Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нафаси сабуки “Барқи тоҷик”


Бинои ширкати "Барқи тоҷик" дар шаҳри Душанбе
Бинои ширкати "Барқи тоҷик" дар шаҳри Душанбе

Хабари лағви маҳдудияти нерӯи барқ ба манзили сокинон истифодаи шамъу чароғҳои бобоиро нолозим гардонид.

Масъулони ширкати "Барқи тоҷик" мегӯянд, ҳамакнун ба дурдасттарин навоҳии Тоҷикистон низ 24 соат барқ дода хоҳад шуд.
Бо ин ҳама пурсида мешавад, ки нафаси сабуки масъулони ширкати "Барқи тоҷик" ва Вазорати энергетика ва саноат то кай идома пайдо мекунад?


Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи ин ширкат дар сӯҳбат ба “Озодӣ” гуфт, афзудани маҷрои об ба обанбори Норак ҳоло иҷоза медиҳад, ки ин нерӯгоҳ ба қадри кофӣ нерӯи барқ ҳосил кунад.

Вай афзуд, "ҳаҷми об дар маҷрои рӯди Вахш аз 500 мукааб метр дар ҳар сония зиёд шуда, сатҳи обанбор низ аз нуқтаи маъмулӣ боло аст."

БА УМЕДИ ГАРМӢ

Сухангӯи ширкати "Барқи тоҷик" ҳамчунин аз мардуми кишвар изҳори сипос намуд, ки дар зарфи як моҳи бебарқӣ ба кадом дасиса роҳ надодаанд.

Бо ин ҳама пурсида мешавад, ки нафаси сабуки мутахассисон ва масъулони ширкати "Барқи тоҷик" ва Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон то кадом фасл идома пайдо мекунад?



Дар расидагӣ ба ин суол яке аз масъулони Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон гуфт, агар барф об нашавад, чӣ кор бояд кунад, дар ҳоле ки об шудани пиряхҳоро наметавонад тезонад. Яъне, ниҳодҳои масъул наметавонанд барои беҳбуди вазъ чораҳои амалӣ ҷӯянд ва ҳамчунон интизори гармию обшавӣ даст рӯи даст хоҳанд нишаст.

"САТҲИ ОБРО НАЗОРАТ КУНАНД"

Ғуломиддин Сайфиддинов, коршиноси умури энержӣ
Аммо мутахассисони ин соҳа мегӯянд, бо ин шеваи кору амали ниҳодҳои масъули ҳукумати кишвар агар имсол ҳам Худо нахоставу яхбандӣ шавад, вазъ ба ҳамон гуна такрор хоҳад шуд.

Ғуломиддин Сайфиддинов,
коршиноси масоили энергетика, ба ин бовар аст, ки агар воқеан ширкати "Барқи тоҷик" ва Вазорати энергетика ва саноат сари вақт сатҳи оби обанборро таҳти назорат қарор диҳанд, бӯҳрони барқ пеш нахоҳад омад

Вай афзуд, "ҳанӯз як ду моҳ қабл аз шурӯи сардиҳо мутахассисон бояд реҷаи обро ба рӯи ҷадвали обанбор назорат кунанд ва барои ин таҷҳизоти махсус ҳаст. На танҳо маҷрои дарёи Вахшро, балки маҷрои дарёҳое, ки ба рӯдхонаи Вахш мерезанд назорат бурда шавад. Назорату танзими об метавонад ақаллан мушкил пеш наорад ва вазъ бӯҳронӣ нашавад. Ҳамеша оби дарёҳо имкони каму зиёд шудан дорад, вале танзими саривақтӣ метавонад аз ҳар маҳдудият ҷилавгирӣ кунад."

Коршиносони Пажӯҳишгоҳи обу обёрии Вазорати обу мелиоратсияи
Ҳоло суоле, ки ҳамчунон дар пешорӯи ниҳодҳои масъул меистад ин масъалаи зиёни бебарқии як моҳи ахир аст, ки корхонаҳову ширкатҳо дидаанд...
Тоҷикистон мегӯянд, танзими об дар обанборҳо таҷрибаи оддитаринест, ки дар ҳар кишвари дорои нерӯгоҳҳои барқи обӣ истифода мешавад.

БАҲОНА ЧИСТ? ОБ!

Онҳо мегӯянд, тайи як даҳсолаи ахир то чаҳор маротиба дар фасли сармо мардум аз барқ маҳрум карда шуданд ва тақрибан ҳар дафъа сабаби кам шудани оби обанбор ҳамин як масъала аст: сардии ҳаво ва кам шудани ҷараёни оби рӯдхонаи Вахш.

Ба назари таҳлилгарон, бо фарорасии зимистон ва эҳтимоли пеш омадани чунин ҳолат бояд идораҳои масъул шурӯъ аз идораи обу ҳавосанҷӣ то ширкати "Барқи тоҷик"-у Вазорати энергетика ва саноати кишвар ҳамоҳангии зич барқарор кунанд ва вазъи обу маҷрои обро аз обанбор то саргаҳи дарёҳо таҳти назорат дошта бошанд.

Ҳоло як суоле, ки ҳамчунон дар пешорӯи ниҳодҳои масъул меистад ин масъалаи зиёни бебарқии якмоҳа мебошад, ки корхонаҳо, ширкатҳо ва дигар муассисаҳо дидаанд. Ҳанӯз кадом идораи ҳукумати кишвар ин оморро пешниҳод накардааст ва масъулияти пардохти ҷуброни ин зиёнҳо ба дӯши кадом идора бояд бошад, низ ҳанӯз мушаххас нест.
XS
SM
MD
LG