иқтисоди Тоҷикистон ҷалб шудааст. Аммо бархе дигар аз коршинсон мегӯянд, оё метавон бо хаёли роҳат аз ин воситаҳо истифода кард?
XS
SM
MD
LG