Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътимоди тарабхонаҳои маъруфи Алмаато ба тоҷири тоҷик


Оғози ҳар кор душвор аст, то онро меомӯзиву малакае ҳосил мекунӣ, чӣ душвориҳоеро пушти сар менамоӣ, ба вижа агар дар мулки бегона бошӣ. Сайфихон инро вақте, ки соли 1992 ба Қирғизистон омад, ба хубӣ эҳсос кард. Вай аввалҳо аз шаҳри Қарокӯли Қирғизистон ба Алмаато зардолу ва марминҷон меовард.Чун тачриба надошт, тиҷораташ рушд накард ва ба истилоҳ якаш ду нашуд. Ниҳоят соли 1995 бо амри тасодуф бо Рашид ном дунгани қарокӯлӣ ошно гардиду ба тиҷорати занбурӯғ гузашт. Вақте вай бори нахуст дар Қарокӯл гармхонаи дӯсташро дид, ангушти ҳайрат газид. Занбурӯғҳо дар халтахои селофанӣ месабзиданд, ки дарунашон бо тухмиву шулха ва аррамайда пур карда шуда, шабеҳ ба шишаи термос буданд. Онҳо намудҳои гуногун дошта, аз он занбурӯғҳое,ки дар зодгоҳаш кӯҳистони Зарафшон мерӯиданд,ба маротиб бузург буданд.
Сайфихон тасмим гирифт, ки баробари тиҷорати занбурӯғ роҳҳои парвариши онро низ биёмӯзад. Ва соҳибкори тоҷик ниҳоят дар Алмаато гармхона сохта, худ занбурӯғ парвариш намуд. Сайфихон он рӯзҳоро ба хотир оварда, мегӯяд: "Дар он вақтҳо парвариши занбурӯғ дар Ҷумҳурии Қазоқистон маъмул набуд. Аз ҳамон ҷо мо сар кардем. Аввал халқ намедонист, ки занбурӯғи сунъӣ ҳаст. Метарсиданд, ки заҳрнок бошад,ё заҳрнок набошад, монанди занбурӯғҳои кӯҳӣ. Оҳиста-оҳиста мо парвариш карда, ёд додем. Баъд лабораторияҳову духтурҳо анализ гирифта, санҷида, бо телевизорҳо гуфтанд, ки ин безарар ва аз ҷиҳати экологӣ тоза аст."
Донишу кӯшиш, ҷустуҷӯҳои тӯлонӣ, ростгӯиву покиву хушмуомилагиаш оҳиста-оҳиста муштариёни ӯро зиёд намуд. Кунун ба фурӯшгоҳи ӯ, ки дар Сабзбозори Алмаато воқеъ аст, на танҳо харидорони оддӣ меоянд, балки бузургтарин тарабхонаҳои шаҳр, мисли Рамстору меҳмонхонаи Анкара ва Роҳат- палос низ ҳар рӯз аз ӯ садҳо кило занбурӯғҳои тару тоза харидорӣ мекунанад. Вале Сайфихон мегӯяд, ки бо вуҷуд дар Алмаато муштариёни асосии ӯ мардуми русзабонанд ва то ба ҳол мардуми қазоқу ӯйғур, тоҷику ӯзбак дар ин шаҳр ба занбурӯғ одат накардаанд. Ин дар ҳолест, ки дар Олмону Украин, Белорусу Русия ба парвариши занбурӯғ таваҷҷӯҳи зиёд дода мешавад ва занбурӯғро дар ин кишварҳо "гӯшти ҷангалӣ" меноманд. Ҳамсари Сайфихон, ки худ кирғизи Иссиқкӯл аст, изҳор мекунад, ки дар дунё даҳҳо намуд занбурӯғ мавҷуд аст ва баъзеи онҳо бештар аз гӯшт калория ва витаминҳо доранду ба саломатии инсон басо фоиданоканд. Ва ба гуфтаи Мадина, аз занбурӯғ даҳҳо намуд консерву хӯриш ва таомҳои хушлаззат метавон тайер намуд: "Ай занбурӯғ питса тайер мекунанд,булён тайёр мекунанд, салат тайёр мекунанд, манту, занбурӯғ қатӣ ош тайер мекунанд. Ман худам тайер кардагӣ ҳастам."
Ҳоло Сайфихон Сироҷиддиновро чун соҳибкор ва тоҷири занбурӯғ дар Алмаато бисёриҳо хуб мешиносанд ва ӯ ба чандин нафар парвариши занбурӯғро омӯзонидааст. Алъон зиндагиаш низ хуб буда, соҳиби мошини сабукрави хориҷӣ гардидааст. Ҳамчунин ба наздиконаш, ки дар ноҳияи Айнӣ ба сар мебаранд ва ба волидайни ҳамсараш ҳамеша ёрии молӣ мерасонад. Кунун Сайфихон дар наздаш як мақсад гузошта: "Ман дар оянда мақсад дорам, ки дар кишвари худамон Тоҷикистон парвариши занбурӯғро ба роҳ монам. Мехоҳам, ки мардуми тоҷик ҳама фасли сол аз ҳамин занбурӯғ истифода барад. Аз сӯи дигар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои равнақ додани занбурӯғпарварӣ тамоми заминаҳо мусоид аст. Вақти ҳосил кардани тухми занбурӯғ дар Ҷумҳуриҳои Олмон, Украина ва Белорус аз коҳи гандум истифода мебаранд. Олимон исбот карданд, ки агар шулхаи чигити пахта ба ҷои коҳ истифода шавад, ҳосилнокии занбурӯғ ду-се маротиба зиёд мегардад. Азбаски чигит дар мо зиёд ва арзон аст, агар қиммати занбурӯғ дар Русияву Қазокистон як доллар бошад, мумкин, ки нархи занбурӯғ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як баробар арзонтар шавад."
Сайфихон иброз медорад, ки мардум аз занбурӯғи хушлаззати куҳӣ фақат айёми баҳор баҳраёб мегарданд. Ӯ бошад, метавонад дар оянда дар Тоҷикистон гармхона сохта, мардумро бо занбурӯғи тару тоза ва ба гуфтаи худаш, аз ҷиҳати экологӣ безарар тамоми сол таъмин намояд.
Насибҷон Амонӣ аз Алмаато
XS
SM
MD
LG