Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Умури интихобот ба дасти кист?


Мақом ва нақши Комиссияи Марказии Интихобот - ниҳоди масьул ва назоратии интихоботҳо дар кишвар дар ҳарду тарҳи пешниҳодии қонуни интихобот аз суи фраксияҳои Ҳизби Коммунист(бо иштироки намояндаи Ҳизби Наҳзати Ислом) ва Ҳизби Халқиву Демократӣ, ки ҳоло мавриди баррасии парлумон қарор доранд, ба таври мушаххас ва возеҳ дарҷ нашудааст.
Абдуғанӣ Муҳаммадазимов, раиси Анҷумани сиёсатшиносони тоҷик бо таъкиди ин нукта афзуд, бар асоси меьёрҳои байналмилалӣ ва тибқи таҷоруби ҷорӣ дар кишварҳои демократӣ Комиссияи Марказии Интихобот як ниҳоди новобаста ва мустақил мебошад ва маҳз ҳамин комиссия ҷараёни омодагӣ, баргузорӣ ва натиҷагирии интихоботҳоро ташкил ва назорат мекунад. Ҷаноби Муҳаммадазимов аз тарҳи пешниҳодии ҳизби коммунист ва намояндаи ҳизби наҳзати ислом дар мавриди таъсиси комиссияи марказии интихобот аз ҳисоби баробари намояндагони шаш ҳизби сиёсӣ ҷонибдорӣ кард, вале ҳамзамон гуфт, дар ин лоиҳа низ мақом ва мавқеъи комиссияи марказии интихобот норушан боқӣ мондааст.
Абдуғанӣ Муҳаммадазимов афзуд: "Ҳозир штаб ё ситоди комиссияҳои ҳавзавӣ дар ҳукуматҳо ҷойгир шудааст. Ин набояд ин хел бошад. Бояд дар ягон мактаб ё дар ягон омузишгоҳ бошад. Яъне дар як ҷои бетараф. На дар мақари ҳукумат, ки бо зури телефон фишор биёрад."
Муҳибулло Додоҷонов, роҳбари дастгоҳи Комиссияи Марказии Интихобот ва Раьйпурсиҳои Тоҷикистон иқрор кард, ки дар интихоботҳои қаблӣ мавориди зиёди қонуншиканиҳо чӣ аз ҷониби нозирони созмонҳои байналмилалӣ ва чӣ аз тарафи аьзои комисияи интихоботӣ мушоҳида шудааст. Вале, гуфт оқои Додоҷонов, дар ҳоли ҳозир дар ҳайъати Комиссияи Марказии Интихобот бар асоси асноди созишномаи умумии сулҳ намояндагони аҳзоби сиёсии мухолифи ҳукумат низ шомил мебошанд.
У мегуяд: "Дар айни замон дар комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ аз ҳизбҳои сиёсӣ аз ҳизби наҳзати ислом - ду нафар, аз ҳизби демократи Тоҷикистон - ду нафар, аз ҳизби коммунист - ду нафар, аз ҳизби халқӣ -демократии Тоҷикистон - ду нафар алакай ширкат доранд. Агар ҳар як ҳизб дар Тоҷикистон намояндаи худро пешниҳод кунад, ман фикр мекунам, ки ҳар як ҳизб ҳизби худро ҳимоя мекунад ва дар натиҷа ҳамон қарорҳое, ки аз тарафи комиссияи марказӣ қабул карда мешавад, мукин ҳаст ҳалли худро наёбад. Ман фикр мекунам, ки дар комиссияи марказии интихобот набудани намояндаи аҳзоби сиёсӣ шарт нест."
Оқои Додоҷонов афзуд, ҳоло дар саросари ҷумҳурӣ 3 000 қитъаи овоздиҳӣ созмон дода шудааст ва на ҳама аҳзоби сиёсии фаьол дар куллия манотиқи кишвар созмонҳои аввалияи худро ташкил додаанд ва ба ҳамин далел табиист, ки онҳо наметавонанд намояндагони худро шомили комисияҳои интихоботӣ дар маҳалҳо кунанд. Роҳбари дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот пешниҳоди ташкили ин комиссия аз ҳисоби баробари намояндагони шаш ҳизби сиёсиро ба ин далел, ки аҳзоб бештар манофеъи гуруҳии худро ба эътибор хоҳанд гирифт, қобили қабул намешуморад.
Дар ҳамин ҳол, Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода, узви раёсати Ҳизби Наҳзати Исломи Тоҷикистон, ки тибқи санади созишномаи умумии сулҳ шомили ин комиссия шудааст, мегуяд, ҳайъати 15- нафараи комиссияи марказии интихобот умдатан аз аъзои ҳизби ҳокими халқӣ - демократӣ таркиб ёфтааст . Оқои Сайфуллоҳзода меафзояд: "Мувофиқи созишномаи умумии сулҳ 25 фоизро дар комиссияи марказии интихобот намояндагони ҳизбҳо ва ҳаракатҳои собиқи оппозиситсияи тоҷик ташкил мекунанд. Агар ки мушаххас нишон дода гузарем, 4 нафаранд, вале дар аксари ҷаласаҳои комиссияи марказӣ ин афрод даьват карда намешаванд."
Оқои Сайфуллоҳзода афзуд, ки дар тарҳи пешниҳодии фраксияи ҳизби ҳоким дар робита ба мақом ва нақши Комиссияи Марказии Интихобот ишорае ҳам нарафтааст.
Ба ақидаи оқои Сайфуллоҳзода, таъсиси комиссияи интихоботии мустақил масъалаи усулӣ буда, ва дар сурате, ки дар тарҳи фраксияи ҳизби ҳокими халқӣ- демократӣ сарфи назар шавад, ҳама баҳсу баррасиҳои як соли ахири аҳзоби сиёсӣ, созмонҳои байналмилалӣ ҷиҳати ислоҳоти қонуни интихобот беҳуда анҷом шуда ва ин амал як фиреби навбатии ҳукумат хоҳад буд.
Аммо Ҷурахон Кабиров, раиси кумитаи қонунгузори ва ҳуқуқи инсони Маҷлиси Намояндагон ва яке аз муаллифони тарҳи пешниҳодии қонуни интихобот аз суи фраксияи ҳизби халқӣ-демократӣ муътакид аст, ки бидуни ширкати бевоситаи ҳукумат баргузории интихобот дар кишвар ба мушкилот мувоҷеҳ хоҳад шуд. Оқои Кабиров бо ишора ба мушкили таъмини моливу нақлиётӣ ва мухобиравии комиссияи маркази интихобот ва комисияҳои ҳавзавӣ ва қитъавӣ гуфт, дар тарҳи пешниҳодкардаи фраксияи онҳо бо ҳамин далоил ин бандро бидуни тағйирот гузоштаанд.
Ҷурахон Кабиров мегуяд: "Он чизе ки дар бораи комиссияи марказии интихобот ҳаст ва салоҳият ва ваколате, ки бевосита имруз ба онҳо дода шудааст, аз тариқи раванди ҷомиа имруза дуруст аст. Ман гумон мекунам, ҳукумати Тоҷикистон таъмини ҳаматарафаи интихоботро ба зиммаи худ дорад ва ин дар қонуни амалкунандаи Тоҷикистон бо пуррагӣ нишон дода шудааст."
Абдуғанӣ Муҳаммадазимов, раиси Анҷумани сиёсатшиносони тоҷик бо такя ба маълумоти Владимир Сотиров, роҳбари дафтари таҳкими сулҳи Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон гуфт, ҳоло дар Маҷлиси Намояндагон тарҳи саввум, яьне тарҳи пешниҳодкардаи гуруҳи кории намояндагони аҳзоби сиёсӣ ва коршиносони созмонҳои байналмилалӣ, ки дар он масъалаи таъсиси Комиссияи Марказии Интихобот ба таври, ба гуфтаи оқои Муҳаммадазимов, дақиқ муайян шудааст, мавриди омузиш қарор гирифтааст ва интизор меравад, дар тарҳи ниҳоии қонуни интихобот ин масъала ҳалли мусбати худро пайдо кунад.
XS
SM
MD
LG