Маликшоҳ Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон ва ҳамзамон ноиби президенти Кумитаи миллии олимпии кишвар, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт: «Мувофиқи ин қарордод Кумитаи миллии олимпӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати алюминии тоҷик» барои омодагӣ ва ширкати варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти ҷаҳониву қитъавӣ ва байналмилалӣ ҷиҳати ба даст овардани роҳхатҳо ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2012 дар Лондон ҳамаҷониба кӯмак хоҳанд кард”.
Ба иттилои Саёҳат Қодирова, котиби матбуотии КВД "Талко", ширкати алюминии тоҷик ҳамчун сарпарасти кулли дастаҳои мунтахаби миллии Тоҷикистон, бар асоси қарордод миёни Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон ва "Талко", ин ширкат аллакай ба навъҳои мухталифи варзиши тоҷик 745 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ кардааст.
Дилшод Назаров, гурзандози маъруфи тоҷик, мегӯяд: «Мақсади аслии ман ба даст овардани медалҳои мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон ва Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2012 дар Лондон мебошад. Барои ба чунин дастовардҳои бузург ноил шудан, албатта, шароити хуб ва маблағгузории кофӣ зарур аст. Ин қарордод ба ман имкон медиҳад, ки ба мусобиқоти ҷаҳониву олимпӣ ҳамаҷониба омода шавам ва натоиҷи дилхоҳ ба даст орам».
Ёдовар мешавем, ки нахустин қарордоди ҳамкории Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати алюминии тоҷик» (ТАЛКО) бо Расул Боқиев, барандаи медали биринҷии Олимпиадаи Пекин дар риштаи дзю-до, 3-юми феврали соли 2010-ум баста шуда буд.
Шарҳҳоро бинед (4)
Боз кардани шарҳи бештар