Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ашкҳои сангбастаи Бадахшон


Дар кӯҳҳои Бадахшон ҳазорсолаҳо боз санге маҳфуз аст, ки тибқи ривоятҳо, онро фақат одамони поку поксиришт метавонанд, пайдо кунанд. Ин санг булӯр ваё булӯри кӯҳист, ки онро иддае "ашки худованд" мехонанд ва дигарон оби ҳаёт ва ё гулҳои осмонӣ. Ба эътиқоди мардум, булӯр давои маризиҳои зиёде аст, ҷароҳатро ба зудӣ шифо мебахшад ва қалбу ҷонро ором месозад. Соҳиби ангуштарини булӯрӣ на аз сардии зимистон ҳарос дорад ва на гармои тобистон. Ҳанӯз дар асрҳои миёна Абӯалӣ ибни Сино гуфта буд, ки булӯри кӯҳӣ энергияи сиёҳро фурӯ менишонад ва онро бо энергияи пок табдил месозад.
Ба навиштаи рӯзномаи "Парламентская газета" чопи Маскав, қарнҳо пеш, ҳанӯз то пайдоиши дини масеҳӣ сангҳои гаронбаҳои Бадахшонро ба канорҳои гуногуни ҷаҳон мебурданд - ба Ҳинду Осиёи Ҷанубу- шарқӣ ва ҳатто ба воҳаи рӯдхонаи Нил. Ва аз ин рӯ ривоятҳо дар бораи ин сангҳо ва дар бораи неруи шифоии онҳо миёни мардумҳое маъруфтанд, ки аз ҳам ҳазорҳо километр дур ба сар мебаранд.
Мегӯянд, Коперник, ки оламиёнро ӯро ҳамчун мунаҷҷим мешиносанд, қабл аз ҳама табиб буд, зимнан, табиби дар он давра маъруф. Ва ӯ, Николас Коперникус панҷсад сол қабл аз ин ба як тоҷир давое навишт, ки ҳам дарди шикам, дарди сар ва ҳам бехобиро шифо мебахшид. Ва он даво сангҳои булӯр ва лаъл будаанд. Ретсепти навиштаи Коперник то ҳанӯз дар осорхонаи шаҳри Кракови Лаҳистон маҳфуз аст. Зимнан, лаъли Бадахшонро ҳанӯз дар Мисри Қадим санги шифо ном мебурданд ва барои давои чандин бемориҳо, аз ҷумла, мигрен ё дарди нимсара истифода мекарданд.
"Парламентская газета" Бадахшони Тоҷикистонро як мамнуъгоҳи нодири геологӣ арзёбӣ кардааст, ки дар он ҳама маъданҳои ҷадвали Менделеевро метавон пайдо кард. Ва маҳз аз ҳамин ҷо, ба навиштаи рӯзнома, ривоятҳо дар бораи сангҳои шифобахши бадахшӣ дар олам парешон шудаанд. Ва ин ривоятҳоро набояд аз байн бурд, зеро дар олам бидуни афсона ва мӯъҷиза зистан сангин аст.
XS
SM
MD
LG