Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мушкиле, ки Душанбеву Кобулро ба баҳс кашид


Мақомоти Афғонистон хостаанд, то масъалаи 80 дарсад боло бурдани боҷи транзит таҷдиди назар шавад.

Раиси бахши тиҷорати Сафорати Афғонистон дар Душанбе, Умари Саҳроӣ, гуфт, тарафи Афғонистон Кобул то кунун посухи мақомоти Тоҷикистонро дар ин бора дарёфт накардааст.
Дар ҳоли ҳозир ба ҷуз Афғонистон дигар кишваре нест, ки ба таври собиту пайваста аз роҳи Тоҷикистон колои худро интиқол диҳад...


Ба гуфтаи ҷаноби Саҳроӣ, ширкати "Роҳи оҳани Тоҷикистон" ғайримунтазира ва якҷониба қиммати боҷи транзитро боло бурдааст.

Вай афзуд, акнун интиқоли молу колое, ки аз Русия, Украина ва Қазоқистон аз роҳи Тоҷикистон ба Афғонистон ворид карда мешавад, боз ҳам гаронтар шудааст.

БА ҶОИ 12 ДОЛЛАР - 20 ДОЛЛАР?

Гузаргоҳи Панҷи Поён
"Мувофиқ ба қарордодҳое, ки миёни мақомоти Душанбе ва Кобул ба имзо расидаанд, бояд дар сол ба ҳаҷми ду миллион тонна бору колои Афғонистон аз роҳи Тоҷикистон ба ин кишвар мустақиман интиқол ёбад"
,-гуфт ӯ.

Бино ба иттилои Утоқи тиҷорат ва саноеи Афғонистон то кунун ба ҳар тонна бори Афғонистон мақомоти ширкати "Роҳи оҳани Тоҷикистон" 12 доллару 45 сент мегирифтанд, вале мувофиқи пешниҳоди нав 6 доллари дигар изофа шуда, акнун ба ҳар тонна коло ҳудуди 20 доллар пардохт хоҳад шуд.

Дар сӯҳбат ба "Озодӣ" масъулони ширкати "Роҳи оҳани Тоҷикистон" аз шарҳи масъала худдорӣ карданд. Вале сардабири ҳафтаномаи "Нақлиёт", нашрияи Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, Ато Мирхоҷа гуфт, дар робита ба ин масъала се рӯз аст, ки миёни мақомоти Афғонистон ва Тоҷикистон баҳс идома дорад.



"РОҲИ ОҲАН ИМТИЁЗ ДОДА НАМЕТАВОНАД"

Вай афзуд, "Роҳи оҳани Тоҷикистон тайи ин чанд сол чун барои тоҷирони тоҷик, барои Афғонистон ҳам имтиёзи 20-дарсадаро риоя мекард ва имтиёзро аз буҷаи худ мепардохт. Ҳоло Роҳи оҳан, ки як идораи худкифо ҳаст, тавони пардохти ин имтиёзро надорад. Бояд дар ин масъала тафоҳуме бошад."

Аммо раиси молии Утоқи тиҷорат ва саноеи Афғонистон, Аҳмад Ҷовиди Ҷайҳунӣ, мегӯяд, "дар зарфи се моҳи гузашта бар пояи як қарордоди ширкати "Тоҷирон"-и Тоҷикистон ва ширкати "Ҷовид Ҷайҳун"-и Афғонистон ҳудуди 40 тонна бору коло аз тариқи транзит ба Афғонистон интиқол дода шуд ва дар ояндаи наздик ин рақам ба 150 ҳазор тонна баробар мешуд. Вале пас аз ин тасмими "Роҳи оҳани Тоҷикистон" ин миқдори коло боздошта шуда ва мунтазири ҳалли мусбати масъалаи мазкур ҳастанд. Дар сурати ҳалли мусбат наёфтани ин масъала мо аз роҳи Узбакистон, Тирмиз-Ҳайратон колои худро интиқол хоҳем дод."

БОЗ БА ЗАРАРИ ТОҶИКИСТОН?


Ҳоҷимуҳаммад Умаров
Иқтисоддони тоҷик Ҳоҷимуҳаммад Умаров бар ин аст, ки тоҷирони Афғонистон роҳи алтернативӣ доранд ва аз тариқи Туркманистон ва ё Узбакистон метавонанд бори худро интиқол диҳанд, вале Тоҷикистон аз як ҳамшарики аслии худ дар бозори интиқоли транзит маҳрум мешавад.

"Агар Тоҷикистон гузашт накунад, бар зарари Тоҷикистон меанҷомад. Зеро интиқоли транзити ҳазор тонна ҳатто бо нархи 12 доллар ба буҷаи Тоҷикистон даромади муҳим аст. Дигар ин ки дар бозори интиқоли транзит Тоҷикистон ба ҷуз Афғонистон дигар ҳамшарики собит надорад",-илова кард ӯ.

Дар ҳоли ҳозир ба ҷуз Афғонистон дигар кишваре, ки ба таври собиту пайваста аз роҳи Тоҷикистон колои худро интиқол диҳад, вуҷуд надорад. Бар иловаи Афғонистон, ҳоло кишварҳои узви НАТО бинобар ҳаводиси Афғонистон аз тариқи Тоҷикистон колои худро ба он сӯи марз интиқол медиҳанду тамом.
XS
SM
MD
LG