Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳимояти марз ва марзбонони дар интизори сарнавишт


Раҳматкарими Давлат аз Бадахшон Ҳафтоду се километри марзи Тоҷикистон бо Афғонистон дар ҳудуди ноҳияи Дарвози Бадахшон танҳо қитъае аз марзи 1400 километрии марзи миёни ин ду кишвар аст, ки тавассути нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон муҳофизат мешавад. Ин қитъаи марз ба унвони намуна барои омӯзиши сатҳи омодагии нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон ба назорати марзбонони тоҷик дар чор соли пеш вогузор шудааст. Афсарон ва сарбозони тоҷик, ки дар ин ноҳияи марз хидмат пеш мебаранд, бидуни дудилагӣ ва бо қотеъият мегӯянд, омодаанд назорати қисмати дигари хати марз бо Афғонистонро дар ин ноҳия бар дӯш бигиранд. Онҳо мегӯянд, тӯли се сол собит кардаанд, ки барои иҷрои ин кор қодиранд.

Қалъаи Хум маркази маъмурии ноҳияи Дарвоз як шаҳраки кӯчаки кӯҳистонист, ки умдатарин қисмати он ба бошишгоҳи низомиёни русиву тоҷик табдил шудааст. Идораи фармондеҳии нирӯҳои марзбони Русия ва Тоҷикистон дар маркази ин шаҳрак дар паҳлӯи ҳам ҷой гирифтааст, вале аз лиҳози вусъат ва имконот қобили қиёс намебошад. Марзбонони тоҷик ба имконоти сарбозони рус танҳо ҳасад мебаранд. Қароргоҳи нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон ба сурати муваққат мактаби варзишии маркази ноҳия интихоб шудааст, ки ба гуфтаи фармондеҳони ин қисми низомӣ зарфияти таъмини шароити як дастаи марзбонии комилро надорад.
Як фармондеҳи нирӯҳои марзбони тоҷик, ки бо ман сӯҳбат мекунад, аз равзаи утоқаш шаҳраки низомиёни Русияро нишон медиҳад ва мегӯяд, бо ин вуҷуд, ки шароити хидмати мо қобили қиёс нест, вале омодаем то ҳарчӣ зудтар ҳимояти марзҳоямонро таҳвил бигирем.
Дар ин қисми низомӣ ман бо генерал Алиназар Давлатмамадов, фармондеҳи нирӯҳои марзбони Тоҷикистон дар минтақаи Бадахшон мулоқот мекунам, ки барои бозрасии фаъолияти марзбонон омадааст. Ӯ мегӯяд, фаъолияти марзбонони тоҷик дар 73 километри минтақаи Дарвоз намунаи амалкард ва тавононии марзбонон дар ҳимояти марзҳои кишвар аст, ки метавонанд ҳимояти марзро бар дӯш бигиранд: «Минтақаи тарафи рости Дарвоз, ки хати аввали марз бо Афғонистон аст, марзбонони тоҷик ҳимоят мекунанд, ҳеҷ нооромӣ нест. Мо бо марзбонони Русия, ки дар тарафи рости Дарвоз ҳастанд, бо марзбонони ҷумҳурии Афғонистон ҳамокорӣ дорем. Мо назар бо солиёни пешин аз лиҳози озуқа ва либосворӣ хубтар таъмин ҳастем. Ягон манониъат вуҷуд надорад. Марзи Тоҷикистонро ҳамчун гавҳараки чашм нигаҳ медорем».
Аз генерал Давлатмамадов мепурсам, ки барои комилан ба дӯш гирифтани ҳимоят марзҳо дар самти Бадахшон умдатарин мушкили шумо чист?
Вай гуфт: «Аз тарафи таъмини дидбонгоҳҳо ва комендатураҳо бо афсарони кадрӣ мо каме танқисӣ мекашем. Чунки кадрҳои марзбониро аслан дар Русия омӯзиш медиҳанд ва ҳар сол 20-30 нафарро барои хидмат мефиристанд, ки ин барои ниёзмандии Кумитаи ҳифзи сарҳадот дар шароити феълӣ басанда нест».
Ба гуфтаи сокинони деҳоти ноҳияи Дарвоз марзбонони тоҷик дар бархе маворид то чанд замони пеш аз сӯи шаб ба хонаҳои мардум омада ва нон суроғ мекарданд. Ва ё мо бо ҷамъе аз хабарнигорон, ки барои инъикоси расми ифтитоҳи як гузаргоҳи марзӣ рафтаем, дар деҳоти мухталиф сарбозонро машғули корҳои кишоварзӣ мебинем. Ин сарбозон ба суоли мо посух намегӯянд, ки чаро чунин кореро анҷом медиҳанд. Амри фармондеҳ аст ва онро бояд иҷро кард. Аммо ман посухи ин суолро аз фармондеҳи нирӯҳои марзбони тоҷик дар вилояти Бадахшон ҷӯё мешавам. Ӯ мегӯяд, дар гузашта чунин корҳое будааст, аммо акнун бо эҷоди шароити ҷадид, таъмини фармонҳои нави дастаҳои марзбонӣ ва беҳбуд ёфтани таъминоти воҳидҳои марзбонӣ, реҷаи низомӣ қатъиян риоят мешавад:
«Ин вазъият ҳоло дида намешавад. Барои он, ки то вақте, ки мо бо хӯрока ва пӯшок таъмин ҳастем, ба касе чунин имтиёз намедиҳем. Хидмат тибқи реҷаи низомӣ пеш меравад».
Аммо қиссаҳои сарбозони қатории тоҷик дар бораи шароити хидмат ва зиндагиашон. Саъдулло Каримов, сарбози қисми низомии 2711-уми кумитаи марзбонӣ аз ноҳияи Ғончӣ, ихтиёран барои хидмат ариза додааст. Ӯ мегӯяд, шароити хидмат назар ба чанд вақти пеш каме беҳтар шудааст. Ӯ бо хушҳолӣ мегӯяд, дигар ба корҳои кишоварзӣ намеравад: «Тартибу интизом нағз аст ҳоло. Ба корҳои хоҷагӣ рафтанро барҳам доданд. Дигар ҳар як кас вазифаи худашро пеш мебарад».
Аммо як сарбози дигари ҳамин қисми низомӣ, ӯ ихтиёри худаш хидмати аскарӣ наомадааст. Агарчанд мегӯяд шароити хидмат бад нест, вале боз ҳам орзуи марзбон шуданро дар дил намепарварад: «Саҳар маска медиҳанд, қандчой, обед - якум дуюм, бегоҳ хайр як хӯрок аст. Хуб аст, хайр гурусна намемонем." -Намехоҳед, ки марзбониро пеша кунед?
-Не, инро намехоҳам. Хоҳиш надорам.
Ба гуфтаи марзбонони тоҷик, тӯли чаҳор сол ҳимояти хати аввали марз бо Афғонистон дар қитъаи рости Дарвоз мушкили ҷиддие бо марзбонони афғон пеш наомадааст.
Генерал Нур Аҳмад - фармондеҳи нирӯҳои марзбонии Афғонистон дар самти Бадахшонро ба ҳангоми музокироташ бо марзбонон ва мақомоти маҳаллии Тоҷикистон мулоқот мекунам. Ӯ барои анҷоми музокирот ҷиҳати ҳалли мушкиле омадааст, марбут мешавад, ба фаъолияти роҳсозони тоҷику турк дар роҳи Кӯлоб-Дарвоз. Ба ҳангоми амалиёти роҳсозӣ ва хусусан кӯҳшикофӣ ба гуфтаи сокинони минтақаҳои марзии Афғонистон манозили маскунии сокинони соҳили чапи рӯдхонаи Ому осеб дида ва ё хароб мешавад. Ва қумандон Нураҳмад барои ҳалли ин масъала ва даъвои сокинони марзии Афғонистон даъват шудааст.
Ӯ дар бораи ҳамкориҳои марзӣ мегӯяд: "« Вазъияти марз комилан хуб аст. Ҷилави маводи мухаддир дар минтақаи Қалъаи Хум то Шоҳон, ки марзбонони тоҷик онро ҳимоят мекунанд, дар ҳамкорӣ бо марзбонони афғон гирифта шудааст."
Генерал Аҳмад ҳамзамон бо ду гурӯҳи марзбонон, яъне ҳам марзбонони тоҷик ва ҳам рус ҳамкорӣ мекунад. Аз ӯ мепурсам, ки бо кадоме аз ин ду гурӯҳ барои афғонҳо роҳаттар аст, ки ҳамкорӣ кунанд: "Ҳар касе дар марз ҳузур дошта бошад, ҳамкории мо бо ҷониби муқобиламон яксон аст. Ин масъала ба давлати Тоҷикистон ва Федератсияи Русия вобастагӣ дорад, ки чӣ нирӯҳое аз марз ҳимоят кунанд».
Ва дар ҳоле, ки фармондеҳони нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон интизор доранд, ҳарчӣ зудтар ҳимояти комили марзҳоро аз сарбозони рус таҳвил бигиранд ва ин корро ба масобаи беҳбуди шароити фаъолият ва кори худ медонанд, сокинони маҳалӣ ба ҳар сурат то андозае шароити зиндагӣ ва таъмини маишати хонаводаҳои худро ба ҳузури нирӯҳои марзбони Русия марбут медонанд. Аз ҳар хонавода як ё ду нафар ба таври қарордодӣ дар сафи нирӯҳои марзбонии Русия хидмат мекунанд ва ҳудуди се сад доллар маоши моҳона дарёфт мекунанд.
Аммо дар маркази ноҳияи Дарвоз, ки умдатан шабеҳи шаҳраки низомиён шудааст, аз як афсари нирӯҳои марзбони рус дархости мусоҳиба мекунам. Ӯ ба дархости ман бо суол посух медиҳад, ки дар бораи ояндаи ҳузури нирӯҳои русӣ дар марз бо Афғонистон чӣ медонам. Ў низ мисли ҳама бошандагони минтақаи марзӣ ва марзбонони тоҷик дар интизори сарнавишт нишастааст.
XS
SM
MD
LG