Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҷлили Рӯзи пойтахт


Шанбеи саввуми моҳи апрел ҳамасола дар Душанбе Рӯзи пойтахт таҷлил мегардад.

Ба ин муносибат имрӯз 16-уми апрел дар Душанбе чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ ва варзишӣ баргузор шуд.

Аз ҷумла дар доираи ин чорабиниҳо ниммарафони байналмилалӣ ва мусобиқаи байналмилалии ҳаваскорони теннис доир гашт.

Дилшод Қурбонов, сардори раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе, ба радиои Озодӣ гуфт, дар ин ниммарафон, ки барои бори дуввум бо тасмими раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев доир шуд, марафончиён аз бародаршаҳрҳои Душанбе - Санкт-Петербург ва Маскави Русия, Тошканди Узбакистон, Кобули Афғонистон, Бишкеки Қирғизистон, Алматӣ ва Остонаи Қазоқистон, ҳамчунин намояндагони сафоратхонаҳои кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмимлалии муқими Тоҷикистон ва варзишгарон аз манотиқи мухталифи кишвар ширкат карданд. Умуман, дар пойга миёни мардону занон беш аз 130 варзишгар иштирок дошт.

Ғайрат Неъматов, сардовари ин мусобиқа, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ниммарафон, ки масофаи 21 километру 97 метрро дарбар гирифт, аз рӯи масири дав – Наврӯзгоҳи Душанбе – хиёбони Ҳофизи Шерозӣ – маҳаллаи Хоҷамбиё – дидбонгоҳи Чорбоғ – хиёбони Рӯдакӣ – майдони “Дӯстӣ” (назди ҳайкали Исмоили Сомонӣ) баргузор шуд.

Дар сабқати мардон Михаил Биков (аз Русия) бо натиҷаи 1 соату 4 дақиқаю 44 сония ғолиб шуд. Андрей Петрови узбакистонӣ бо натиҷаи 1:05,15 мақоми дуввумро касб кард. Тоҳир Маҳмадшоев (аз Қазоқистон), ки дар ниммарафони порсола ҷои аввалро гирифта буд, ин дафъа бо натиҷаи 1:05,51 саввум шуд.



Сергей Лукин (Русия) бо натиҷаи 1:06,48 дар ҷои чаҳорум, Артём Косинев (Қазоқистон) бо натиҷи 1:08,51 дар ҷои панҷум ва Денис Багрев (Русия) бо натиҷаи 1:09,20 дар ҷои шашум қарор гирифтанд.

Дар сабқати занон Алёна Самохвалова (Русия) бо натиҷаи 1 соату 14 дақиқаю 13 сония ғолиб омад. Наталя Волгинаи русиягӣ бо натиҷаи 1:14,39 дуввум шуд. Ситора Ҳомидова (Узбакистон) бо натиҷаи 1:15,12 ҷои саввумро азони худ кард.

Ирина Смолникова (Қазоқистон) бо натиҷаи 1:20,50 ҷои чаҳорум, Мария Малишева (Русия) бо натиҷаи 1:21,28 ҷои панҷум ва Мария Коробитская (Қирғизистон) бо натиҷаи 1:28,00 ҷои шашумро касб намуданд.

Вале ба гуфтаи Ғайрат Неъматов, варзишгарони тоҷик дар пойгаи имсола нисбат ба мусобиқаи порсола натиҷаи баланд нишон дода натавонистанд. Дар сабқати мардон дар байни варзишгарони Тоҷикистон имсол низ Сотиболдӣ Ҳаитов (Душанбе) натиҷаи хубтар нишон дод (1:11,16) ва дар ҷои ҳафтум қарор гирифт. Воқеъан, ӯ соли гузашта ҷои панҷумро гирифта буд.

Дар сабқати занон бошад, дар байни варзишгарони тоҷк Гулноз Алиқулова (аз шаҳри Турсунзода) натиҷаи хубтар ба даст оварда, ҷои ҳаштумро соҳиб гашт (1:32,08). Бояд тазаккур дод, дар пойгаи соли гузашта намояндагони Тоҷикистон Надима Мирзоева ҷои чаҳорум, Хосият Тошева ҷои панҷум ва Нодира Мирзоева ҷои шашумро касб карда буданд.

Раҳматшоҳ Камолов, мудири бахши варзиши Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе, ба радиои Озодӣ гуфт, барои баргузории ин мусобиқа аз бунёди захиравии раиси шаҳри Душанбе 178,4 ҳазор сомонӣ ё наздики 40 ҳазор доллари амрикоӣ ихтисос дода шуд, ки аз он ҷумла ба ғолибони пойга миёни мардону занон мукофотпулӣ ба маблағи 3,5 ҳазор долларӣ супурда шуд.

Ҳамчунин варзишгароне, ки дар ҷойҳои аз 2-юм то 6-ум қарор гирифтанд, бо мукофоти пулӣ сарфароз шуданд: ҷойҳои 2-юм – 3000 долларӣ, 3-юм – 2500 долларӣ, 4-ум – 2000 долларӣ, 5-ум – 1800 долларӣ ва 6-ум – 1500 долларӣ.

Мукофотро ба ғолибон Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе, дар маросими ботантана супурд.

Ҷаноби Камолов, ҳамчунин иттилоъ дод, ки 16-уми апрел бахшида ба “Рӯзи пойтахт” мусобиқаи байналмилалии ҳаваскорони теннис миёни мардон бо ширкати кормандони сафоратхонаҳои кишварҳои хориҷии муқими Тоҷикистон (Русия, Чин, Ҳиндустон), созмонҳою ширкатҳои байналмилалӣ ва намояндагони вазорату идораҳо, ташкилотҳои ҷумҳуриявӣ ва соҳибкорон шурӯъ шуд.

Ғолиби ин мусобиқа, ки дар Қасри тенниси пойтахти кишвар ҷараён дорад, рӯзи 17-уми апрел муайян хоҳад шуд. Ғолиби мусобиқа бо Ҷоми раиси шаҳри Душанбе сарфароз мегардад.
XS
SM
MD
LG