Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номзадҳо сабти ном шуданд, ҲНИТ эътироз кард


Саидиброҳими Назар аз ворид нашудани аъзои ҲНИТ ба ҳайати кумиссюнҳои раъйшуморӣ эътироз кард.

Ҳамин тавр, аз панҷ номзади муаррифишуда барои ширкат дар интихоботи миёндавраии ҳавзаи "Сино"-и шаҳри Душанбе, чаҳор нафари онҳо сабти ном гардида, шаҳодатаномаи сабтиномро дарёфт карданд.

Абдулло Ҳабибов, раиси ҳавзаи интихоботии "Сино", рӯзи 5-уми апрел дар қароргоҳи ин ҳавза ба Амриқул Азимов, дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон аз ҲХДТ, Музаффар Мирзоев аз Ҳизби аграрӣ ва Толибшоҳи Саидзода, сардабири нашрияи "Миллат" ва Сафарбек Маннонов, муовини раиси Маркази миллии тиббии Тоҷикистон, ки ба таври худпешбарӣ номзад шудаанд, шаҳодатномаҳои сабтиноми номзадро супорид.



Аммо Саидироҳими Назар, узви раёсат ва шӯрои олии ҲНИТ, ки яке дигар аз номзадҳо барои ширкат дар интихоботи миёндавраӣ дар ҳавзаи "Сино" аст, қабл аз супоридани шаҳодатномаҳо ба амалкарди ҳавзаи интихоботӣ, ки аз ворид кардани намояндагони ин ҳизб ба ҳайати участкаҳо ва ё марказҳои раъйшуморӣ худдорӣ кардааст, эътироз намуда, ҳавзаро тарк гуфт.

Саидиброҳими Назар (Акс аз бойгонӣ)
Ҷаноби Назар, ки номаи эътирозии худро ба Абдулло Ҳабибов, раиси ҳавзаи интихоботӣ супорид, гуфт, "ба унвони номзади пешбаришуда аз ҲНИТ, то он замоне ки намояндагони онҳо дар участкаҳои интихоботӣ шомил карда намешаванд, ҳавза ӯро сабти ном накунад. Агар намояндагони ҳизби мо вориди ин ҳайат шаванд, метавонам сабтином шавам ва муборизаро идома диҳам. Чун масъулони ҳавза мегӯянд, фаъолият бар асоси қонун сурат мегирад. То 15 апрел агар ин пешниҳод мавриди қабул сурат бигирад, пас ман метавонам номзад бошам."



Аммо Абдулло Ҳабибов, раиси ҳавзаи интихоботии "Сино" гуфт, "дар воқеъ қаблан ҲНИТ феҳрастеро дар ин замина пешниҳод карда буд. Аммо ҳеҷ як ҳизби сиёсии дигар ва ҳатто номзадҳои худпешбарӣ ин гуна пешниҳоде накарданд. Дар қонун дар мавриди шомил кардани намояндагони аҳзоби сиёсӣ ба ҳайати кумиссюни участкаҳо чизе гуфта нашудааст. Ин гуна таҷриба низ то ҳол вуҷуд надошт."

Ҳамзамон ҷаноби Ҳабибов гуфт, ин масъала, яъне сабтиноми Саидиброҳими Назар, номзади ҲНИТ, барои ширкат дар интихоботи миёндавраии "Сино" мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт.

Дар зимн, ҳавзаи интихоботии "Сино-4" дорои 48 участкаи интихоботӣ буда, ҳудуди 70 ҳазор интихобкунанда дорад.

ТАФСИЛОТИ БЕШТАР ДАР БОРАИ ИНТИХОБОТИ "СИНО":

Ҳавои ҳавзаи интихоботии Сино аз нав доғ мешавад

Нахустин довталаб дар ҳавзаи Сино

Номзадии Амирқул Азимов ба вакилии Маҷлиси Намояндагон
XS
SM
MD
LG