Раёсати «Помир-Энержи» муоҳадаи худро бо ширкати русии «Багучангэсстрой» лағв кардааст. Нашрияи «Вароруд» чопи шаҳри Хуҷанд дар шумораи тозаи худ ин хабарро аз кавли Алимамад Ниёзмамадов - раиси вилояти Бадахшони Кӯҳӣ нашр кардааст. Ин ширкати русӣ дар сохтмони нерӯгоҳи барқии «Помир-1» фаъолият мекард. Аммо тӯли чанд моҳи кор танҳо 10 дар сади муваззафоташро ба сомон расондаасту халос. Бар иловаи ин, ширкати русӣ аз ширкатҳои «Помиргэсстрой» ва «Помирнақлиёт» ба маблағи умумии беш аз як миллион сомонӣ қарздор шудаанд. «Нерӯи Сухан» аз эътирофи қарздории Қазоқистон аз сӯи мақомоти он кишвар аз Тоҷикистон барои истифодаи нерӯи барқ ва тасмими бозгардондани он хабар додааст. Маблағи умумии қарз беш аз 11 миллион долларро ташкил дода, масъалаи он дар ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Қазоқистону Тоҷикистон дар Алмаато баррасӣ шудааст. Дар ҷараёни ҷаласа ҷонибҳо ҳамчунин масоили рушди ҳамкориҳо дар риштаҳои энергетика, об, кишоварзӣ, саноат, нақлиёт ва ғайраро баррасӣ намудаанд.
"Рӯзи Нав» бо нашри матлабе сабаби тез фарсуда шудани дираму сомониҳои тоҷикиро дар он дидааст, ки мардум пули кирояе надорад, то ба ҳамён гузорад. Як роҳи илоҷро нашрия дар истифода аз тангаҳхо дидааст. Аммо дар пойтахти Тоҷикистон мардум куллан тангаро истифода намекунад ва на дар бозору на дар нақлиёт тангаро намегиранд. Аммо дар маҷмӯъ, муаллиф хулоса кардааст, ки то ҳол дар байни тоҷикистониён як эҳтироми хосса нисбати асъори миллӣ падид нагаштааст.
Ҳафтаномаи «Тоҷикистон» соли гузашта мақолае дар бораи як марди тоҷике, ки ба гадоӣ машғул будааст, нашр карда буд. Пас аз нашри он соҳибмақоме он гадоро аз рӯи ихтисосаш, яъне ронандаи кран ба кор гирифтааст. Аммо баъди се моҳ он мард боз ба гадоӣ баргаштааст. Дар сӯҳбат бо ҳафтанома ӯ гуфтааст, ҳар моҳ 800-900 сомонӣ ба даст меовардааст. Аз ин маблағ ӯ 200 сомониро барои шартнома медодааст, 300 сомонии дигар ба раис хидматона медодааст ва аммо бо 300-400 сомонии боқимонда наметавонистааст, зиндагии худро пеш барад. Муаллиф Маҳмадалии Мақсадуллоҳ бо тааҷҷуб аз ин навиштааст, дар Тоҷикистон амалан танҳо ду тоифа рӯзгори осуда ба сар мебарад - яке ришвахор ва дигаре гадо.
Дар ҳамин ҳол, «Вароруд» хабар додааст, ки бо ифтитоҳи як хати тоза дар муассисаи муштараки тоҷикӣ-кореягии «Кабоол-Тоҷик Текстайлз» беш аз 500 ҷойи корӣ фароҳам омадааст.

Ин тараф Ворух вай тараф Хоруг кадом тарафи гранитца но тинч аст масалаи марз ин тараф бо Киргизия вай тараф бо Хитой давно хал шудаги гучора мо химоя намоем бо ин генералхои часур ба чанг рафтан хафнок аст яке бо махкам накунанд
Короче говоря, наши успехи как всегда нулевые
Қарзгирандаҳои Муҳтарам ҳо илтимос тон мекунем аму пулҳои хдмона баргардонед. АЛЛО гуфти Ака ё Додар гуфти пул додемтон., то мушкили шумо ҳал шавад ва мо Дустонатон кори савоб гирем. Кам - камак ҳам биёред -минусш кардан мегирем. Худо ҳидоятон кунад ИЛТИМОС пуломона баргардонед. Бе СУД бозию Бе ПРОКРАТУРА.
Худо раҳмату махфираташ кунад.
хизматгори содиқ, кахрамони мардуми. Устоди дурнамову содиқи ватан - руҳатон шод бод. Ба аҳли оила - сабри ҷамил.