Александр Лукашенко, раиси ҷумҳури Белорус, иддаъоҳо доир ба даст доштани ҳукуматаш дар бомбгузории хунини рӯзи душанбеи гузаштаро рад кард, ки дар ин бомбгузорӣ 13 нафар кушта ва бештар аз 200 тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Дар як суханронии телевизионӣ, ӯ гуфт, “танҳо аҳмақон” метавонанд чунин иддаъо кунанд. Пештар аз ин дар интернет фарзияҳои зиёде нашр шуд, ки гӯё ҳукумати Белорус худаш ҳамларо тарҳрезӣ кардааст. Мақомоти расмии Белорус гуфтанд, ки панҷ нафар дар робита ба бомбгузорӣ боздошт шудаанд.