Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паёмадҳои талхи селу обхезиҳо


Барот Юсуфӣ аз шаҳри Душанбе

Ҳукумати Тоҷикистон натиҷаи хисороти боришоти ахир дар ноҳияи Варзоб, атрофи пойтахтро наздики 22 миллиону 100 ҳазор сомонӣ (беш аз 7 миллион доллар) эълон дошт. Ислом Усмонов, муовини вазири ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон зимни сӯҳбат дар ҷамъи хабарнигорон, ки 2 август бо ташаббуси намояндагии Созмони Миллали Муттаҳид дар Тоҷикистон созмон ёфта буд, гуфт, поён рафтани ҳарорати ҳаво, ки бо худ боришоти зиёду сел ба дунбол дошт, ба кулли соҳоти кишвар хисороти ҷиддӣ ворид кардааст.
Ба эътиқоди оқои Усмонов маблағи умумии хисороти аз офатҳои моҳи ахир дар тамоми кишвар воридшуда чанд рӯз баъд муайян хоҳад гашт: "Тибқи ҳисобҳои пешакии мо дар ноҳияи Варзоб аз ин селҳо чор купрӯки калон, қариб 15 километр роҳи автомобилгарди Душанбе-Хуҷанд ва чанд иншооти дигар пурра хароб гашт."
Дар ҳамин ҳол роҳбари дафтари ҳамоҳангсозии Созмони Милали Муттаҳид Пол Ҳендлӣ гуфт, сарвазири Тоҷикистон Оқил Оқилов изҳор доштааст, ки барои рафъи хисороти офатҳои табиӣ моҳи ахир Тоҷикистон наздик ба 12 миллион доллар кӯмаки созмонҳои байналмилалу кишварҳои хориҷӣ эҳтиёҷ дорад.
Оқои Ҳендлӣ афзуд, дар ҳоли ҳозир Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид барои бартараф намудани зарари офатҳои табиӣ ба Тоҷикистон 200 ҳазор доллари амрикоӣ кӯмак расонидааст. Ба гуфтаи ӯ, ҳамзамон кӯмакҳои дар ин самт ба Тоҷикистон ироа намудаи созмонҳои байналмилалу кишварҳои хориҷӣ ҳудуди 1 миллион доллар аст.
Аммо ин дар ҳолест тафси ҳаво дар Тоҷикистон рӯзҳои аввали моҳи август то андозае коҳиш ёфт ва дар Душанбе борони сел борид. Гуфта мешавад, чунин боришоти шадид дар аксари манотиқи кишвар ба амал омадааст.
Маҳмад Сафаров, муовини аввали сардори Маркази ҳавошиносии Тоҷикистон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, пастшавии ҳарорати ҳаво дар моҳҳои июл ва август дар давоми чанд сол як бор ба амал меояд ва ин ба дигаргуншавии куллии иқлими минтака иртиботе надорад: "Яке аз сабабҳои асосии боришоти моҳи июл дар он буд, ки яку якбора аз тарафи шимол ҳавои сарди арктикӣ ва ҳарорати гарми намноки ғарбӣ ба минтақаи Осиёи Миёна ва инчунин Тоҷикистон ҳаракат карда, бо ҳарорати гарми ҷануб бархӯрд. Дар натиҷаи бархӯрдан дар фазо сиклонҳо пайдо гашта, боиси ба амал омадани раъду барқ ва боришоти сахт шуд."
Оқои Сафаров афзуд, дар Тоҷикистон пастшавии ҳарорати ҳаво дар ду даҳаи аввали моҳи август пешбинӣ шудааст. Ба гуфтаи ӯ, тайи ин рӯзҳо боришоти шадид аз эҳтимол дур нест.
Гуфтанист, табиати Тоҷикистон барои парвариши анвои мухталифи зироат хосатан пахта мувофиқ аст. Ба гуфтаи коршиносон ва масъулони ин соҳаи асосии иқтисодиёт, Тоҷикистон ҳамзамон бо дигар мушкилот иллати аслии коҳиш ёфтани ҳосили пахтаро дар даҳсолаи ахир аз номусоидии обу ҳаво медонанд. Дар ҳоле, ки моҳи август давраи асосии нумӯъи пахта мебошад, тағйирёбии иқлим ба сӯи сардӣ метавонад, на танҳо ба парваришу истеҳсоли пахта, ҳамчунин ба соҳоти дигари аграрии ин кишвар халал ворид созад.
XS
SM
MD
LG