Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дузанаҳо кам шудаанд?


Ҷомеашиносон мегӯянд, теъдоди оилаҳои полигамӣ ва ё аниқтараш мардҳои дузана дар Тоҷикистон кам шудааст. Вале сабаби ин коҳиш на дар болоравии нақши зан дар оила ва ё афзоиши мардҳои ошиқи танҳо занҳои аввал будааст, балки омили аслии ин зуҳурот дар маҳдуд шудани имконоти молии мардҳо дида шудааст. Аммо бо вуҷуди ин, падидаи серзанӣ дар ҷомеаи имрӯзи Тоҷикистон як ҳодисаи маъмулӣ ва сабаби бадбахтиҳои занҳои аввал боқӣ мондааст. Сабоҳат Шарифова-корманди созмони ғайриҳукуматии «Осиёи Озод» мегӯяд, бо шунидани хабари издивоҷи дуюмбораи шавҳар занҳои нахуст гирифтори фишори равонӣ мегарданд, вале дар хонаи шавҳар боқӣ мондан ва ба истилоҳ ба тақдир тан доданро афзал мешуморанд. Бону Шарифова мегӯяд:
«Бисёре аз занони мо касбе надоранд, ҷои муаяни кор надоранд, даромад надоранд, агар шавҳарашон зани дуюм ҳам гираду зани сеюм ҳам, маҷбур мешаванд, ба ҳамаи ин тоқат кунанд. Ва онҳо (яъне мардҳо) мегӯянд ҳам, агар ту як даҳан гап занӣ, ки чаро зан гирифтӣ, манн туро талоқ мекунам». Ба андешаи хонум Шарифова, чанд соли қабл, яъне пас аз ҷанги шаҳрвандӣ теъдоди он мардоне, ки имкон доштанд, то ду ва ё бештар зан гиранд, зиёдтар буд. Вале бо поёнравии сатҳи зиндагӣ ва муҳоҷирати афзуни мардҳо ба Русия акнун кам мардоне соҳиби чанд зану чанд хона ҳастанд. Гуфта мешавад, ин мардҳои сарватманд ба истилоҳ «ҳарам»-и худро асосан аз духтарони ҷавон ва шавҳарнадида ва ё ҷавонзанҳои зебову вале ба зудӣ аз шавҳар ҷудошуда пур мекунанд. Сабоҳат Шарифова бар ин назар аст, ки зангирӣ барои ин мардон ба як навъ ҳоббӣ табдил гаштааст:
«Ҳамсояаш агар зан гирад, ин ҳам бояд зан гирад, ҳамкораш агар зан гирад, ин низ бояд зан гирад. Агар зан нагирад, дигарон механданд, ки мо гирфитему ту мондӣ. Ин ҳам ба мисли чих ел гӯям, анна мошин мегиранд, хона мегиранд, ин ҳам мисли мусобиқа шудааст». Ба андешаи рӯзноманигор Дилшод Раҳимӣ-корманди маҷаллаи вижаи бонувон бо номи «Гуфтугӯ», интихоби арӯс, ки маъмулан аз ҷониби волидон сурат мегираду баъдан боиси ихтилофот ва ҷанҷолҳо дар оила мегардад, яке аз омилҳои аслии зани дуюм гирифтани мардон мебошад. Ҷаноби Раҳимӣ меафзояд:
«Як сабабаш ин аст, ки мард аз зиндагии авали худ қонеъ нест. Чунки ба табъи дили вай набуд. Ва чун мардон, ки худшиносии фардии онҳо, худшиносии оилавии онҳо тақрибан дар сини сисолагӣ пухта мерасад, ва албатта ба худ омада мехоҳанд, боз зани дигар дошта бошанд, оилаи дигар дошта бошанд, ки табъи дили онҳо бошад».Тибқи мушоҳидаҳои ҳолдонон, синну соли мардони серзана одатан аз 35 то 45-ро ташкил медиҳад. Акбаршо Аҳмадов - пизишки риштаи амрози ҷинсӣ сабаби зуҳури бештари ин падида маҳз дар ин синну солро аз нигоҳи тиб чунин шарҳ медиҳад:
«Аз рӯи навиштаҳои мутахассисони соҳа, дар ин синну сол мардон пухта расида фаъолияташ баланд мешавад. Боз сабаби дигараш дар он аст, ки вазнинии зиндагӣ бештар дар сари занон аст, онҳо бисёр таваллуд мекунанд ва организмашон заиф мешавад ва талаботи мардонро қонеъ карда наметавонанд, бинобар ин шояд яке аз сабабҳояш ин ҳам бошад».
Коршиносон бар ин назаранд, ки коҳиши шумори мардҳо, афзоиши теъдоди духтарони бешавҳар ва мушкилоти иқтисодии ҷавонмардони дар ватан боқимонда, ки қудрати молии издивоҷро надоранд, авомили аслии ризоияти бархе аз духтарон барои зани дуюму сеюм шудан мебошад.
XS
SM
MD
LG