Эълонҳои харид ва фурӯши хона дар нашрияҳои Тоҷикистон аз чиҳати сершуморӣ ҳамаи дигар анвоъи эълонҳоро ба дуриҳои дур қафо гузоштааст. Аммо дар ҳафтаномаҳои чопи Тоҷикистон эълонҳои кордеҳону коркобон низ кам нест. Дар он аксаран шуғлу касбҳои таъмиргари хонаву таҷҳизоти барқӣ, дуредгар ва хонарӯбу мураббии атфол пешниҳод мешавад. Одатан ин гуна эълонхо аз ҳамагӣ якчанд калима иборат аст. Ба мисли: «Доя лозим аст. Телефон фалон рақам.» Тариқи нашрияҳо тарабхонаҳо пешхизмат ва мағозаҳо фурӯшанда меҷӯянд. Вале шарти ҳатмии ин кордеҳон синну соли ҷавон ва зоҳири зебо мебошад. Касе, ки касби ошпазӣ дорад, ӯ низ ба воситаи нашрияҳо барои худ ҷойи кор метавонад биёбад.
Созмонҳои байналмилалӣ низ тариқи эълон дар ҳафтаномаҳо барои худ корманд меҷӯянд. Вале синну соли ҷавон ва зоҳири зебо барои дар ин созмонҳо кор ёфтан кофӣ нест. Маъмулан, ҳаҷми шарту шароите, ки ин созмонҳо аз хоҳишмандон талаб мекунанд, бештари ҳаҷми матни эълонашонро ташкил медиҳад. Ва албатта ҳадди аққал бо панҷсола собиқаи корӣ ва беҳтар мебуд, агар хоҳишманд таҷрибаи кор дар созмони байналмилалии дигар медошт.
Тариқи нашрияҳо муаллимон барои худ шогирд ва шогирдон муаллим меҷӯянд. Марказҳои мухталифи омӯзиши ваъда медиҳанд, ки дар муддати хеле кӯтоҳ ва бо нархи хеле арзон ҳамаро англисидону мутахассиси компютер мекунанд. Вале боз ҷавононе ёфт мешаванд, ки ба донистани ягон забони дигар, испанӣ, фаронсавӣ ва ё арабиӣ шавқ доранд ва дар ҷустӯҷуи мударрис ҳастанд.
Худи нашрияҳо низ барои худ ба воситаи эьлон корманд меҷӯянд. Ҳафтаномаи тозатаъсиси «Салом алайкум» хабарнигори ҷавоне меҷӯяд, ки русиро хуб донад ва бо компютер кор карда тавонад.
Баъзан, эълонҳои аҷиб низ ба назар мерасад. Мисол, ба ин эълон таваҷҷӯҳ кунед: «Идея мефурӯшам, идеяи навоварӣ дар истеҳсоли маводи сохтмон, мебел ва ғайра ва фурӯши он ба хориҷиён.» Дар ҷаҳони имрӯз, ки онро иқтисоди бозаргонӣ идора мекунад, идея моли серхаридор ва зуд ба фурӯшраванда маҳсуб мегардад, ҳарчанд равшан нест, ки агар харидор идеяро фаҳмаду пулашро напардозад ва ё пардохт намояду идея писандаш наояд, пас чӣ мешуда бошад?
Бархи дигари соҳибони ҳунари фавқулодда роҳи осонтари амали сохтани идеяҳои худ ва истифода аз ҳунари худро пеш гирифтаанд. Ба як чунин эълон таваҷҷӯҳ кунед: «Фол мебинам, бо нируи кайҳонӣ муолиҷа мекунам. Ва рақами телефон.» Ман бо ин рақами телефон занг задам, аммо гӯширо касе набардошт. Баъд, ба як ҳамкасби дигари ин шахс занг задам.
«-Алло?
-Ассалому алайкум.
-Ва алайкум салом.
-Мебахшед, шумо эълон дода будед?
-Ҳа, ин ман эълон додаам.
-Дар бораи фолбинӣ-а?
-Фолбинӣ не, ин пешбинӣ, ясновидение мегӯянд. Ояндаи одамро гап мезананд ва агар ёрӣ расонидан лозим бошад, ёрӣ мерасонанд.
-Барои он ки шумо ояндаи ягон нафарро пешбинӣ кунед, оё танҳо сураташ низ кофӣ аст?
-Агар дар шаҳр набошад, мешавад.
-Баъд, мебахшед як суоли дигар. Ба ҳамин пешгӯиҳои шумо то чӣ дараҷа мешавад бовар кард? Аз рӯи чӣ шумо пешгӯӣ мекунед, мисол аз рӯи ситораҳо, қартаҳо..?
-Аз рӯи тасбеҳ, ё аз рӯи қарта.
-Адреси шумо дар куҷо мебахшед?
-Ман мегӯям нависед..
Якум вохӯрии мо панҷ сомонӣ аст. Агар омаданӣ бошед, қаблан занг занед.
-Шумо ҳар рӯз қабул мекунед?
-Рӯзи ҷумъа.»
Маъмулан, фолбинҳову табибҳои мардумиву кайҳонӣ ба эълону рекламаи ҳунари худ дар саҳафоти нашрияҳо ниёз надоранд, аммо шояд бархе аз эшон ба тозагӣ ба ин арса қадам ниҳодааст ва гузоштани гомҳои устувор дар ин ҷода, фаҳмида шавад, роҳандозии бизнеси худ, бидуни реклама душвор аст барояшон.
Аз эълонҳои дигари хоси ҷавонон бахши ашёи гумшуда мебошад. Дар ин ҷо шаҳодатномаву диплому дафтарчаи имтиҳониву билетҳои донишҷӯии гумшударо аз эътибор соқит мехонанд. Матни маъмулии аксари кулли ин гуна эълонҳо чунин аст: «Номаи камоли гумшудаи фалон рақам, ки онро фалон сол фалон мақоми фалон макон ба фалон шахс додааст, эътибор надорад.»
Аммо дар эълонҳои кордеҳон барои дарёфти фаррошу хонарӯб, пешхизмати тарабхонаву дуредгар, таъмиргари хонаву дигару дигар сухане дар бораи на номаи камол ва на диплом нест.

ТУПИЗНА..... 2350 сол пеш Искандари Мақдунӣ аз Юнон то Эрону аз онҷо то Суғд (Хуҷанд - Эсхата) омад, аз он ҷо ба тарафи шарқ Помиру Қошғар (Шинҷон) рафт, дар он ҷо мардум (бобоҳои уйғурҳо) ба у гуфтанд, ки қавми яҷуҷу маҷуҷ (чиниҳо) ҳар гоҳе ба онҳо ҳамла мекунанд, ӯ барои пешгирӣ аз ҳамлаи онҳо Саддеро сохт (Девори бузурги чинӣ - Великая китайская стена) , ки аз он ба ин тараф гузашта натавонанд, ин то 1000 сол давом кард, баъд дар солҳои 630 аз девор гузаштанд, ба тарафи Муғулистону Осиёи Миёна ҳамла карданд, форсу туркҳо бо ҳамроҳии арабҳо пеши роҳи онҳоро гирифтанд, боз 600 сол пас муғулҳо (набераҳои чиниҳо) қавӣ шуда, ба Осиёи Миёна ҳамла карданд, то Қуния (Туркия) рафтанд, 150 сол баъд ба ҷои онҳо Амир Темур омад, боз то Осиёи Хурд (ҳамон Туркия) ҳамла карда рафт, ИНҲО БОШАНД АФСОНА МЕНАВИСАНД, мо арусҳо ва ғуломҳои чиниҳо будем гуфта мегарданд.
Донишҷӯёни ки имрӯз дар зиндагонанд асосан ҳеҷ ҷурми надорад, аммо давлати тоҷикистон ба гунаи рафтор мекунад ки фикр мекуни тамоми мушкилоти кишварро онҳо ба вуҷуд овардаанд.
Ба фикрам ба сурия гурехта ба чангиёни хунхори ДОИШ пайваст шудааст. Аз хамончо меёбанд
Мансабдорои восеъги , ки дар Душанбе вазифахои ругани доред, номустона нишон бтен ку.
Хамин ки инсон аз илм дур монд пойбанди дину мазхабу ва равияхои дуруг мегардад. Албата даалатхои араб ва умуман кавми араб аз ислом пеш низ бо мо форсхо душмани доштанд ва холо низ доранд. Бубинед барои хамин кадар хизматхои бузургашон ба имоми Азам ва Абумуслими хуросони ва е имом ал Бухори хулафои аббоси чи карданд. Агар хамаи Эрон ва Точикистон салафи шавад низ моро арабхо руи дидан надоранд. Бехуда Худованд дар сураи Тавба оети 97 арусои бодияро кофиртару мунофиктар аз хама халк батар нагуфтааст. Ман аслан тарафдори режимхо нестам хусусан режимхои дини ва е мазхаби вале мо як порае аз он кавми бузурги форс хастем ки ифтихори мо тарихи мо фарханги мо маданияти мо аз он сарчашма мегирад. Бе он мо хеч хастем на араб парвои мо дорад на турку на дигару дигар. Аз ин сабаб фирефтаи мазхабу рааияхои сохтпву бофта нашавед теша бар решаи худ назанед режимхо дер е ззуд аз байн мераванд вале мо бо ахли худ мемонем ва аз он ифтихор мекунем. Тариху маданияту фарханги гузаштагони худро дуст доред ва аз он дифо кунед токи Шуморо эхтиром кунанд.