Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозори "Баракат" аз маркази шаҳр меравад


Беш аз бист мағоза ва нуктаҳои дигари тиҷоратии шафати бозори Баракати пойтахт хароб карда шуд. Шавкат Саидов - сухангӯи шаҳрдори Душанбе гуфт, бар асоси нақшаи ҷадиди шаҳрдорӣ ва бинобар бунёди Кохи миллат дар ин мавзеъ куллия манозили мавҷуд дар атрофи он ва аз ҷумла бозори Баракат бо дӯконҳои хурду бузургаш табдили макон хоҳанд кард: "Бозори Баракат низ ҳамчунин дар ин нақша ҳаст. Фақат вобаста аз он, ки рӯ ба рӯи бозор як қатор мағозаҳои якошёна вуҷуд дорад, онҳо аз байн бурда мешаванд.» Сухангӯи шаҳрдори Душанбе гуфт, ки тибқи нақшаи ҷадид, дар назар аст ба ҷои бархе аз биноҳои тахриб ва кӯчдодашуда роҳ ва ҳамчунин боғ ва ё парки миллӣ бунёд шавад.
Ин дар ҳолест, ки мудирон ва кормандони ин нукоти тиҷоратӣ аз он, ки шаҳрдорӣ бидуни огоҳии қаблӣ даст ба чунин иқдом задааст, изҳори нигаронӣ карданд. Як тан аз фурӯшандаҳо дар сӯҳбат бо мо гуфт, ки соле пеш ба маблағи 12 ҳазор доллар дӯкони мазкурро харида буд. Аммо акнун масъулини шаҳрдории Душанбе бидуни пардохти ҷуброн мағозаи ӯро хароб мекунанд: «Аз тарафи ҳукумат байни се рӯз мӯҳлат доданд ва ин қадар хароҷоте, ки кардем, бо ягон мактуб набаромаданд, мисол, ки як моҳ мӯҳлат бидиҳанд, мисол як ҷо бояд, ки аввал муайян мешуду баъд мегуфтанд, ки магазинҳоро биканеду вайрон кунед. Мо ҳайрон шудем, ки акнун куҷо равем.» Ин фурӯшанда афзуд, дар вазъияте, ки ҳеҷ яке аз корхона ва муассисоти давлатӣ ӯро бо ҷои кор ва маоши муносиб таъмин карда наметавонад, вай ба ночор рӯ ба бозор оварда буд. Вале акнун ҳам аз маблағи сарфкарда ва ҳам аз ҷои кор маҳрум шудааст.
Бозори "Баракат", ки бо номи бозори Путовский маъруф аст, куҳантарин макони тиҷорат дар пойтахт ба ҳисоб меравад. Ин бозор дар марказ ва ҷойи пурҷамъияттарини шаҳр ҷой гирифтааст. Ба гуфтаи масъулини бозор, ҳоло дар ин ҷо бештар аз сесад нафар кор мекунанд ва маоши зиндагиву маишати рӯзгорашонро аз ҳаиин ҷо таъмин менамоянд. Масъулини шаҳрдорӣ мегӯянд, то якуним ду соли дигар бозори мазкур фаъолият хоҳад кард, вале баъдан бар асоси нақшаи ҷадиди сохтмони шаҳри Душанбе ин бозор низ ба ҷои дигар кӯч дода хоҳад шуд. Шавкат Саидов - сухангӯи шаҳрдори Душанбе гуфт, шаҳрдорӣ ба соҳибони мағоза ва нукоти дигари тиҷоратии бозори "Баракат" маблағи хисораро пардохт хоҳад кард.
Абдуқайюми Қайюмзод аз шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG