Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Содироти нерӯи барқ, қарзҳои нав ва бимаи муҳоҷирон


Вазорати энергетикаи Тоҷикистон бо Қазоқистон дар мавриди интиқоли 500 миллион киловатт соат дар тобистони соли 2004 ба тавофуқ расидааст. Қаблан бо Русия низ барои интиқоли як миллиард киловатт соат нерӯи барқ ба манотиқи ҷанубии ин кишвар тавофуқномае ба имзо расида буд. «Бизнес и Политика» бо йодоварӣ аз ин созишномаҳо навиштааст, ҳарчанд моҳи июл низ ба охир мерасад, интиқоли нерӯи барқ ба ин кишварҳо ҳанӯз шурӯъ нашудааст. Нашрия навиштааст, Тоҷикистон ҳар тобистон то се миллиард нерӯи изофии барқ истеҳсол мекунад, аммо имкони фурӯхтани онро надорад. Ба навиштаи нашрия, садди аслии ин кор, масъалаи печидаи транзити қувваи барқ тавассути хатҳои интиқоли барқи Ӯзбакистон мебошад.
Навишта шудааст, ки мушкилӣ дар қиммати баланди транзит мебошад, ки кишвари ҳамсоя талаб кардааст. Нашрия бо такя ба коршиносон навиштааст, ки Ӯзбакистон хоҳони зуҳури рақиби ҷиддӣ дар соҳаи истеҳсоли нерӯи барқ дар минтақа нест. Аммо дар оянда агар бунёди нерӯгоҳҳои барқӣ-обии Сангтӯда ва Роғун анҷом йобад, ҳамчунин тавассути хатҳои интиқолдиҳандаи нерӯи барқи Қирғизистон интиқоли барқи тоҷик ба хориҷа имконпазир хоҳад гашт. Дар сурати бунёоди обанбор ва нерӯгоҳи барқӣ-обӣ дар дарйои Зарафшон як воситаи фишор ҳангоми ҳалли масоили дутарафа ба даст хоҳад омад. Бо баробари ба эътидол омадани вазъ дар Афғонистон ҳамчунин имкони интиқоли нерӯи барқ тавассути ин кишвар ба Эрону Покистон низ фароҳам хоҳад омад.
Нашрияи «Варорӯд» навиштааст, лоиҳаи бунйоди хатҳои интиқоли барқи «Ҷануб-Шимол» 150 миллион долларро талаб мекунад.
«Чархи Гардун» тасмими ахири Русияро, ки вуруди муҳоҷирони меҳнатиро бидуни суғуртаи тиббӣ ба ин кишвар манъ мекунад, ғорати муҳоҷирон номидааст. Суғурта барои муҳоҷирон 50 доллар мебошад ва бо назардошти теъдоди тахминан якмиллионнафараи муҳоҷирони тоҷик, танҳо аз ҳисоби муҳоҷирони тоҷик панҷоҳ миллион доллари амрикоӣ ба хазинаи ширкати ҳарбии суғуртавии Русия медарояд. Ва ҳол он ки аз ин як миллион шояд ҳамагӣ танҳо панҷ ҳазор нафар ба пизишк муроҷиат кунад.
«Нерӯи Сухан» бо нашри матлабе меъйори таъйиншудаи пардохти суғуртаи иҷтимоиро ба шароити имрӯз номувофиқ номидааст. Маблағи суғуртаи иҷтимоӣ, ки аз ҷониби корфармо пардохт мешавад, бисту панҷ дар сад муайян шудааст, ки ба андешаи муаллифи матлаб хеле баланд будааст. Муаллиф мисол овардааст, ки агар як хоҷагии деҳқонӣ дар як сол 3.000 сомонӣ даромад орад, маҷбур аст, 600 сомонӣ суғуртаи иҷтимоӣ супорад.
Вазорати рушди байналмилалии Бритонийо бо анҷоми як тарҳе тасмим гирифтааст, дар Тоҷикистон низ як силсила лоиҳаҳоро пийода намояд. Ношири ин хабар, ҳафтаномаи «Азия Плюс» бо такя ба сафири тозатаъйиншудаи Бритонийо дар Тоҷикистон Грэмм Лоутен навиштааст, тибқи ин тарҳ тахсиси се миллион фунт-стерлинги Бритонийо солона дар назар аст.
«Азия Плюс» дар ҳамчунин саҳифаи электронии худ хабар додааст, хазинаи байналмиллалии асъор беш аз чордаҳ миллион доллар бо ҳадафи идомаи барномаи коҳиши сатҳи фақр дар Тоҷикистон ба ин кишвар тахсис медиҳад.
XS
SM
MD
LG