Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оё эъмори «Кохҳои оҳанин» роҳи ҳал аст?


Вокуниши ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ ба таҳаввулоти ҷаҳони араб, асосан, ба ду шакл аст.

Бархе аз онҳо ба васеътар кардани озодиҳои сиёсӣ аломат медиҳанд ва бархи дигар ба таҳкими бештари қудрати раҳбари давлат. Ин ҳам дар ҳоле, ки қудрати онҳо ба андозаи кофӣ қавӣ ва фарогир аст.

ОМОДАГИИ ДАРОЗМУДДАТ БА ИНТИХОБОТ?

Дар Қазоқистон интихоботи зудрас баргузор гашт, дар Тоҷикистон як навъ омодаги дарозмуддат ба интихоботи навбатии президентӣ ҷараён дорад.

Ба раҳбарии Кумиссюни марказии интихоботӣ баргузида шудани вакили пешини Маҷлиси намояндагон ва фиристодаи собиқи президент дар порлумон Шермуҳаммади Шоҳиён агар аз як сӯ гӯё нармтар кардани "чеҳра"-и ин кумиссюн бошад, аз сӯи дигар тақвияти он дар ростои интихоботҳои оянда шумурда мешавад.

Шермуҳаммади Шоҳиён
Барои курсии холишудаи Шоҳиён дар парлумоти кишвар Амирқул Азимов, дабири Шӯрои амнияти кишвар пешбинӣ шудааст. То ҳол маълум нест, ки баъди интихобот курсии Азимов дар Шӯрои амниятро кӣ ишғол хоҳад кард. Вале дар як сӯҳбаташ бо Радиои Озодӣ Азимов эътироф кард, ки тирамоҳи соли гузашта ниҳодҳои амниятии кишвар натавонистанд аз нооромиҳои минтақаи Рашт ҷилавгирӣ кунанд.

Таҳлилгарон ба пирӯзии Азимов дар интихобот шубҳа надоранд, зеро ба гуфтаи Саймуддини Дӯст, таҳлилгари масоили сиёсӣ дар шумораи охири "Бизнес и политика", тасмимҳои пирӯзии ин ё он номзад дар дафтари раисиҷумҳур гирифта мешаванд.

НАЗОРАТИ ВАЗЪ БО ПАНҶАҲОИ ОҲАНИН

Баъзе аз таҳлилгарони масоили сиёсии Тоҷикистон бар ин назаранд, ки президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти таҳаввулоти сиёсӣ дар кишварҳои ҷаҳон ба хотири эътимоди комил ба ҳукумати қонунгузор афродеро ба курсиҳои Маҷлиси намояндагон сафарбар мекунад, ки мавриди эътимодаш бошад.

Раҳматулло Зойиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон мегӯяд, ки таҳаввулоти сиёсии кишварҳои арабӣ як афкореро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷойгузин кард, ки ҳокимияти раҳбарони дарозумр метавонад ҳар лаҳза мутазалзил гардад.

Ин бардошт чунин раҳбаронро водор мекунад, ки назорати комил ба вазъро дар ҳар лаҳза дар қабзаи дошта бошанд: «Ҳоло ҳар як президент мехоҳад мавқеи худро натанҳо дар ҳокимияти иҷроия, балки дар ҳокимияти қонунгузор ҳам таҳким бахшад. Ба унвони мисол пешниҳоди Амирқул Азимов, дабири Шӯрои амнияти кишвар барои курси холишудаи Шермаҳмади Шоҳиён нишон медиҳад, ки нафаре ба парлумони ба назари онҳо бояд роҳ ёбад, ки ба он бовар дошта бошанд. Ва ин шахс ҳамеша дар хизмати президент бошад.»

НИҲОДҲО ДАР ХИЗМАТИ ҲИЗБИ ҲОКИМ


Ҳодисаҳои муҳими сиёсии гузаштаи Тоҷикистон аз ҷумла интихоботҳои парлумон ва интихоботҳои раёсати ҷумҳурӣ дар кишвар нишон додааст, ки ҳам ҳокимияти иҷроия ва ҳам ҳокимияти қонунгузор ва ҳокимияти додгоҳӣ аз президенти Эмомалӣ Раҳмонов ва манофеи ҳизби ӯ пуштибонӣ кардаанд. Мӯҳраҳое, ки битавонанд дар ин доира аз дасти Эмомалӣ Раҳмон берун бимонанд тақрибан ба чашм намехӯранд.

Коршиноси мустақили тоҷик Қосим Бекмуҳамад ба ин бовар аст, ки ишғоли
Қосими Бекмуҳаммад
кадом курсии парлумон ба ин маъно нест, ки Эмомалӣ Раҳмон мехоҳад боз як пуштибоне барои худ пайдо кунад: «Фикр намекунам, ки ишғоли курсии Маҷлиси намояндагон ба он маъно бошад, ки президент мехоҳад атрофи худро боз ҳам мустаҳкамтар кунад. То ҷое, ки таҷруба нишон медиҳад, ки ниҳодҳои ҳокимияти қонунгузор ва додгоҳӣ комилан ҳамсу бо хати машйи роҳбурдии раиси ҷумҳур ҳаракат мекунанд ва фикр намекунам, ки мӯҳраҳои ҷудогона нақши асаргузор дар ин заминаро дошта бошанд. Балки як хатти мушаххасе ҳаст, ки тайи солҳо дунбол мешавад ва дар солҳои баъд низ идома хоҳад дошт.»

Ба қавли соҳибназарони дигар, таҳаввулоти кишварҳои арабӣ бори дигар нишон медиҳад, ки раисони кишварҳое дар он минтақа канор рафтаанд, ки наздики 30 ва ҳатто бештар аз он дар сари қудрат буданд ва инони ҳамаи ҳокимиятҳоро дар дасти худ доштанд. Ва курсиҳои аксари ин ҳукуматҳо бо худҷӯшиҳои дарунӣ такон хӯрданд.

ҲУСАЙНӢ: "КОХИ ОҲАНИН" СОХТАН РОҲИ ҲАЛ НЕСТ"

Вакили мардумӣ, намояндаи ҳизби Наҳзати исломи Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони Саидумар Ҳусайнӣ ба ин бовар аст, ки аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон кадом талоше барои эмин нигоҳ доштани худ мушоҳида намешавад. Вале аз ҳокимиятҳо барои худ «кохи оҳанин» дуруст кардан роҳи ҳалли масъала нест. Ба назари ӯ ҳукумат бояд бештар аз пештар бо мардум наздикӣ ҷӯяд ва ҳамкорӣ кунад: «Фикр мекунанд, ки агар нафарҳои мо
Саидумар Ҳусайнӣ
дар ҳокимият бештар бошад дар вазорати дохила одамони мо қавӣ бошанд, амният дар паси мо бошад, дар артиш одамони мо бештар бошад шояд мо зарбанопазир шавем, вале ин иштибоҳ аст. Ҳукуматҳои пойбарҷоеро, ки дар хоки араб дидем даҳҳо маротиба қавитар аз кишварҳои Осиёи Миёна ҳастанд, вале маҳз дурӣ ва норозигии мардум онҳоро аз пой даровард. Аз ҳамаи ин роҳҳо беҳтар наздик шудан бо мардум аст. Манофеи мардумро набояд нодида бигиранд. Ба умеди ниҳодҳову ҳокимиятҳо шудаву қасри оҳанин сохтан фоида надорад».


Вакили Маҷлиси намояндагон Саидумар Ҳусайнӣ ҳамкории ҳукумат бо мардумро баргузории интихоботҳои мунсифонаи сиёсӣ медонад. Вай дар назар дорад, ки барои мардум аз ҷумла нерӯҳои мухталифи сиёсии кишвар шароити баробар ва солими ҳузур дар ҳаёти кишвар фароҳам оварда шавад. Озодии баён ва сухан барои қишрҳои мухталифи кишвар дода шавад. Эҳтироми ин арзишҳо, ба қавли таҳлилгарон, эҷоди масуният барои ҳукуматҳо ба шумор меояд.
XS
SM
MD
LG