Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Об дар лӯлаву мо ташналабон мегардем


Сайёфи Мизроб аз шаҳри Душанбе

Қиммати роҳкиро дар ҳама самтҳои берунишаҳрӣ ба якбор боло рафт. Душанберо мардум тарк мекунад. Дар Душанбе мондан хатар дорад. Дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон об нест!
Ҳамакнун рӯзи саввум аст, ки беш аз 60 дарсади аҳолии пойтахт аз оби ошомидани маҳрум монд. Ҳамакнун ибораи «Об - ҳаёт аст!», дигар барои мардум масал нест. Ин воқеияти зиндагии сокинони пойтахти Тоҷикистон аст.
Дар кӯдакистонҳо фиғони атфоли ташналаб ба осмонҳо мепечад. Дигар кӯдакон шоколаду ширинӣ на, балки об мехоҳанд. Обе, ки дар шаҳр нест.
Меҳмонони хориҷӣ, аз меҳмонхонаҳои беоб худро ба дӯконҳо зада, барои шустушӯй об мехаранд. Онҳо дар таҳайюранд, ки чӣ гуна дар як кишвар, ки захоири оби Осиёи Марказӣ дар он ҷост, ҳатто дар кохи раисиҷумҳур об намеёбанд.
Сокинони пойтахт, ки иддае пули харидории обро надоранд, рӯзҳои сангинтарро аз сар мегузаронанд. Як сокини шаҳр, мегӯяд, ки «Ман дар рӯ ба рӯи қасри президент зиндагонӣ дорам. Се рӯз шуд, ки дар мо об нест. О, ин чӣ рӯз аст. Ман 6 кӯдак дорам. Хонаҳо ифлос, табақу коса дар ошхона ифлос болои ҳам хобидаанд. Ман онҳоро бо чӣ шӯям. Се рӯз шуд, ки дар азобем.»
Шаҳрдорӣ танҳо дар рӯзи дуввуми садама дар 40 километрии пойтахт, барои беш аз ним миллион сокини беобмонда 50 мошини обгир ҷудо кард. Шоҳидон мегӯянд, дар аксари маврид, оби ба истилоҳ «ҳукуматӣ» то поси дуввуми шаб ба маҳаллоти зист намерасад.
Як сокини пойтахт мегӯяд: «Бачаҳои ман ду моҳ шуд, ки аз 10 ошёна фаромада, аз 1 километр дуртар об мекашанд. Миёни писарҳоям кандааст, аз обкашӣ.»
Дигарӣ меафзояд, ки «Ман ҳомиладорам. Аммо об мекашам, чӣ кор кунам? Об нест.»
Дар шаҳр табибон аз мардум даъват кардаанд, ки умуман оби аз лӯлахо ҷориро истеъмол накунанд. Дар шаҳр овозаҳо пахш шудаанд, ки рӯи кӯҳпорае, ки онро сел шуста ба Варзоб задааст, қабристон ҷойгир буд. Ва аммо Маҳмадулло Ҳалимов, раиси ситоди вазорати изтирорӣ ин овозаро такзиб кард: «Қазия ин аст, ки дар 44 километрии пойтахт сел кӯҳро шустааст. Сел, ки омад, об ифлос мешавад.»
Дар ҳамин маврид, интиқоли об аз обанборҳои Варзоб ба Душанбе пурра қатъ гардид. Масъулин мегӯянд, баробари поккории обанборҳо аҳолӣ бо оби ошомиданӣ таъмин мегардад.
Ба суоли ман «То чанд рӯзи дигар Душанбе беоб хоҳад монд?» Наврӯз Ҷаъфаров, муовини сардухтури маркази амрози вогир пурасрор посух дод, ки: «Ҳамаи ин ба қудрати ҳукумати ноҳияи Варзоб ва ҳукумати Тоҷикистон вобаста аст.»
Ва аммо дар идораи обуҳавосанҷии кишвар гуфтанд, ки дар минтақаи баландкӯх боришҳо то 5 рӯзи дигар ҳам идома меёбанд. Яъне ҳадди аққал аҳолии пойтахтро то 20 июл озмоиши сабру таҳаммул дар пеш аст.
Дар ҳамин маврид, корхонаи обу корезии Душанбе аз пӯшидатарин муассисот маҳсуб меравад, ки масъулин дари гуфтушунидро ба рӯи ҳама бастаанд. Як корманди ин идора, ки худро муаррифӣ накард, баробари шунидани суоли ман посух дод, «Ако, ман ба ин суолатон ҳеҷ чиз гуфта наметавонам» ва гӯширо партофт.
Ин дар мавридест, ки аҳзоби сиёсӣ ҳукуматро дар ин дору гир гунаҳкор хондаанд.
Шокирҷон Ҳакимов - муовини раиси Ҳизби Сотсиал-Демократи Тоҷикистон мегӯяд, ҷанги шаҳрвандӣ мардумро тоқатпазир ва сабур кардааст ва аммо ҳукумат набояд аз таҳаммули мардум сӯистифода кунад: «Ин проблемаи ҳамин шабу рӯз нест. Ин проблемаи система аст, яъне ҳам проблемаи демография, ҳам проблемаи иқтисодӣ, ҳам проблемаи фасод ва ҳам проблемаҳои вуҷуд надоштани озодии баён, озодандешӣ ва ҳам проблемаи кадрӣ низ мебошад. Зеро агар кадрҳои роҳбарикунандаи хуб мебуданд, онҳо қаблан аз ин хатар ҳукуматро огоҳ мекарданд ва роҳи инро мегирифтанд. Ман бовар дорам, ки агар ҳамин шабу рӯз интихобот гузаронем, мардум аслан на ба раиси ҷумхур ва на ба депутатҳои кунунӣ овоз намедиҳанд.»
Дар Душанбе як фазои дилгиркунанда ва шикастахотирӣ ҳукмфармост. Ба назар мерасад, ки мардум сахт дилсард шудаанд. Дар чашмони сокинони Душанбе замоне шарораи шодӣ медурахшад, ки онҳо мошинҳои ифлосу фарсудаи сӯхторнишониро мебинанд. Ин мошинҳо оби ошомиданӣ доранд.
XS
SM
MD
LG