Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пиракиҳои парлумон, садо диҳед Ҳоҷӣ Акбар, номзадҳои нав ба мансаби президент


Мавзӯъи аслии аксари нашрияҳои мустақил дар ин ҳафта боз интихоботи қарибулвуқӯъ буд. Дар матлабе дар ҳафтаномаи «Одаму Олам» пуштибонии Эмомалӣ Раҳмонов аз тарҳи тозаи қонуни интихобот дар рӯзи ваҳдат иштибоҳи ҷиддие номида шудааст, ки аҳзоби мухолифро нигарон сохтааст. Ба навиштаи муаллиф, тарҳи ҳозираи қонун боз ҳам ҳамон вакилони пулдореро, ки аллакай аз се даъват интихоб шудаанд, паси курсиҳои порлумон хоҳад шинонд. Ва ин вакилон барои то нафақа вакил монданашон талош доранд, то бо ҳар роҳ садоқаташонро ба роҳбар ва ҳизби ҳоким нишон бидиҳанд.
Ҳол он ки, тибқи пурсиши як созмони ғайриҳукуматии мавсум ба «Ситора», ки дар «Рӯзи Нав» нашр шудааст, аз 500 зани пурсидашуда дар вилояти Хатлон 95 дар садашон посух додаанд, ки вакилонашонро намешиносанд.
Ва аммо муаллифи матлаби «Одаму Олам» идома медиҳад, ки ин пиракиҳоро мебояд мардонавор ҷои хешро ба ҷавонони закӣ бидиҳанд.
Дар як матлаби дигаре дар «Одаму Олам» мактуби кушодае ба Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода зери унвони «Садо диҳед, Ҳоҷӣ Акбар!» нашр шудааст. Муаллиф дар бораи нақши Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода дар сиёсати оғози солҳои навад ёдовар шудаааст ва майдони сиёсати он замонро ба тахтаи шоҳмот ташбеҳ дода Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзодаро дар якҷоягӣ ҳам шоҳу ҳам фарзини суфуфи оппозитсия номидааст. Вале гилаи муаллиф аз нақши имрӯзаи Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода будааст, ки тибқи навишта вазифаи муовини аввали сарвазирро «садақа» гирифта хомӯш шудааст. Ва аммо онҳое, ки ҷон ба каф монда аз пайи шумо рафтанд, идома додааст муаллиф, ҷабру ситам, таҳқиру фишор диданд ва имрӯз бо мушкилоташон тани танҳо монданд. Муаллиф эътироф кардааст, ки агар имрӯз назди ин афрод ултиматуми ё қозиро дашном деҳ ва ё калтак мехӯрӣ, гузоранд, аксар аввалиро афзал хоҳанд шуморид. Вале муаллифи нома умед дорад, ки Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода аз «командировка»-и ҳафтсола бармегардад. Зеро имрӯз тӯдаи ношуде тамоми боигарии мамлакатро аз худ карда савлат меронад, омадааст дар нома. Сад ҳазор фирорӣ аз Афғонистон баргардонида шуданд, ки онҷо зери ҳимояи созмонҳои байналмилалӣ қарор доштанд, аммо кунун як миллион нафар гадои кӯчаҳои Русия гаштааст. Мардум нони хӯрдан надораду давлатдорон «Қасри Миллат» месозад.
Дар ҳоле, ки аз Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода дархости бозгашт ба сиёсат мешавад, иқтисодшиноси маъруф Ҳоҷимуҳаммад Умаров нахустин шуда эълом кардааст, ки номзадии худро дар интихоботи президентии соли 2006 хоҳад гузошт. Дар сӯҳбат бо «Рӯзи Нав» Ҳоҷимуҳаммад Умаров гуфтааст, интихоботи президентӣ дар ду давр хоҳад гузашт ва Эмомалӣ Раҳмонов низ дар он ширкат хоҳад кард. Аммо беҳтар аст, ки ширкат накунад, гуфтааст Ҳоҷимуҳаммад Умаров.
Ва аммо нашрияи ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мавсум ба «Наҷот» тахмин задаст, ки дар пешорӯи интихоботи соли 2006 Раҳмонов сарвазир Оқил Оқиловро бо кобинаи вузаро ба истеъфо хоҳад фиристод ва ин амалро барои бардоштани имиҷи сиёсии худ ва гирифтани холҳои бештар сиёсӣ анҷом хоҳад дод.
«Рӯзи Нав» дар матлабе навиштааст, дар пешорӯи интихоботи қарибулвуқӯъ Раҳмонов ба хулосае омадааст, ки сар фаровардан пеши шиорҳои демократияи амрикоӣ эҳтимоли шикасти ҳокимияти ӯро ба вуҷуд меорад ва аз ин рӯ ӯ ба Русия рӯ овардааст.
Дар ҳоле, ки коршиносони масоили сиёсӣ ва рӯзноманигорон аз ояндаи сиёсии Раҳмонов ҳадс мезананд, як гурӯҳи калони олимону адибони тоҷик аз ҷумла Саттор Турсуну Иноят Насриддин бо навиштани мактуби кушодае ба раисҷумҳури Тоҷикистон тақозои баррасии масоили марзиву ҳудудӣ бо Ӯзбакистонро кардаанд. Онҳо аз помоли ҳуқуқи тоҷикон дар Ӯзбакистон ёдовар шуда навиштаанд, барои манзили аҷдодии хеш бояд талош намуд. Нависандагони нома, ки онро «Одаму Олам» нашр кардааст, изҳори омодагӣ кардаанд, ки бо иҷозати раисҷумҳури Тоҷикистон дар назди сафорати Ӯзбакистон дар Душанбе гирдиҳамоӣ ташкил мекунанд.
XS
SM
MD
LG