Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дидгоҳи Ҳоҷӣ Акбари Тураҷонзода дар қиболи Ҳизб-ут-Таҳрир, "Инқилоби бачаҳои ҷайра", дер кардани президент ва рузи сахти мардуми Зафаробод


Ҳоҷӣ Акбари Тураҷонзода, муовини аввали сарвазири Тоҷикистон, яке аз роҳбарони пешини иттиходи мухолифини давлат ва раҳбари собиқи идораи қозиёти Точикистон бо навиштани як мақолаи муфассал муассисон ва маблағгузорони Ҳизби Таҳрирро доираҳои саҳюнистии ғарбӣ номидааст. Мақола «Ҳизби Таҳрир: Аз номи Ислом -бар зидди Ислом» ном дошта дар се саҳифаи комили ҳафтаномаи «Тоҷикистон» нашр гардидааст. Ҳоҷӣ Акбари Тураҷонзода навиштааст, ақоиди шаръии аз тарафи Ҳизб-ут-Тахрир таблиғшаванда аз таьлимоти аслии исломӣ бисёр дур мебошад. Ин ақоид, ки бо интерпретатсия ва ё шарҳи нодурусту таҳрифёфтаи ояҳои Қуръониву аҳодиси набавӣ орову торо дода шудааст, навиштааст оқои Тураҷонзода, ширкати мардум дар таьйини сиёсати давлат, фаьолияти порлумон ва овоздиҳии умумиро куфр медонад, озодиҳои фардӣ, яъне озодии эътикод, раъйдиҳӣ, моликият ва шахсиятро эътироф намекунад, ҳамзистии дину ақида ва тамаддунҳоро инкор мекунад, пайравонашро ба ифрот, тундравӣ ва оштинопазирӣ даъват мекунад. Ҳамаи ин таълимот. меафзояд Ҳоҷӣ Акбари Тураҷонзода, муслимонро аз имкони истифода ва фарогирии дастовардҳои моддиву маънавии тамаддуни муосири башарӣ маҳрум карда, дар зеҳни сокинони Аврупову Амрико руҳияи бадбинӣ ба Ислом ва заминаи мубориза бар зидди Исломро ба вуҷуд меорад. Ҳоҷӣ Акбари Тураҷонзода менависад, ихтилофоти ҷиддии шаръӣ ва ақидавии Ҳизб-ут-Таҳрир бо Ислом онро аз ҳар гуна дастгирӣ аз ҷониби олами Ислом маҳрум кардааст, вале бо вуҷуди ин, ин ҳизб дар Аврупо дафтарҳои озод дошта, имконоти бузурги моддиву техникӣ дорад, ки ин далели аз тарафи доираҳои душмани Ислому мусулмонон таъсис ва маблағгузорӣ шудани он мебошад. Густариши фаьолияти ин ҳизб дар Тоҷикистон, ба истиқлол ва давлатдории миллии тоҷикон, ягонагии ақидатии онҳо дар доираи мазҳаби ҳанафӣ ва ба сулҳу субот дар Тоҷикистон таҳдид мекунад. Аммо дар мубориза бо он ба ниҳодҳои қудратӣ такя кардан нуқтаи заъфи давлатҳои Осиёи Марказӣ буда, ин тарзи мубориза таъсири баръакс ба бор меорад ва барои ҷилавгирӣ аз тавсиъаи ин зуҳуроти хатарнок, қабл аз ҳама бояд моҳияти воқеии Ҳизби Таҳрирро барои мардум муаррифӣ намуд, ҷамъбаст шудааст дар мақолаи муовини аввали сарвазири Тоҷикистон Ҳоҷӣ Акбари Тураҷонзода.
Имкони халал ёфтани субот дар минтақа ҳамчунин дар таҳлили дигаре дар ҳафтаномаи «Рузи Нав» мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Фахриддини Холбек мақолаашро «Инқилоби бачаҳои ҷайра» ном ниҳода навиштааст, дар Тоҷикистон метавон аз «инқилоби садбаргҳо» ҷилавгирӣ намуд, аммо ба шарте, ки агар ҳукумати кишвар дар симои оппозитсияи худ «бачаҳои ҷайра»-ро набинад. Аммо итттиҳоди тозатаълифи се ҳизби сиёсии Тоҷикистонро муаллиф ноқодир ба талаби истеъфои ҳукумат ба мисли мухолифин дар Гурҷистону Арманистон номидааст.
Мавзуъи эътилофи навтаъсиси аҳзоби сиёсӣ низ дар «Рузи Нав» таҳлил гардидааст. Дар он омадааст, ки вақте аз Муҳиддин Кабирӣ - ноиби раиси Ҳизби Наҳзати Ислом пурсидаанд, агар президент бо онҳо созиш карданӣ шавад, мавқеъи онҳо чӣ гуна хоҳад буд, оқои Кабирӣ чунин посух додааст: «Президент дер кард. Эътилоф ташкил шуд.»
«Кунун гар набошӣ ту фарёдрас,
Набинӣ ба Мозандарон зинда кас.»
Ин Мозандарони Фирдавсӣ хамин ноҳияи Зафарободи Тоҷикистон мебошад. Як гуруҳ аз олимону нависандагони Тоҷикистон бо навиштани як номаи кушод аз президент Эмомалӣ Раҳмонов хостаанд, ки ба ҳалли мушкилоти сокинони ноҳияи Зафаробод мусоидат кунад. Ин нома дар «Неруи Сухан» ба табъ расида, дар он аз вазъи сангини иҷтимоии сокинони Зафаробод изҳори нигаронӣ шудааст. Дар мактуб навишта шудааст: «Як ноҳияи бузурге, ки 42 000 тонна пахта месупорад, роҳ надошта бошад, мардумаш оби нушокӣ наёбад, неруи барқ надиҳанд, дар ҳақиқат чӣ рузи сахту чӣ фоҷиаи бузургест!». Муаллифони номаи саркушода меафзоянд, ин фоҷиа аст, ки мардум ба барқу об ва роҳи Узбакистон муҳтоҷ гардидааст, дастрасӣ танҳо ба шабакаҳои телевизионии туркзабон дорад ва ба оҳистагӣ дигар сабабе барои ифтихори миллияти тоҷик доштанаш намебинад. Дар мактуб ҳамчунин як пора аз шеьри Лоиқ Шералӣ оварда шудааст:
«Тоҷик андар Ватани хеш чаро муттаҳам аст?
Ё хато рафта ба тоҷик таваллуд шуданаш?»
Ҳумоюни Шаҳриёр
XS
SM
MD
LG