Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду зан гирифтан, мисли дар ду фронт ҷанг кардан мебошад


Серзанӣ дар Тоҷикистон на он қадар роиҷ аст, қариб ки тамоман роиҷ нест, шумори он одамоне, ки ҳарамашон пури зан аст, кам аст, ягон-ягон аст, ба ҳар ҳол дар ин бора касе аниқ чизе намедонад. Аммо дузанагӣ дар Тоҷикистон қариб, ки ба ҳодисаи маъмулӣ табдил гашта истодааст. Сезанагӣ камтар аст, аммо сезанагӣ барои мард ягона роҳи ба ифоқа овардани ду зани аввалааш аст, зеро одатан ду зани аввала задухӯрди байни ҳамдигаррро бас карда, бар зидди зани сеюм эътилоф ташкил мекунанд.
Тахлилгарони мусоҳиби ман, марду занҳои калонсол ва ҷавон густариши дузанагӣ дар ҷомеаи имрӯзи Тоҷикистонро ба чандин омил вобаста медонанд: а) Теъдоди мардҳо дар муқоиса бо занҳо ба таври ваҳмангез барои занҳо коҳиш меёбад. Мардҳо кам таваллуд мешаванд, бештар мемиранд, ба Русия мераванд ва дигар барнамегарданд ва ғайра. б) Теъдоди занҳо дар муқоиса бо мардҳо ба таври шодиовар барои мардҳои ба қавли мардум "ҳавасакӣ" афзоиш меёбад. Занҳо бисёртар таваллуд мешаванд, камтар мемиранд ва агар ба Русия раванд ҳам ба ҷустуҷӯи шавҳари худашон мераванд.
Бо назардошти ҳамаи ин сабабҳо, бо назардошти он, ки одатан волидони духтар ҳамеша мекӯшанд, дар хонаашон духтари болиғи бешавҳар набошад, гуфтан мумкин аст, ки ба баъзе мардҳои тоҷик ба қавле «Худо медиҳад».
Аммо мухолифони рақами яки ин падида занҳои аллакай шавҳардор мебошанд, манзурам танҳо занҳои якум аст. Ин занҳои бечора ба ҳеҷ ваҷҳ намехоҳанд, ки шавҳари ба ҷону дил баробарашон хоҳ кал бошаду хоҳ кар, шабҳоро дар болини зани дигар рӯз кунад. Ин занҳои бечора ба ҳеҷ ваҷҳ намехоҳанд, ки шавҳари азизу, вале номеҳрубонашон ба ҷои пули мактаби фарзандонашро пардохтан, ба зани дуввумаш либоси мӯди тозатаринро бихарад. Аммо кистанд он занҳои дуввум, ки боиси бадбахтии як зумра занҳои тоҷик, боиси ин қадар нооромиҳову ташаннуҷи вазъи ҷомеаҳои хурдакаки тоҷик, боиси парвози тахайули бархе аз журналистони нашрияхои ба истилоҳи ғарбиён «зард» мегарданд?
Шамъигул ном зан, ки худаш зани якум ва боварӣ дорад, ки ягона аст, онҳоро чунин муаррифӣ мекунад: «Ман фикр мекунам, ки ин занҳо, занҳои бисёр чаққон мебошанд, ки мардҳои дигаронро соҳибӣ мекунанд. Ҳастанд духтароне, ки ба 25-26 рафтаанд, ин аз сустии онҳо аст. Баъд баъзеи онҳо ин сустии худашонро дида, ба хулосае меоянд, ки чаққон шудан даркор асту шавҳари ягон касро аз худ карда зани дуввум шаванд.»
Хонум Шамъигул фикри худро дар бораи занҳои дуввум танҳо барои радио дипломатона арз кард. Аммо тамоми занҳои нахусти Тоҷикистон занҳои дуввумро танҳо бо ду калима ном мебаранд, ки яке бо ҳарфи «қ» сар мешаваду дигари бо ҳарфи «ҷ».
Вале биёед ба тарафи дигари масъала назар андозем. Аниқтараш ба занҳои дуввум. Ман натавонистам, ягон зани дуввумро розӣ бикунам, ки интервю диҳад, аммо як духтари шавҳарнокардаро ёфтам, ки ба занҳои дуввум ҳеҷ нафрат надорад ва кушиш мекунад, вазъияти онҳоро дарк кунад: «Хайр, ҳозир замон вазнин аст. Ҷавондухтарон тез шавҳар мекунанд ва ҳамин хел ҷудо мешаванд. Фикри ман, ки агар марди майдон бошаду тавонад ду оиларо таъмин карда, пас ин мардҳоро мо набояд «осуждать» кунем.»
Вале қариб ҳамаи занҳо бо як овоз дар бисёрзанӣ мардҳоро гунаҳкори рақами як мешуморанд. Онҳо мегуянд, ин мардҳоянд, ки бо истифода аз вазъи ноилоҷи занҳо, аз худ султон метарошанд ва аз хонахои бетониву лойӣ ва сангиву хокияшон ҳарам. Одатан, ба бисёрзанӣ ҷавонони муҷаррад шавқ доранд. Самариддин ном ҷавон дар ду зан гирифтану се зан гирифтани мард ҳеҷ бадие намебинад: «Дузанагӣ-сезанагӣ албатта хубай. Миёй, яташ ливосота мешува, ятаи дигаш авқот мепаза, ятаи дигаш қатӣ мерӣ истироҳат мекунӣ.
Если б я был султан, имел бы трех жен,
И тройной красотой был бы окружен»
Самариддин дар симои зан танҳо чангкашаку мошини ҷомашӯӣ, деги таом ва канизаки шабонаро мебинад. Аммо марди дигари мусоҳиби ман, ки чилу панҷ сол доштааст, ба Самариддин барин ҷавонон ва мардони дигар маслиҳат медиҳад, ки ҳеҷ гоҳ ин тавр фикр накунанд. Ин мард, ки аз ифшои номаш ва аз сабти садояш қатъиян худдорӣ кард, аз таҷрибаи худаш нақл намуд, ки дузанаро ҳарду тарафи рӯяш сип-сиёҳ аст. Ба гуфтаи ин мард, ду зан гирифтан ба мисли дар ду фронт ҷанг кардан мебошад. Гувоҳи ин суханони ин мард, посухи хонум Шамъигул ба як суол мебошад, ба суоли он ки "Худо накунаду агар шавҳараш зани дигар гирад, ӯ чӣ кор мекунад?" «Дафъ мекунумша, ҳамӣ хел дафъ мекунумша, ки рӯзуш рӯзи саг меша.»
Аз барномаи Ширу Шакар
XS
SM
MD
LG