Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори буҳроншиносони британиявӣ ба ҳукумати Тоҷикистон


Сафорати Британия дар Тоҷикистон 2 апрел бо пахши як пресс-релиз аз як гузориши Консорсиюми байнлмилалии буҳроншиносӣ воқеъ дар Британия хабар дод, ки дар он аз мавҷудияти чанд омиле ном бурда мешавад, ки барои ҷомеаи ороми пас аз сулҳи Тоҷикистон хатарзо мебошанд.
Гузориши Консорсиюми буҳроншиносии Бритония вазъи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсию низомии кишвар дар панҷ соли баъд аз имзои созишномаи сулҳи Тоҷикистон аз 2 моҳи ноябри соли 1997 то моҳи ноябри соли 2002-ро дар бар гирифтаст.
Таҳиягарони ин гузориш ишора кардаанд, ки заминаҳои буҳронхези ҷомеаи Тоҷикистон дар вилоятҳои калонтарини Тоҷикистон ба монанди Хатлон, Суғд ва дар навоҳии шарқи кишвар мавриди омузиш қарор дода шудааст.
Тақрибан намояндагони ҳамаи қишрҳои ҷомеаи Тоҷикистон аз мардуми оддӣ то таҳлилгарони маҳалливу намояндгони ҳукуматҳои вилояту навоҳӣ дар пурсишу ковиши консорсиум ширкат кардаанд. Афзоиши руз дар миёни мизони фақр, адами ҷои кор, муҳоҷирати корӣ, афзоиши фасоду ришват, фармонравоии намояндагони як минтақа дар умури давлат, беэътиноии давлат ба шоистасолорӣ, қочоқи маводи мухаддир, одамфурушӣ, трафики занон аз ангезаҳои аслии сар задани ихтилоф ва баҳам хурдани низоми ҷомеа мебошад.
Коршиносон ва иқтисодшиносони тоҷик гузориши консорисиумро як ҳушдори ҷиддӣ ба ҳукумати Тоҷикистон ва ба мақомоти масъули он дониста аз давлат тақозои расидагии ҷиддӣ ба масоили ҷомеа мекунанд.
Коршиноси пажуҳишгоҳи иқтисодии вазорати иқтисоду савдои Тоҷикистон, профессор Ҳоҷимуҳаммад Умаров мегуяд, танҳо мавҷудияти камбизоатӣ ва ришват метавонад, боиси бурузи ихтилоф дар ҷомеаи Тоҷикистон шавад. Зеро, мегуяд у, беш аз ҳама мардуми оддӣ аз беэътиноии ҳукумат огоҳ шудаанд ва медонанд, ки мақомоти масъули он дар паи ислоҳи вазъ намекушанд ва баръакс ба фасод олуда шудаанд, ки чунин ҳолат метавонад, кишварро ба даргириҳо кашонад: "Ришвахорӣ васеъ густариш ёфтааст. Агар ҳукумат ба зидди ришвахорӣ ҷанг эълон накунад, албатта ин ба инқилоби сиёсӣ ва инқилоби иҷтимоиро ба вуҷуд оварданаш мумкин аст."
Ва аммо муовии раиси Институти таҳқиқоти стратегии назди раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфулло Сафаров ба гузориши Консорсиуми буҳроншиносии Британия бо шубҳа менигарад. Оқои Сафаров мегуяд, пас аз соли 2002 то кунун дар сиёсат ва бахши иҷтимоии Тоҷикистон пешрафтҳои ҷиддӣ ба назар мерасанд ва гумон аст, кадом ихтилоф дар Тоҷикистон сар занад: "Ман наметавонам, бигуям, ки дар Тоҷикистон фақру камбизоатӣ зиёд шуда истодааст, балки баръакс ҷомеа ру ба беҳбудӣ ниҳодааст ва мо аз ҳолати буҳронӣ баромадем, аз ҷиҳати сиёсӣ, аз ҷиҳати фарҳангӣ. Ҳоло мо ру ба рушди иқтисодӣ овардаем."
Аммо профессор Ҳоҷимуҳаммад Умаров ба ин бовар аст, ки тақрибан дар иқтисоди кишвар дастоварди ҷиддие, ки баршумурда шавад, дида намешавад. Коҳиши мизони фақр, нишонаҳои бурунрафт аз буҳрони иқтисодӣ ба мушоҳида намерасад.
Оқои Умаров ҳамчун як фарди огоҳ аз вазъи иҷтимоии Тоҷикистон пешниҳод мекунад, ки бояд мушовирони раиси ҷумҳур ва афроди масъули кишвар аз гузоришҳое ба монанди баррасии консорсиуми буҳроншиносии Британия огоҳ карда шаванд: "Дар ин консорсиум ашхоси ботаҷриба кор мекунанд ва хеле хуб мебуд, сиёсатшиносон ба хулосаҳои консорсиум диққати ҷиддӣ медоданд ва барои ҳукумат таклифҳои зарурӣ тайёр мекарданд."
Бо ин ҳол Консорсиуми буҳроншиносӣ дар роҳи рафъи мушкилоти иҷтимоии Тоҷикистон ҳузури мардуми оддиро дар ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии кишвар зарур мешуморад. Дар гузориш омадааст, мардум бидуни фишор тавонанд, афкори худ ва норозигии худро нисбати фаъолияти ҳукумат дар раванди демократсозии кишвар баён доранд.
Имкон дода шавад, ки мардум аз вазъи сиёсӣ ва иҷтимоии ҳамарузаи кишвар аз тариқи расонаҳои мустақил таъмин карда шаванд ва дар раванди ислоҳоти сохторҳои ҳукуматҳои маҳаллӣ ширкат кунанд.
Дар ҳолатхои буҳронӣ тавонанд, ки ҳуқуқи худро бо мусоидати созмонҳои озод ва мақомоти дигари ҳифзи ҳукуқ ҳимоя кунанд.
XS
SM
MD
LG