Боронҳои селу тунбодҳо, обхезиҳову кӯчиши хок, болоравии ҳарорат ва биёбоншавии заминҳои Осиёи Марказӣ аз он рӯйдодҳое мебошанд, ки асосан бар асари фаъолиятҳои инсон ба амал омадаанд. Ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, ки дар ҳавзаи баҳри Арал ҷойгир мебошанд, ҳамчун минтақаи бӯҳрони зистмуҳитии бо дасти инсон ба амал омада, эътироф шудаанд. Фаъолиятҳои инсон ба иқлим, захираҳои обӣ, сохтори биологӣ, саломатии инсон, ҳосили кишоварзӣ, тараққии иқтисодӣ ва дар ниҳояти амр ба назму суботи сиёсии Осиёи Марказӣ таъсир гузоштаанд.
Доктор Елена Любимцева, ёвари профессори бахши ҷуғрофияву барномарезии Донишгоҳи Гранд Валеи аёлати Мичигани Амрико мизбонии ҷамъомади байналмилалӣ зери унвони " Аҳамият ва ё андозаҳои башарии тағйири иқлим ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ"-ро, ки рӯзҳои ҷумъаву шанбе дар ин донишгоҳ баргузор мегардад, бар дӯш дорад.
Елена Любимцева мегӯяд, ки Тоҷикистону Қирғизистон ду ҷумҳурии кӯҳии Осиёи Марказӣ бар асари тағийри иқлим ва болоравии ҳарорат тақрибан бо айни мушкилот рӯ ба рӯ ҳастанд: " Бо дар назардошти болоравии ҳарорат мо бояд пешбинӣ кунем, ки обшавии пиряхҳо дар кӯҳҳои Помир ва Тиёншон афзоиш меёбад. Ва мантиқи содда гувоҳ аст, ки гармшавии ҳаво боиси пайдоиши захираи иловагии об мегардад, вале аз сӯи дигар, хатари кӯчиши замин, ва дигар офатҳои марбут бо болоравии ҳарорат бештар мешаванд."
Дар сӯҳбати телефонӣ бо Бекмурод Маҳмадалиев - раиси Маркази ҳавошиносӣ ва намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ташкилоти Умумии Ҷаҳонии Метеорологӣ мепурсам, ки дар ин бора чӣ назар дорад?
Вай мегӯяд: "Албатта боришоти зиёд, баланд рафтани ҳарорати ҳаво ба обшавии зудтари пиряхҳо мусоидат мекунад. Ва агар мамолики водӣ, яъне Узбакистону Қазоқистону Туркманистон хуб бошад, барои Тоҷикистону Қирғизистон зарару хатари калон дорад, зеро обхезӣ ва эрозияи замин зиёд мешавад ва ба ҷони мардуми ин ду давлат низ таҳдид мекунад. Аммо тез об шудани пиряхҳо ба баланд шудани сатҳи оби Арал мусоидат намекунад, агар кишварҳои поёноб барои истифодаи сарфакоронаи об ҳаракат накунанд."
Тавре мебинем, вақте сухан аз тағйири муҳити зист ва захираҳои обии Осиёи Марказӣ меравад, хоҳу нохоҳ баҳр ва ё обанбори Арал хотирнишон карда мешавад. Хушкшавии Арал дар солҳои шастуми асри гузашта замоне оғоз ёфт, ки ҳукумати Шӯравӣ дар пайи обёрии заминҳо ва афзоиши ҳосили пахта шуд.
Дар гузоришҳои ширкаткунандагони ҷамъомади Донишгоҳи Гранд Валей омадааст, ки Ҷумҳурии Туркманистон баъди соли 1992 заминҳои обёришавандаашро 59 дар сад афзоиш дод. Аз Бекмурод Маҳмадалиев пурсидам, ки оё бо чунин суръат ва миқёси обёрӣ метавон дар бораи наҷоти Арал ҳарф зад? Оё хушкшавии баҳр идома нахоҳад ёфт?
Вай гуфт: "Албатта идома мекунад. Истифодаи оқилонаи захираҳои об ҳаминро ҳам дар назар дорад, ки зиёдшавии заминҳои корам, обёришаванда бояд оқилона ба роҳ монда шавад, зеро дар ҳақиқат яке аз проблемаҳое, ки Арал хушк мешавад, ин проблемаи истифодаи об дар хоҷагии қишлоқ аст."
Хуб, баргардем, ба Донишгоҳи Гранд Валей аёлати Мичиган ва ҷамъомаде, ки бо иштироки 21 пажӯҳишгари кишварҳои мухталифи олам барпо мегардад. Аз Доктор Любимцева мепурсам, бар иловаи наҷоти Арал чӣ мавзӯъҳое мавриди баррасӣ қарор мегиранд?
"Мо дар бораи тамоми паҳлӯҳои тағйири иқлим ва муҳити зист, ки ба ҷомеаи башарӣ таъсир мегузоранд: захираҳои обӣ, истифодаи замин, инқирози муҳити зист сӯҳбат мекунем. Чанд гузориш ба назорати биёбоншавии заминҳо бахшида мешаванд. Дар маркази баҳсҳо албатта баҳри Арал хоҳад буд. Як идда пажӯҳишгарон дар бораи таъсири гармшавии саросарии обу ҳаво ба Осиёи Марказӣ маълумот медиҳанд."
Доктор Любимцева изҳори таассуф кард, ки Виктор Новиков корманди Маркази обуҳавосанҷии Тоҷикистон саривақт ба гирифтани раводиди сафари Амрико муваффақ нашуд ва дар нишасти Гранд Валей касе аз Тоҷикистон намояндагӣ намекунад. Аз Бекмурод Маҳмадалиев, пурсидам агар шумо имрӯз дар Нишасти Гранд Валей иштирок мекардед, Шумо кадом масъаларо матраҳ мекардед?
Вай гуфт: "Ман аз тарафи ҳукуматӣ Тоҷикистон ҳамчун ҳамоҳангсози Конвенсияи тағйирёбии иқлим тасдиқ шудаам ва барои ҳамин барои ман шахсан партови буғҳои парникӣ ба атмосфера муҳим мебошад. Ва пешгирӣ аз тағйирёбии иқлим кам кардани партовҳо ба атмосфера ва кӯшишҳо ба харҷ додан барои адаптатсия ба тағйирёбии иқлим ин барои ман муҳимтар аст."
Адаптация, яъне мутобиқшавӣ, омодашавӣ. Дар ҳақиқат агар ба гуфтаи пажӯҳишгари тоҷик ҷомеа саривақт қабл аз вуқӯъ худро ба шароити нав мутобиқ кунад, қурбониву хисорот аз офатҳои ногузири табиӣ ва тағйири иқлим ба таври назаррас коҳиш меёбанд.