Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таваҷҷуҳи Дафтари ҳуқуқи башар ба қазияи Сангов


Дафтари ҳуқуқи башари СММ, қазияи Сафаралӣ Санговро зери назар қарор дода хонаводаи ӯро бо ҳимоятгар таъмин намудааст.

Тахмина Ҷӯраева, муовини роҳбари Идораи ҳуқуқи башари СММ дар Тоҷикистон ин хабарро тасдиқ карда гуфт, ки дар асоси дархости дафтари ҳуқуқи башари СММ, ба хонаводаи Сангов ҳимоятгар мушаххас шуда ва ба кор оғоз намудааст.

Қаблан хонаводаи Сангов дар ин робита ба дафтари СММ дар Душанбе, дабири Шӯрои амнияти миллӣ, Додситони кулл ва Омбудсмен ҳам нома навишта ва хостори кӯмак шуда буданд

Сафаралӣ Сангов, ки рӯзи 1-уми марти соли равон аз сӯи кормандони шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Сино дар пеши чашми хонаводааш шадидан латукӯб ва боздошт шуда буд, 5-уми марти соли равон, дар бемористони Қарияи Боло даргузашт.

Мақомоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфта буданд, Сафаралӣ Сангов бо "далели шайъӣ", яъне бо 471 грам ҳашиш боздошт шуда, вале ӯ хостааст, ки худро аз ошёнаи дуввуми бинои ШКД "Сино-1" ба зер партояд.

Дар робита ба марги мармузи Сафаралӣ Сангов, созмонҳои назорат бар ҳуқуқи башар ва дифоъ аз он вокуниш нишон дода буданд. Аз ҷумла Amnesty International ё Авфи Байналмиллал вокуниши худро ба марги Сафаралӣ Сангов баён дошта изҳори нигаронӣ карда буд.

Созмонҳои ҳифзи ҳуқуқ аз ҳукумати Тоҷикистон хоста буданд , ки бидуни таъхир ба иддаоҳо дар бораи шиканҷа ва азияту озори Сафаралӣ Сангов расидагии ҳамаҷониба анҷом диҳанд.
XS
SM
MD
LG