Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шунидани афкори рақиб низ ҳунар аст


Бунёди байналмилии Ҷомеаи Боз 14 апрел иттилоъ дод, ки се ҷавони тоҷик дар даҳумин форуми байналмилалии мунозарачиён е худ дебатерон, ки аз 23 июл то 5 августи соли ҷорӣ дар шаҳри Руста Ресорти Эстония баргузор мегардад, ширкат хоҳанд кард. Гуруҳи наврасони тоҷик бо номи "Тайдек" дар ин форум Тоҷикистонро муаррифӣ мекунанд. Аъзои гуруҳи "Тайдек" дар натиҷаи баргузории як мусобиқаи байни гуруҳҳои фаъоли мунозарачиёни Душанбе аз ҷониби Институти Ҷомеаи Боз ва Бунёди Мадади Тоҷикистон интихоб гардиданд.
Дар ин мусобиқа мунозарачиён аз руйи дебати Карла Попера, ки маҳз барои хонандагон тавсия дода мешавад, оид ба мавзуи "аз ҳам ҷудо кардани омилҳои хусусиву иҷтимоии ҳуқуқи зан паёмадҳои ҳалокатбор дошта метавонад» бо забони англисӣ баҳс карданд. Ин мавзуъ ҳамчунин мавзуи аслии баҳси мунозарачиёни 10-умин форуми қарибулвукуъ хохад буд. Аз руйи дебати Карла Попера хонандагон ба 2 гуруҳи сенафарии мухолиф ва тарафдор ҷудо шуда, дар як мавзуи муайян баҳс мекунанд. Гуруҳе, ки ақидаҳои худро бо факту далел ва мисолҳои равшан исбот мекунад, ғолиб дониста мешавад.
Акбар Назриев, ҳамоҳангсози барномаи мунозара, ё худ дебати Бунёди Сорос мегуяд: "Дар рафти мусобиқа дастаи "Тайдек" ғолиб омад. Аъзои даста Рустам Анваров, Сергей Назаров, Дилноза Муллоҷонова ва тренери даста Рустам Тураев мебошанд. Дар ин форум намояндагони зиёда аз 40 кишвари дунё ширкат менамоянд."
Рустам Тураев, тренери гуруҳи "Тайдек" донишҷуи соли дуввуми Донишгоҳи политехникӣ мегуяд, боварии комил доштааст, ки гуруҳашон дар мусобиқаи мунозирачиёни Душанбе ғолиб мебарояд, зеро онҳо омодагии ҷиддӣ дида буданд: “Ният доштем, ки дар Эстония давлати худамонро нишон диҳем. Он бачаҳое, ки ба Эстония мераванд, ҳам англисиро хуб медонанд, ҳам ҳунари мунозираро хуб медонанд."
Рустам Тураев 1 сол аст, ки ба дебат машғул аст, соли гузашта дар натиҷаи озмуни иншои беҳтарин оид ба мавзуи ҳуқуқи зан барои иштирок дар 9-умин форуми байналмилалие, ки соли гузашта дар Славения баргузор гашта буд роҳхат гирифт.
Рустам Тураев мегуяд, ширкат дар мунозара ба наврас барои такмили дониш ва ҷаҳонбинии у таъсири хуб мерасонад.
Рустам мегуяд, «Масалан ман дар мудати 1 сол бо далелу фактҳо исбот кардани фикр ва пеш аз ҳама гуш карда тавонистани назари танқидии рақиб ва эҳтироми фикри шахсони мухолиф ва ба манфиати худ истифода намудани онро омухтам.»
Форуми байналмилалии мунозарачиён ҳар сол баргузор мегардад. Ва дар он наврасоне, ки фаъолона дар дебат ширкат меварзанд, имкони иштирок карданро доранд. Бунёди Сорос ҳамасола барои рушди барномаи дебат дар Тоҷикистон мактаби тобистона созмон медиҳад, ки наврасон дар он ҷо аз нозукиҳои мунозара огоҳ мешаванд. Дар моҳи июни соли ҷорӣ баргузории чунин мактаб дар истироҳатгоҳҳои берун аз шаҳрӣ дар назар аст.
XS
SM
MD
LG