Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ниммарафони байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт


16-уми апрел бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон ниммарафони байналмилалӣ ва мусобиқаи байналмилалии теннис баргузор хоҳад шуд.

Дилшод Қурбонов, сардори раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе ба радиои Озодӣ гуфт, дар ин ниммарафон, ки барои бори дуввум бо тасмими раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев доир мешавад, марафончиёни бародаршаҳрҳои Душанбе - Санкт-Петербург ва Маскави Русия, Тошканди Узбакистон, Кобули Афғонистон, Бишкеки Қирғизистон, Алматӣ ва Остонаи Қазоқистон, ҳамчунин варзишгарон аз манотиқи мухталифи Тоҷикистон ширкат хоҳанд кард. Умуман, дар пойга ширкати 44 шаҳрванди хориҷӣ ва беш аз 300 варзишгари кишвар дар назар аст.

Ниммарафон, ки масофаи 21 километру 97 метрро дарбар мегирад, аз рӯи масири дав – Наврӯзгоҳи Душанбе – хиёбони Ҳофизи Шерозӣ – маҳаллаи Хоҷамбиё – дидбонгоҳи Чорбоғ – хиёбони Рӯдакӣ – майдони “Дӯстӣ” (назди ҳайкали Исмоили Сомонӣ) барпо мегардад. Оғози пойга – соати 8-и пагоҳӣ.

Ба гуфтаи ҷаноби Қурбонов барои баргузории ин мусобиқа аз бунёди захиравии раиси шаҳри Душанбе 178,4 ҳазор сомонӣ ё наздики 40 ҳазор доллари амрикоӣ ихтисос дода шудааст, ки аз он ҷумла ба ғолибони пойга миёни мардону занон мукофотпулӣ ба маблағи 3,5 ҳазор долларӣ супурда хоҳад шуд. Ҳамчунин варзишгароне, ки дар ҷойҳои аз 2-юм то 6-ум қарор мегиранд, бо мукофоти пулӣ сарфароз мешаванд: ҷойҳои 2-юм – 3000 долларӣ, 3-юм – 2500 долларӣ, 4-ум – 2000 долларӣ, 5-ум – 1800 долларӣ ва 6-ум – 1500 долларӣ.

Ёдовар мешавем, ки нахустин ниммарафони байналмилалӣ порсол бо пирӯзии Тоҳир Мамашев (Қазоқистон) ва Надежда Поволяева (Русия) ба анҷом расида буд.

Сотиболдӣ Ҳаитов, варзишгари тоҷик, соли гузашта дар сабқати мардон дар ҷои панҷум қарор гирифта буд. Дар сабқати занон намояндагони Тоҷикистон Надима Мирзоева ҷои чаҳорум, Хосият Тошева ҷои панҷум ва Нодира Мирзоева ҷои шашумро касб карда буданд.

Ҷаноби Қурбонов, инчунин, иттилоъ дод, ки 16-уми апрел бахшида ба Рӯзи пойтахт мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис бо ширкати теннисбозони тоҷик ва кормандони сафоратхонаҳои кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмимлалии муқими Тоҷикистон баргузор мешавад. Ин мусобиқа соати 9-и пагоҳӣ дар Қасри тенниси Душанбе оғоз меёбад. Ғолиби мусобиқа бо Ҷоми раиси шаҳри Душанбе сарфароз мегардад.
XS
SM
MD
LG