Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кулоҳи тоҷику толиш монанди тоҷ ва заррандуд будааст


Вожаҳои "тоҷик" ва "толиш" ба ҳайси унвони халқ, миллат ва ё қавм аз решаҳои зоҳиран гуногун сохта шудаанд, вале дар асл ба як маънӣ ҳастанд. Ба маънии тоҷдору тоҷвар. Ва аммо на тоҷи оддӣ, балки тоҷи тиллоӣ. Дар луғатҳо омадааст, решаи толиш баргирифта аз вожаи тиллост. Кулоҳи тоҷику толиш монанди тоҷ ва заррандуд будааст.
Пас аз мутолиъаи ин ахбор дар гузориши муҳақиқ - Шохсойлу дар рузномаи «Толиш» ба маркази фарҳангии толишҳо дар Маскав занг задам ва арз кардам. Ман тоҷик ва хеши шумо ҳастам. Ҳамсуҳбат, ки ҳануз ошно набуд, гуфт, хеш дур аст, мо бародарем ва барои таъйиди фикр сурудеро аз тариқи телефон шунавонид, ки иттифоқан худаш гуш мекардааст.
Пас аз анҷоми суруд, ки воқеан ҳам лаҳн ва бархе аз вожагонаш ошно буд, хостори шунидани шеър ба забони толишӣ шудем. Акрам шеъреро қироъат кард, ки дар он гуфта мешавад, забони толишӣ - ҷони ман, хуни ман, замину осмони ман аст.
Акрам барои исботи қаробати назми толишӣ ба шеъри форсӣ як ғазали Низомии Ганҷавиро дар баргадон аз форсӣ ба толишӣ қироъат кард. Дар ҳарду пораи манзум образҳои шабеҳ ва қолаби яксони шеъри форсӣ ва вожаҳои ошно мушоҳида шуд.
Аз он ба баъд суҳбати мо бо Акрам Ҷаъфаров, муовини маркази фарҳангии толишҳои муқими Маскав дар студияи Радиои Озодӣ идома ёфт. Акрам нахуст хабар дод, ки дастпарвари Донишгоҳи фарҳанги Маскав ва ҳамасабақи донишҷуи тоҷик Баҳодур, писари Ибод Файзуллоев, нависандаи тоҷик аст. Акрам бо шухӣ гуфт: Мо бо Баҳодур дар имтиҳонҳо бо истифода аз вожаҳои муштараки форсӣ ба ҳамдигар кумак мекардем, мисли шпаргалка.
Акрам дар идомаи суҳбат хабар дод, забони толишӣ феълан танҳо дар деҳаҳои куҳистонӣ зинда мондааст. Толишҳо ба деҳа "дӣ" мегуянд ва агар як тоҷик ба дии толишҳо биравад ва бо забони софи тоҷикӣ бо солхурдагон суҳбат кунад, толишҳои солдида муҳтавои суҳбатро навад дар сад дармеёбанд ва хоҷат ба тарҷумон намемонад ва агар як эронӣ суҳбат кунад, камтар ва агар ин суҳбат чанд муддат давом кунад, толишу тоҷику эронӣ дигар ба тарҷумон ниёз нахоҳад дошт. Ва агар дар ҳузури толишҳои динишин Шоҳнома, Маснавӣ ва ё Ҳофиз қироат шавад, ҳамчунон то ҳудуди ҳаштод дар сад фаҳмо хоҳад буд. Толишҳо соли нави худро Навруж мегуянд. Ҳамзамон ба ҷашни Навруз зодрузи Зардуштро низ таҷлил мекунанд. Сабзаи суманак аз рамзҳои асосии Наврузи толишҳост. Расми аловпарак низ байни толишҳо побарҷост. Онҳо аз болои ҳафт хирманаки оташ меҷаҳанд ва ҳамон дуои машҳурро мехонанд, ки мегуяд: "Зардии руямро бигир, сурхии худро ба ман бубахш."
Дар мусиқии мо мақом заминаи аслист ва ҳамзамон жанрҳои гуногуни фолклорӣ фаъол аст ва он ба созу навои муосир дар ҳоли омезиш аст. Тор нақора, танбур дутор ва ҳамаи созҳои форсӣ дар муҳити ҳунарии мо корбурд дорад. Ва аммо ҳоли забони толишӣ дар шаҳрҳо табоҳ аст. Забони толишҳо дар Озарбойҷон туркӣ, дар Русия русӣ шудааст. Ва ман ҳам аз шумори онҳое ҳастам, ки забони русӣ дар ман ғалаба кардааст. Ба ҳамин сабаб аст, ки бо шумо бо толишӣ суҳбат карда наметавонам ва дар қироъати шеър ҳам сактаҳо фаровон буд.
Акрам дар идомаи суҳбат афзуд, ки бадбахтии азими мардуми мо ин аст, ки тайи чанд садсолаи охир давлат ва тайи 80 соли ахир дар ҳеҷ маконе ба забони модарии худ мактаб надорад на дар куҳҳои баланд ва на дар шаҳрҳои азим, он чӣ аз вуҷуди мо дар берун аз марзи он деҳот дарак медиҳад, суруди мо, ашъори парокандаи шоирони мо ва чанд рузномаест, ки дар ин ҷову он ҷо ба таври пароканда чоп мешавад. Мо Низомии Ганҷавӣ, Муҳамад Физулӣ, Самад Вурғун ва даҳҳо бузургони бархоста дар хоки Озарбойҷонро ниёи худ медонем.
Толишҳо кистанд? Ватани аҷдодии онҳо куҷост? Дар куҷо зиндагӣ мекунанд?
Дар сарчашмаҳои таърихӣ омадааст, толишҳо яке аз қадимтарин мардумони бумии минтақаи Қафқоз ҳастанд. Нажоди онҳо ориёӣ, забонашон ҳиндуурупоӣ ва чун забонҳои тоҷикӣ, форсӣ, пашту, забонҳои помирӣ, курдӣ, осетинӣ, тотӣ ва даҳҳои дигар аз шумори забонҳои зиндаи гуруҳи забони иронист. Аз аҳди бостон, ҳануз аз даврони Моди Бузург, толишҳо дар ҳошияи ҷанубу ғарбии дарёи Хазар ватан доштанд. Онҳо ҳамтоёни Форсҳои қадим ва Скифҳои қадим ҳастанд. Чун бисёр халқҳо онҳо муддатҳост, ки давлатдории худро гум кардаанд. Чун бисёр мардумон дар маҳдудаҳои ҷуғрофии гуогун ба сар мебаранд. Ва барои бақои худ ба қавли устод Бозор Собир, "мурда-мурда зиндагӣ доранд", то забони модарии худро, гури падарони худро фаромуш насозанд. Имруз толишҳо ғолибан дар ду кишвар Эрон ва Озарбойҷон ба сар мебаранд. Дар Эрон онҳо то даҳ миллион гуфта мешаванд. Дар Озарбойҷон амалан 1,5 миллион ҳарчанд дар саршумории соли 1999, 77 ҳазор ҳисоб шудаанд. Толишҳо дар Эрон суннимазҳаб ва пайравони ҷараёни дарвешии нақшбандия мебошанд. Дар Озарбойҷон асосан шиъамазҳаб ва 25 деҳаи куҳистонӣ суннимазҳаб ҳастанд.
Донишманди арман, Гарник Асатриён доктори илми филология яке аз сабабҳои бедавлатии толишҳоро ва аз даст додани хитаҳои бобоӣ меҳмонавозии беҳад ва хушбоварии беандозаи онҳо шуморидааст.
Ин нишона ҳам аломат медиҳад, толишҳои Қафқоз хешони наздики тоҷикон ҳастанд.
XS
SM
MD
LG