Масъалаи тавассути ширкатҳои беному нишони хориҷӣ бо нархи гарон харидани сузишворӣ дар матлабе бо номи «Арвоҳи Қасри Аэропорт» дар ҳафтаномаи «Вечерний Душанбе» баррасӣ шудааст. Муаллиф мегуяд, сузишвории ҳавопаймоҳо ба Тоҷикистон аслан аз Туркманистон ва Қазоқистон оварда мешавад. Дар ҳоле, ки ин давлатҳо миёни худ даҳҳо созишномаҳои байнидавлативу дутарафаву бисёртарафа имзо кардаанд, чаро муассисаи ҳавопаймоии вилояти Суғд аз миёнчигии ким - кадом ширкати хориҷӣ истифода мекунад? Аҷобатро муаллифи навишта дар номушаххасии нишонии ин ширкатфо дидааст. У мисол меорад, ки ширкати New Fond LLC нишонии худро танфо иёлати Деливери Амрико навиштаасту халос. Ҳол он ки масоҳати ин иёлат беш аз 5 000 километри квадратӣ мебошад. Адреси хуҷандии бархе аз ширкатҳо ҳангоми тафтиш хонаҳои шахсӣ мебароянд, ки соҳибонашон дар харита на ҷазираҳои Вирҷин, балки ҳатто шаҳри Душанберо ёфта наметавонанд. Сабаби ҳамаи инро муаллиф дар дигар чиз мебинад. Масалан, моҳи августи соли 2003 як ширкате, ки мавҷудияташ зери шубҳа аст, дар Туркманистон ҳар як тонна керосини ҳавопайморо бо нархи 193 доллар харида ба муассисаи ҳавопаймоии вилояти Суғд бо қиммати 320 доллар фурухтааст.
«Аз ришвахорӣ то «инқилоби махмалин» ҳамагӣ як қадам аст.» Бо ин сарлавҳа нашрияи «Бизнес и Политика» навиштааст, дар Тоҷикистони имруз мардум ҳануз дар макотиби миёна, дар синфи 1-2 ба ришвагириву ришвахорӣ одат кунонида мешавад. Ришвахорӣ дар Тоҷикистон мегуяд муаллиф, имруз дар тамоми сохторҳо, ҳам таълимиву ҳам тиббӣ ва ҳам қудратӣ реша давонидааст. Муаллиф аз оқибати нигаронкунандаи ришвахорӣ изҳори ташвиш карда, Гурҷистонро мисол меорад ва мегуяд, рухдоди Гурҷистон метавонад, дар бархе аз давлатҳои собиқ Шуравӣ такрор ёбад, зеро фақри сартосарӣ, ришвахорӣ дар сатҳи мақомот ва дигар амрози иҷтимоӣ дар ин давлатҳо заминаи инқилоб мебошад.
Даврон Қурбоналиев ва Фируз Булбулов - ду иқтисодшиноси тоҷик бо навиштани матлабе дар «Азия-Плюс» дар таҳрири нави Қонуни андози Тоҷикистон чанд номафҳумиву ихтилоф дидаанд. Барои мисол, онҳо навиштаанд, шахси хуқуқӣ, ки чанд ширкату корхона дорад, чун андозсупор ҳам дар маҳалли сукунати худ ва ҳам дар маҳалли мустақари ҳар як муассисаи худ бояд сабти ном шавад. Муаллифон менависанд, дар шароити имрузи Точикистон ин кор боиси баҳсҳо ва душворфаҳмиҳои Қонуни андоз мегардад.
Масъалаи андоз дар навиштае дар «Рузи Нав» баррасӣ шудааст. Дар як номае унвонии нашрия тоҷирони бозорҳои марказии пойтахт аз андозҳои аз ҳад зиёд миёншикан ва пулситониву тафтишоти ғайриқонунқ шиква кардаанд. Дар навишта омадааст, кулли тоҷирон аслан манфиатдоранд, ки хазинаи давлатро пур кунанд. Аммо оё маблағҳои месупоридаи онҳо ба ин хазина мерасад, суол медихад нашрия.
Мушкилоти иқтисодии Тоҷикистон дар маҷмуъ дар мақолае дар «Неруи Сухан» баррасӣ шудааст. Дар мақола омадааст, Бонки Миллӣ ва бонкҳои тиҷоратӣ бояд бевосита худ маблағгузор ва харидори пахта бошанд, корхонаҳои саноатӣ сохта шаванд, обро, ки дар мавсими боронгариҳо харобиҳои зиёде меорад, ба давлатҳои ҳамсоя ҳотамона ҳадя накарда, балки ақаллан харҷи офатҳои табииро талаб кардан лозим аст, неругоҳҳои барқӣ бунёд кардан даркор аст.
Ҳафтаномаи «Тоҷикистон» хабар медихад, тобистони соли ҷорӣ аз Русия ба Душанбе 50 автобус оварда мешавад.

БА КАЙХУСРАВ Аввалан ин, ки Ислом ба шиддат мухолифи касоне ҳаст, ки илм намеомӯзанд, кору фаолият намекунанд, муфтхуранд ва луқмаи ҳалол намехӯранд, инро Ислом возеҳу равшан баён намудааст ва ҳар касе амал намекунад пробламаи худаш ҳаст, на Ислом. Дуввум касоне, ки аз номи Ислом ба гуруҳҳо ҷудо шуда ҳар ҳизбу ҳаракатҳоеро ташкил медиҳанд, барои инсонҳои бохирад ва оқил маълум аст, ки онҳо аз Ислом нестанд, кирдорашон рафторашон фарсахҳо аз Ислом дур ҳастанд ва дар пушти парда бо онҳо киҳо ҳамкорӣ доранд ва бӯе аз Ислом намебаранд ва оқибат хору залил мешаванд. Ва дар охир ба Шумо гуфтаниям, ки ман ҳам илми дунявӣ омӯхтам ва ҳам аз Ислом ва Худоро ҳамеша шокир ҳастам, ки ба ман ин неъматҳоро додааст. Аз ҳисоби кору фаолиятам молу сарват ва ризқи ҳалол дорам. Умедвор ҳастам, ки Шумо низ молу сарвату ризқи ҳалол дошта бошед, вале дар охири ҳаёт марг ба суроғи ҳардуи мо, хоҳем нахоҳем, меояд. Ман ҳамеша барои ризогии Худованди мутаол ва умеде ба БИҲИШТ руҳу қалбам ором ҳаст ва агар мираму ба эътиқоди Шумо наузу-биллоҳ биҳиште вуҷуд надошта бошад ман ҳеҷ чизро аз даст надодаам, аммо агар Шумо миреду ДУЗАХУ БИҲИШТЕ вуҷуд дошта бошад чи кор бояд кард??? Қазоват бо Шумоён мебошад!!!! Худованд ҳамаи моро ҳидоят кунад ва ин ваборо аз кишвари мо ва тамоми ҷаҳон берун кунад.....
Чаро коркунони военком хизмати харби накардаанд аммо кор карда истодаанд бояд онхоро аз вазифахояшон озод кунанд. Чаро хукумат ба ин эътибор намедихад
Мо боварии комил дорем, ки Пешвои миллат музди меҳнати кормандони буджавиро зиёд хоҳанд кард.
Пеш аз хама нарху наворо хал кунад ин нарххои мо хато дар Дубай нест. Бад то рохо кушодана мардума аз пули барк об ва дигар хизматрасонихо озод кунанд. Севумин харчи зудтар бо призендти руссия гуфтугу кунад то мардум якто нонашро ебад вагарна Холи хама бад мешавад. Гурусна бо шер мечангад ин макола аз ед набароред. Мардум як тин надорад дар мо инфляция аз хама руи дуне боло. Ин чи гапаст худаш. Е мо бесохибем
Паёми президент ягон масъаларо ба таври чидди хал карда нметавонад. Ба паёмхои пешин назар андозед саноатикунонии мамлакат ва гайра. Агар як кадам ба пеш монем се кадам ба окиб меравем. То он даме ки масъалаи кадргузори аз руи истеъдоду дониш несту аз руи махаллу "ту ба ма ман ба ту" амали мешавад ба умеди ичрои суханони намоиши нашавед. Яке аз ин суханони чаноби Оли оиди баланд кардани маошу, нафака буд, ки то амали шудани он бекурбшавии сомони даромади хакикии шахрвандонро 50- 60 % поён бурд.Хама чиз кимат шуд. Аммо бо камоли хол ин филмсозиро гуш ва тамошо мекунем. Хело шухихои дидкаш мещунавем.