Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Забони тоҷикӣ кай давлатӣ мешавад?


Раҳматкарими Давлат аз шаҳри Душанбе Бо ташаббуси Бунёди забони форсии тоҷикӣ дар шаҳри Душанбе ба муносибати 15-солагии қабули Қонуни забони давлатӣ як нишаст бо номи «Давлат ва Забон: Шиор ва Амал» баргузор гашт. Зимни ин нишаст, ки бо ширкати олимон ва забоншиносони тоҷик баргузор гардид, аз ҷараёни кунди иҷрои Қонуни забон изҳори нигаронӣ шуд.

Муҳаммадҷон Шакурӣ, донишманди саршиноси тоҷик ва аз муаллифони Қонуни забони Тоҷикистон мегӯяд, барои иҷрои комили қонуни мазкур, ки дар соли 1989 қабул шуд, 10 сол пешбинӣ шуда буд, вале бо гузашти 15 сол мафоди аслии ин қонун ҳанӯз иҷроӣ нашудааст. Ва коргузорӣ дар сатҳи давлатӣ ва идороти умда ҳанӯз ҳам бо забони русӣ амалӣ мешавад. Академик Шакурӣ гуфт, ба манзури суръат бахшидан ба ҷараёни иҷрои Қонуни забон ахиран як пешниҳоде ба унвони раиси ҳукумат ироа кардааст, ки мавриди қабул шуда ва интизор меравад бар асоси пешниҳоди ӯ, як комиссияи назорат бар иҷрои қонун ва бознигарии барномаи таълими забони давлатӣ ташкил шавад: "Иборат аз 11 модда пешниҳодҳои худро навиштам ва бурдам хидмати Эмомалӣ Раҳмонов - раиси ҷумҳури Тоҷикистон. Як соату панҷ дақиқа сӯҳбат кардем дар бораи забон, вазъи забон ва ман фикри худро гуфтам дар бораи ин, ки барои ислоҳи вазъият чӣ бояд кард. Алъон ин пешниҳодҳои ман дар Донишгоҳи миллӣ, дар Фарҳангистони Улуми Тоҷикистон, дар Пажӯҳишгоҳи забон баррасӣ шуда ва мардум боз фикру андешаҳои худро мегӯянд ва ин фикру андешаҳо дар дастгоҳи расёсати ҷумҳур ҷамъ мешавад. Умед аст, ки асоси ин пешниҳодҳо, як ҳайъате ташкил мешавад, ки вазъи имрӯзаи забон ва ислоҳи онро фикр кунад."
Дар ҳамин ҳол Валӣ Самад, яке дигар аз забоншиносони тоҷик ва узви раёсати Бунёди забони форсӣ, зимни суханронӣ дар ин нишаст гуфт, на танҳо дар корхонаҳои давлатӣ, балки дар донишгоҳҳо ва муасиссаҳои илмӣ низ забони давлатӣ ҳанӯз амал намекунад: "Дар як рӯзнома навиштаанд, ки барои як тотори соҳибмансаб дар вазорати мудофиа 17 тоҷик забони тоторӣ ёд гирифтааст ва муаллифи мақола таклиф кардааст, ки дар вазорати мудофиа забони тоторӣ забони давлатӣ эълон карда шавад. Мана аҳволи забони тоҷикӣ. Дар Донишгоҳи тиббӣ ба забони тоҷикӣ қариб дарс нест. Нашрияву маҷаллаҳое, ки ин донишогоҳ дорад, ба забони тоҷикӣ нашр намешаванд. Донишҷӯ кори дпиломӣ ба тоҷикӣ наменависад. Аспирант тоҷик ба тоҷикӣ наменависад. Дар шӯрои илмӣ ҳама тоҷик аспирант ба тоҷикӣ ҳимоя намекунанд. Дар Донишгоҳи кишоварзӣ аҳвол аз ин бадтар. Дар Донишгоҳи техникӣ аҳвол аз ин бадтар аст. Вақте ки дар ҷойи лозимӣ ин забон ба кор намеояд, баъд падару модарон мебинанд, ки ин забон нодаркор будаст."
Дар ин нишаст масъулони вазоратхонаҳои мухталиф низ даъват шуда ва дар мавриди амали шудани Қонуни забон дар муассисаҳои худ гузориш доданд. Интиқоди шадиде ба унвони ниҳодҳои марбутаи шаҳрдорӣ, вазорати маориф ва мухобирот дар ин замина садо дод. Аз ҷумла ба забони фанноварии иттиллоъотӣ ва нодида гирифтани забони форсӣ дар ширкатҳои мухобиротӣ ва телефонӣ низ ишора шуд. Аммо Шералӣ Наҷмиддинов - муовини вазири мухобироти Тоҷикистон гуфт: "Ин вазъ дар тамоми корхонаҳои саноативу корхонаҳои навташкил вуҷуд дорад, чунки ширкатҳо аз ҳисоби маблағҳои хориҷӣ ташкил шудаанд ва он ҷо қабл аз ҳама аҳамият ба дониши техникӣ ва иқтисодӣ дода мешавад, агар талаб дар тамоми сатҳҳо як хел карда шавад, шояд он вақт вазъи забон низ беҳтар мешавад."
Аммо ба назари бархе дигар аз ширкаткунандагони ин нишаст Қонуни забон, ки дар 15 соли пеш қабул шудааст, ба такмил ва бознигарӣ ниёз дорад. Аз ҷумла гуфта шуд, бояд моддаи дуввуми қонуни мазкур, ки забони русиро ба унвони забони муоширати мардуми Точикистон унвон кардааст, ислоҳ шавад. Ба гуфтаи Муҳаммадҷон Шакурӣ, дар ҳоле, ки Қонуни забон донистани забони давлатиро барои ҳама атбои кишвар ҳатмӣ эълон кардааст, пазируфтани як забони дигар ба унвони забони муошират ғалат аст.
Қонуни забони Тоҷикистон дар соли 1989 бо пешниҳоди гурӯҳи рӯшанфикрон ва донишмандони тоҷик ва таҳти фишори нирӯҳои ислоҳталаб ва ҷунбишҳои озодихоҳ қабул шуда, ки забони форсии тоҷикиро ба унвони забони давлатии Тоҷикистон эълон кард. Аммо бо гузашти 15 сол, аз қабули қонун дар ҳоле, ки зиёиён бо изҳори нигаронӣ аз амалӣ нашудани он қонуни забон сӯҳбат мекунанд, Мазҳабшоҳи Муҳаббатшо - раиси Бунёди забони форсии тоҷикӣ мегӯяд, бо соҳибистиқлол шудани Тоҷикистон зарурати мавҷудияти Қонуни забон аз миён рафтааст. Ва зикри забони форсии тоҷикӣ ба унвони забони давлатӣ дар Қонуни Асосии кишвар кофист, мегӯяд оқои Муҳаббатшоев, ки бояд тамоми мукотибот ва муколамот дар ин кишвар бо забони форсии тоҷикӣ анҷом шавад.
XS
SM
MD
LG