Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рақибон бо ҳам дуст мешаванд ва эътилофи аҳзоби сиёсӣ таъсис хоҳад шуд?


Хабари таъсиси ин ташаккули нави аҳзобро Раҳматулло Зойиров - раиси ҲСДТ дар ду рузи пеш изҳор карда буд. Ҳизби мазкур ташаббускори таъсиси ин эътилоф маҳсуб мешавад. Амният Абудазизов муовини раиси ҲСДТ низ таъкид мекунад, танҳо маросими имзои ин санад боқӣ мондааст: "Фақат имзо мондааст, халос. Дар эътилоф ҳамаи баробаранд ва ба навбат раисӣ мекунанд."
Ин дар ҳолест, ки Шодӣ Шабдолов, раиси Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон мегуяд, аслан дар ҳеҷ музокира ҷиҳати таъсиси эътилофи аҳзоб ширкат накарда ва ҲК ба ҳеҷ эътилофе низ ҳамроҳ шуданӣ нест: "Ягон шарти эътилофро намедонам, вале агар ин блоки ҳизбӣ бошад, мо дар ягон блок иштирок намекунем ва нестем, чунки ҳизбҳои дигар он маромҳое, ки ҳизби мо дорад, надоранд."
Вале намояндагони Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон бо шеваи мухтотонае нисбати ин қазия изҳори назар мекунад. Ҳикматулло Сайфуллозода, сухангуи ҲНИТ мегуяд, бо аҳзоби дигар дар сари пазируфтани шароити эътилоф ба натиҷа нарасидаанд, вале ба ҳар сурат мегуяд у, ҲНИТ барои ворид шудан ба чунин эътилофе омодааст: “Ман гумон мекунам, ҳоло эълон доштанаш андак барвақттар аст ва чунин як суҳбатҳое, ки аз мақомҳои олии ҳизб бо дастури раҳбарият дар суҳбати аввалӣ бо мақомоти аҳзоби дигар ширкат дошт, мавқеи ҳизбро гуфтааст. Ва агар кадом шарту шароите, ки чӣ гуна ҳар як ҳизб кадом шартгузорие дорад, агар бошад, гумон мекунам, ки дар рузҳои наздик дар аввали моҳи апрел эҳтимол чунин мавқеъгириҳои раҳбарияти ҳиз дар ба вуҷуд овардани як чунин эътилоф мумкин матраҳ шаванд.”
Агарчанд ташабускорони Эътилофи ҷадиди аҳзоб мегуянд, ҳамаи аъзо дар ин ташкилот ҳаққи баробар хоҳанд дошт ва ҳатто ба сурати даврӣ ба эътилоф раёсат хоҳанд кард, вале ба назари коршиноси барномаи мо як сабаби тул кашидани таъсиси ин эътилоф рашки Ҳизби Наҳзат ва Ҳизби Коммунист аст, ки мегуянд, чаро нақши пешбар дар таъсиси ин эътилофро ҲСДТ ба уҳда доштааст, на ҲНИТ, ки нақши умдаро дар иттиҳоди мухолифини пешин дошт.
Нуралӣ Давлатов коршиноси тоҷик мегуяд, бо назардошти пешинаи ҳамкорӣ миёни аҳзоб дар Тоҷикистон ду ҳизби нисбатан бонуфуз мисли ҲНИТ ва ҲК майли чандоне ба таъсиси чунин эътилофе надоранд: "Озмударо озмудан хатост, зеро неруҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон таҷрибаи эътилоферо, ки дар солҳои 90-ум доштанд, як бори дигар мехоҳанд, ки онро озмоиш кунанд. Ин эътилоф дар солҳои аввали истиқлолият ба он хотир таъсис ёфт, ки мехостанд дар муқобили ваҳшати таъқибу фишори ҳукумат ба он гирифтор шуда буданд, ҳамин эътилофи сиёсиву низомиро ташкил доданд, аммо баъди имзои созишномаи сулҳ ин эътилоф ба сурати комил пароканда шуд. Аз ин хотир фикр мекунам, таъсиси ин гуна эътилоф чандон осон нахоҳад буд."
Аммо намояндагони ҲСД ва ҲДТ мегуянд, агар ҳеҷ гуруҳи дигари сиёсӣ ҳам майли ворид шудан ба эътилофи аҳзобро накунад мақомоти ду ҳизби мазкур таъсиси ин ташкилоти мухолифи сиёсиро дар миёнаи моҳи апрел эълон хоҳанд дошт.
Дар ҳар сурат ба назари коршинсон тобистони соли ҷорӣ барои Тоҷикистон аз лиҳози сиёсӣ мисли соли гузашта бисёр тафсон хоҳад буд. Баҳси қонуни нави интихобот ва тадоруки пурҳаяҷони аҳзоб ба интихоботи дар пеши ру асбоби ин ҳавлнокӣ хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG