Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беобӣ, ҳавзҳои пул, Қонуни интихобот ва дарди "Одаму Олам"


«Нерӯи Сухан» навиштааст, ҳукумати шаҳри Душанбе барои таъмини мардум бо об 54 мошини обкашонӣ ҷудо намуд. Ва аммо ба навиштаи нашрия, тақсими об на дар ҳама ҷо баробар ва мунсифона сурат гирифтааст. Ҳатто дар маҳаллаи Гулистон як сатил обе, ки чунин мошини обкашонӣ овардааст бист дирамӣ фурӯхта шудааст. Дар маҳаллаи Испечак дар натиҷаи бенизомӣ ҳангоми гирифтани об як зан аз зарби сатил ба сараш ҷароҳат бардоштааст, омадааст дар матлаби «Нерӯи Сухан».
«Вечерний Душанбе» навиштааст, қубурҳои обгузари аксари хонаҳои серошйонаи Душанбе пур аз гилу қум аст ва кай он танзиф мешавад, номаълум мебошад. Муаллифи матлаб навиштааст, муоинаи об барои доштани маводи хатарнок гузаронида нашудааст ва аз ин рӯ, пизишкон аз хуруҷи амрози рӯдаву меъда ва бавижа домана бонги хатар задаанд.
Ба навиштаи як матлаби «Бизнес и Политика», ҷавобгарии бӯҳрони об пурра бар дӯши масъулини ҳукумат аст. Дар ин рӯз ҳама аз тақдири миллионҳо доллар, ки ба хотири таҷдид ва таъмири низоми обтаъминкунии пойтахт қарз шуда буд, пурсон мегаштанд.
«Азия-Плюс» маблағи бо ин ҳадаф аз тарафи бонки ҷаҳонӣ, бонки исломии рушд ва ҳукумати Тоҷикистон тахсисшударо дар маҷмӯъ 30 миллион доллар шумурдааст. Петра Зайдлер- масъули лоиҳаи обтаъминкунии пойтахти Тоҷикистон ба хабарнигори нашрия гуфтааст, ин маболиғ барои насби ҳисобкунакҳои обӣ дар хонаҳои истиқоматӣ, таъвизи қубурҳои обгузар, харидани насосҳои обкаш, тоза кардани ҳавзи танзими шабонарӯзии об ва таъмири дигар иншоот пешбинӣ шудааст. Даҳ дар сади маблағ ҳаққуззаҳмати ин масъули лоиҳа будааст. Ва аммо ҳадафи аввалиндараҷаи лоиҳа тоза кардани ҳавзи танзими шабонарӯзии об мебошад.
«Бизнес и Политика» навиштааст, агар пас аз тоза кардан низ боз сел ояду боз обҳо лойолуд гарданд, боз мӯҳтоҷи даҳ миллион доллари дигар мешавем? «Бизнес и Политика» ҳавзи танзими шабонарӯзии обро манбаъи на танҳо об, балки ҳамчунин пул номидааст.
Аммо хонума Зайдлер ба «Азия Плюс» гуфтааст, ба ҳангоми боронгариҳо рехтани об ба ҳавз қатъ карда мешавад вале захираи оби тозаи ҳавз танҳо ба ду се рӯз хоҳад расид. Дар мавриди таъмини кулли шаҳр бо обҳои зеризаминӣ хонума Зайдлер гуфтааст, обҳои зеризаминӣ на ба тамоми шаҳр кифоят хоҳад кард.
«Рӯзи Нав» аз қавли коршиносон навиштааст, «Душанбеводоканал»-ро барои ба мардум то ҳол оби ба саломатӣ заранок фурӯхтанаш бояд ба додгоҳ кашид.
Дар ҳамин ҳол, «Азия Плюс» аз тасмими шаҳрдории Душанбе барои баланд бардоштани қиммати об хабар додааст. Ҳамакнун, агар дар ин маврид қарор қабул шавад, нархи об то ба 2 сомониву панҷоҳ дирам барои ҳар як фарди оила дар як моҳ баланд бурда хоҳад шуд.
Мавзӯъи дигари муҳими нашрияҳо дар ин ҳафта пас аз об албатта, аз тарафи раисҷумҳури Тоҷикистон ба имзо расидани тарҳи нави қонуни интихобот буд.
"Варорӯд» имзои қонунро як қадам ба пеш ва ду қадам ба қафо номида навиштааст, ҳарчанд қонунро имзо кардани президент амали ғайриқонунӣ набуд, аммо дар ин ҳол манофеъи ҳизбӣ аз манфиатҳои мардум боло дониста шудааст.
Нашрияҳои «Ҷумҳурият» ва «Садои Мардум» дар шумораи тозаашон куллияи тағйироти ба қонуни интихобот воридшударо чоп кардаанд. «Азия Плюс» дар мавриди ин ки, оё имкони барои тағйири қонуни интихоботи Тоҷикистон аз нуфузи худ истифода бурдани абарқудратҳои ҷаҳон, бавижа Амрико, Русия ва Чин вуҷуд дорад ӣо не, таҳлиле анҷом додааст. Муаллифи матлаб, коршиноси масоили сийосӣ, Рашид Ғанӣ Абдулло навиштааст, ин кишварҳо қонуни интихоботи Тоҷикистонро мавриди интиқод қарор нахоҳанд дод. Муаллиф сабаби инро шарҳ дода навиштааст, Русия мехоҳад, ба минтақа бозгардад ва ин бозгашт танҳо бо такя ба ҳукуматдорони имрӯз имконпазир аст. Сохти ҳукуматдорӣ дар Чин яккаҳизбист ва тамоми соҳаҳои муҳими ҳаёти ин кишвар дар дасти як ҳизб аст. Сафорати Амрико дар Душанбе низ бо эътирофи ақдоми устувори Тоҷикистон дар роҳи демократикунонӣ гуфтааст, барои то ба демократия расидан роҳи дарозеро тай намудан лозим аст.
Аммо бино бар навиштаи «Рӯзи Нав», Владимир Сотиров - роҳбари дафтари созмони миллал дар Душанбе гуфтааст, ин қонун на ҳама нерӯҳои сиёосии ҷомеаи Тоҷикистонро қонеъ кард.
«Одаму Олам» дар шумораи аз ҳафтаи гузашта мавқуфафтодаи худ аз вазири дифоъи Тоҷикистон, Шералӣ Хайруллоев барои мақолоти қаблӣ, ки ӯро «арӯсаки дасти Русия» ном бурда буд, расман маъзарат хостааст.
XS
SM
MD
LG