Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дарси тиҷорат: "Нахустин дуконҳои интернетии Душанбе"


Барои боз намудани як дукони интернетии босифат дар Тоҷикистон на камтар аз 800 доллар масраф мешавад ва ягон гуна ҳуҷҷати иловагӣ лозим нест. Зеро дукони интернетӣ дар асоси мағоза ва ё дукони оддӣ кушода мешавад. Ба ҳамин ақида ҳаст Алексей Танин-мудири иҷроияи нахустин дукони интернетӣ дар Тоҷикистон бо номи Рахш, ки фаъолияти худро чанде пеш оғоз намуд. Алексей мегуяд, дар Тоҷикистон ахиран боз ду дукони интернетии дигар бо номҳои "Арзонбис" ва "Доро" кушода шуданд. Тиҷорат ба василаи интернет бизнеси куллан нав барои Тоҷикистон аст. Аммо мағозаи интернетӣ аз мағозаҳои оддиву супермаркетҳо тақрибан фарқе надорад. Ягона фарқ дар он аст, ки номгу ва қиммати молҳои мағоза дар сайти вижаи он ҷой дода шудаанд ва ҳар шахс метавонад, моли дилхоҳро интихоб намояд. Бо фармоиши у моли дилхоҳашро пас аз ним соат ё як соат бурда мерасонанд. Ин мағозаҳо барои он афроде пешбинӣ шудаанд, ки куллан вақт ва хоҳиши ба бозору мағоза ба мағоза гаштан надоранд. Тарзи фармоиши мол аз дукони интернетӣ низ мушкилие надорад. Алексей Танин онро шарҳ медиҳад: «Шумо саҳифаи мағозаро боз мекунед. Моли дилхоцатонро интихоб мекунед, нархашро мебинед, занг мезанед ва мегуед, ман фалон молро харидан мехохам. Пас аз ин мо аввал ба мизоҷ бори дигар занг мезанем ва мепурсем, шумо ҳамин молро фармоиш додед? Ба нархаш розӣ ҳастед? Куҷо барем? Баъди он мебарем. Мизоҷ мебинад, агар чизи фармоиш додааш буд, мегирад ва агар не метавонад, рад кунад.»
Алексей мегуяд, сабаби ин қадар расмиятбозӣ дар он аст, ки баъзеҳо дуст медоранд, шухӣ карданро. Масалан, ба нишонии каси дигаре фармоиш медиҳанд.
Нархи мол дар дукони интернетӣ нисбатан гарон аст. Алексей мегуяд, гаронии нархи молҳои тариқи интернет харидашаванда ҳамагӣ даҳ дарсадро ташкил медихад. Мизоҷони аслии ин дуконҳо хориҷиён ва кормандони созмонҳои байналмиллаливу соҳибкорон ҳастанд.
Аммо дар сурате, ки кам касон дар Тоҷикистон аз интернет кор мебаранд, оё талоши ширкатҳо барои кушодани саҳифаи вижаи худ метавонад даромаднок бошад? Алексей мегуяд, баҳсҳо атрофи даромаднок будани умуман саҳифаҳои интернетӣ зиёд аст, аммо саҳифаи тиҷоратӣ дар сурати оқилона ба роҳ мондани кор метавонад, даромад орад: «Агар касе фуруши молашро тариқи интернет ҳам ба роҳ мондан хоҳад, аввал бояд бидонад, ки барои кадом зумраи харидорон кор мекунад, яъне чӣ гуна мол аз интернет зудтар фурухта мешавад. Даромадноктарин мол ин нушокиҳои спиртӣ ва мадҳушкунанда аст. Он моли аз ҳама фоидаовар мебошад. Баъдан таҷҳизоти муосир, фаннӣ, электронӣ харидори зиёди худро дорад. Гаронии нисбатани баҳои мол набояд аз даҳ-понздаҳ дарсад бештар бошад. Зеро дар мо ҳануз бозори харидори интернетӣ ташаккул наёфтааст. Замонати сифати молро ҳам бояд дод. Барои муваффақияти бизнеси интернетӣ ҳамчунин дукони интернетиро рекламаи густарда кардан лозим аст. Дар ин сурат дукони интернетӣ метавонад, даромад орад.»
Аз гуфтани теъдоди ҳаррузаи мизоҷонашон Алексей худдорӣ кард ва онро сирри тиҷоратӣ номид, аммо гуфт, бо вуҷуди дастнорас будани интернет барои мардум, адами имкони харидории молҳои пешниҳодшаванда, ин бизнес дар Тоҷикистон ба оҳистагӣ рушд мекунад. Зеро шумори одамоне, ки ҳатто панҷ дақиқа вақти давида ба бозор рафтан намеёбанд, торафт дар афзоиш аст.
XS
SM
MD
LG