Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари хабарнигори ғариб, театри як актёр, манъи намозгузорӣ дар артиш


Интихобкардаи ғуломон шабеҳи ғулом аст, ҳарчанд ӯро исм президент бошад. Ин ҷумлаест аз номаи бозгаштии Додоҷони Атовулло - муассиси нашрияи овозадори «Чароғи Рӯз», ки дар баробари расонаҳои интернетии хориҷӣ онро нашрияҳои мустақили Тоҷикистон низ чоп кардаанд. Дар номааш, ки онро Додоҷони Атовулло ҳангоми конфронси матбуотияш дар Душанбе низ қироат кардааст, рӯзноманигори ғариби тоҷик навиштааст, пас аз 12 соли ғурбат ӯ бо андешаи нек ба Ватан бозгаштааст.
«Азия Плюс» дар саҳифаи нахустини худ акси бузурги Додоҷони Атовуллоро нашр карда бо рӯзноманигор мусоҳибаи вижае оростааст. Додоҷони Атовулло гуфтааст, бадбахтии Тоҷикистон дар он аст, ки ҳукумати он мардумашро арҷ намегузорад ва эҳтиром намекунад. Додоҷони Атовулло гуфтааст, ӯ инқилобгар нест, сарвари ҳизби сиёсие низ нест, ӯ танҳо журналист аст ва он чиро менависад, ки медонаду мебинад. Ва аммо ба ин тарзи зиндагӣ сабр кардан ё накардан кори мардум аст. Вале мардум дар ин бора танҳо дар хона ва танҳо дар маҳфилҳои хурди дӯстона ҳарф мезанаду халос. Додоҷони Атовулло гуфтааст, ӯ мехоҳад дубора нашри «Чароғи Рӯз»-ро дар Тоҷикистон ба роҳ бимонад.
Аммо пас аз ба дасти нашр додани ҳафтаномаҳо хабари дигаре паҳн шуд, ки Додоҷони Атовулло Душанберо боз тарк кард. «Азия Плюс» дар саҳифаи интернетии худ аз қавли худи журналист навиштааст, сабаби бозгашти ӯ ба Маскав хавф ба ҷонаш будааст. Ӯ гуфтааст, ба як узви ҳайъати ҳамроҳаш занг задаанд ва гуфтаанд, ки ҳукумат аз бозгашти Додоҷони Атовулло розӣ аст, аммо як нерӯи саввум мавҷуд аст, ки ташаннуҷи муносиботи ҳукумат ва Додоҷони Атовуллоро мехоҳад. Он нафари зангзада ин қувваи сеюм созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла дафтари созмони миллал оид ба бунёди сулҳ, яъне ЮНТОП ва дафтари созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистонро номидааст.
«Рӯзи Нав» низ дар як матлабе сиёсати дохилии созмонҳои байналмилалии мустақар дар Тоҷикистонро таҳлил карда гуфтааст, дар сурате, ки кормандони маҳаллии ин созмонҳо ҳамагӣ 300 - 500 доллар маош мегиранд, ҳамтоёни хориҷии онҳо даҳ баробар бештар маош мегиранд ва ҳол он ки ҳамон мардикорони точик дар Русия низ дар як моҳ 300 -500 доллар ва бештар кор мекунанд. Муаллиф навиштааст, созмонҳои байналмилалӣ дар баъзе маворид аз ӯҳдаи иҷрои вазоифи аввалиндараҷаи худ ё намебароянд ва ё кори худро иҷро кардан намехоҳанд. Барои мисол, муаллиф САҲА-ро ном бурдааст, ки бо вуҷуди нуфузи зиёд дар ҷаҳон натавонистааст, ҷомеаи тоҷикро ба нерӯмандии худ бовар созад ва барои ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон коре бикунад. Муаллиф навиштааст, САҲА ҳамчунин беасос ба корҳои дохилии бархе аз расонаҳо дахолат мекунад, масалан ба корҳои дохилии ширкати мустақили «ТВ Қурғонтеппа». Муаллиф инро далели боло гирифтани ғараз ва хусуматҳои шахсии роҳбарияти ин созмон номидааст. Дар матлаби дигаре дар «Бизнес и Политика» сабаби ин гуна муносибати САҲА бо журналистон дар шахсияти роҳбари он Ив Баргейн дида шудааст, ки қаблан дар Туркманистон кор мекард. Муаллифи ин матлаб Зафар Абдуллоев - роҳбари ожонсии иттилоотии «Авасто» навиштааст, дар ба истилоҳ «рӯйхати сиёҳ»-и раҳбари дафтари тоҷикистонии САҲА ожонсии ӯ ва нашрияи «Бизнес и Политика» низ шомиланд.
Дар ҳамин ҳол, созмони байналмилалии «Интернюс Нетворк» хабар додааст, барои таҳия ва пахши барномаи телевизионияш мавсум ба «Осиёи Кушод», ки мавзӯъоташ мушкилоти иҷтимоӣ мебошад, ба монеъот мувоҷеҳ гаштааст. «Нерӯи Сухан» навиштааст, то имрӯз 200 барномаи «Осиёи Кушод» дар Тоҷикистон тариқи 14 шабакаи мустақил пахш шуда буд. Аммо ахиран ба қонуни телевизион ва радиошунавонии Тоҷикистон тағйироту иловаҳо ворид шуда акнун барои истеҳсоли маҳсулоти телевизионӣ низ муҷаввиз талаб мешавад. Ва аммо «Интернюс Нетворк» имкони гирифтани чунин муҷаввизро надорад, зеро айни ҳол раванди муҷаввиздиҳӣ роҳандозӣ нашудааст. «Интернюс» гуфтааст, дар ҳоле, ки чунин санад вуҷуд надорад, талаби муҷаввиз ғайриқонунӣ аст. Аммо Мӯсо Асозода - ноибраиси комииссияи муҷаввиздиҳии назди кумитаи ТВ ва радиои Тоҷикистон ва раиси дастгоҳи ҳизби халқӣ - демократӣ гуфтааст, вақте қонун доштани муҷаввизро талаб мекунад, пас бояд ин нукта риоя гардад. Дар посух ба суоли оё Телевизиони Тоҷикистон барои истеҳсоли барномаҳояш муҷаввиз дорад, Мӯсо Асозода изҳори бехабарӣ кардааст.
Гуфта мешавад, фишор бар расонаҳои ғайриҳукуматӣ дар пешорӯи интихоботи қарибулвуқӯъи порлумонӣ бештар шудааст. Дар мавриди қонуни тозаи интихобот, дар як пурсиши «Рӯзи Нав» Бахтиёр Садриддинов ном журналисти ҳафтаномаи «Россия» посух додааст, агар ин қонун қабул шавад, интихобот ба истилоҳ ба «театри як актёр» дар симои ҲХДТ табдил меёбад, яъне ба навиштаи «Одаму Олам», «Алвидоъ, баробарии аҳзоб!».
Дар бастагӣ ба тарҳи нави қонуни интихобот аҳзоби мухолифи Тоҷикистон ба истиснои ҳизби коммунист изҳороте қабул карда гуфтаанд, дар сурати қабули қонун бад - ин шакл дар Тоҷикистон авторитаризм ва яккатозии ҳизби ҳоким куллан барқарор хоҳад шуд. Дар зери ин изҳорот, ки дар ҳафтаномаҳои мустақил ба табъ расидааст, аз номи ҳизби сотсиалист Мирҳусейн Назриев имзо гузаштааст. Руасои аҳзоби дигар гуфтаанд, ба ҳайси раиси ин ҳизб танҳо Назриевро мешиносанд.
«Рӯзи Нав» атрофии бозиҳои дохилиҳизбии сотсиалистон матлабе нашр кардааст. Дар матлаб омадааст, рӯзи 20 июн Абдуҳалим Ғаффоров ва Қурбон Восиев дар Душанбе анҷумани ғайринавбатии ҳизбро ташкил кардаанд ва дар он Ғаффоров раиси ҳизб интихоб шудааст. Аммо Назриев ин табаддулотро қабул надошта, хабар додааст, ки Ғаффоров ва Восиев ҳанӯз соли 2000 аз ҳизб ихроҷ шуда буданд. Дар «анҷуман»-и ғайриқонунӣ вакилони Суғд, Бадахшон ва бархе аз навоҳии Хатлон ширкат накардаанд. Дар ҳамин ҳол, ҲСТ эълон кардааст, ки анҷумани навбатӣ моҳи декабр баргузор хоҳад шуд. «Рӯзи Нав» такрори навори соли 2000-ро дар ин ҳизб охирин мухолифате номидааст, ки тақдири сотсиалистонро ҳал хоҳад кард.
Дар саҳафоти «Одаму Олам» баҳси дигаре идома дорад. Баҳс атрофии вазорати дифоъ ва мақомоти роҳбарикунандаи он. Ин навбат муаллифи матлаб бо имзои мустаори Имоми Замон аз ҳодисае ёдовар шудааст, ки чи гунна соли 1996 дар Сағирдашт полковник Чесноков се сарбози қисми низомии 08003 - ро дар пеши чашми садҳо аскарони тоҷик бегуноҳ паррондааст. Пас аз ду рӯзаш бошад ба полковник Чесноков барои хидматҳояш ба мардуми тоҷик аз тарафи ҳукумат автомобили «Жигули 06» ҳадя шудааст.
Дар ҳамин ҳол, ҳукумати Тоҷикистон қароре қабул кардааст, ки тибқи он дар артиш савму салот, яъне рӯза ва намоз манъ шудааст. Ношири ин хабар «Одаму Олам» суол кардааст, магар соли 1937 такрор меёбад?
XS
SM
MD
LG