Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Натоиҷи қуръакашии мусобиқоти лигаи олии футболи Тоҷикистон


Рӯзи 1-уми апрел дар қароргоҳи Федератсияи футболи Тоҷикистон қуръакашии мусобиқоти қаҳрамонии лигаи олии кишвар баргузор шуд.

Дар қуръакашӣ масъулини федератсия ва раҳбарони бошгоҳҳои футболи лигаи олӣ ширкат карданд.

Ба иттилои Шавкат Аҳмадов, сардори шӯъбаи баргузории мусобиқоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар мусобиқоти XX қаҳрамонии кишвар, ки рӯзи 13-уми апрел шурӯъ мешавад, 10 дастаи лигаи олӣ -“Истиқлол” (Душанбе), “Регар-ТадАЗ” (Турсунзода), “Вахш” (Қӯрғонтеппа), “Хайр” (Ваҳдат), “Энергетик” (Душанбе), ССКА “Помир” (Душанбе), “Хуҷанд” (Хуҷанд), “Парвоз” (Бобоҷон Ғафуров), “Равшан” (Кӯлоб), “Шодмон” (Ҳисор) - дар чаҳор давра қувваозмоӣ хоҳад кард.

Натоиҷи қуръакашии ду даври муқаддамотӣ:

Даври аввал, 13-уми апрел (чоршанбе)

"Равшан" - "Вахш"
"Хайр" - "Хуҷанд"
ССКА "Помир" - "Парвоз"
"Шодмон" - "Регар-ТадАЗ"
"Истиқлол" - "Энергетик"

Даври дуввум, 16-уми апрел (шанбе)

"Хайр" - "Парвоз"
ССКА "Помир" - "Хуҷанд"
"Шодмон" - "Энергетик"
"Истиқлол" - "Регар-ТадАЗ"

Бозиҳои даврҳои дигар аз рӯи манзума ё системи Бергер тартиб дода мешавад.

Шавкат Аҳмадов, инчунин, иттилоъ дод, ки бозӣ барои Суперкубок ё Ҷоми олии Тоҷикистон миёни тимҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” 9-уми апрел дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Қӯрғонтеппа баргузор хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG