Муҳаммадризо ва Саидмуҳаммад - фарзандони Мирзо Зиёев, вазири собиқи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистонанд, ки бо иттиҳоми даст доштан дар нооромиҳои шарқи Тоҷикистон ба мӯҳлатҳои 29 ва 30 соли зиндон маҳкум шуда буданд.
Сайидумар Ҳусайнӣ: Ин ҳама исботи онро дорад, ки Мирзо Зиёев ва атрофиёни ӯ ба ин миллату ба ин сарзамин вафодор буданду ҳаргиз ба ин миллат хиёнат накардаанд...
Санавбар Холова, узви ҳайати Додгоҳи таҷдиди назари Додгоҳи олии Тоҷикистон, дар сӯҳбат ба "Озодӣ" гуфт: "Пас аз расидани эътироз ба раёсати Додгоҳи олӣ, ин парванда бозрасӣ шуда, давраи гузаронидани ҷазои Муҳаммадризо Зиёев ва Саидмуҳаммад Зиёев, фарзандони собиқ вазири ҳолатҳои изтирорӣ, 15-солӣ коҳиш дода шуд."
"ПАРВАНДАИ ТАВИЛДАРА"
Парвандаи мазкур бештар бо номи "парвандаи Тавилдара" маъруф аст ва ба фирори 25 маҳбус аз боздоштгоҳи мувақатии Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дар моҳи августи соли гузашта ва ҳам нооромиҳо дар ин минтақа рабт мегирад.
Ба қавли таҳлилгарон, танҳо пас аз фирори 25 маҳбус аз боздоштгоҳи мувақатии Кумитаи амнияти милии Тоҷикистон дар моҳи августи соли гузашта, мақомоти дахлдори кишвар ба таври ҷиддӣ ба бозрасии ин парванда оғоз кардаанд.
Ҳуқуқдони тоҷик Абдуқаюм Юсуфов мегӯяд, "ҳангоми баррасии парванда дар зинаи аввали судӣ аз тарафи Додгоҳи олӣ ба иштибоҳҳо роҳ дода шуд. Бо овардани эътироз, додгоҳи зинаи баррасии шикоятҳо, яъне кассатсионӣ, мӯҳлати ҷазоҳои онҳоро кам кард. Бо ин бахше қисматҳои айбнома алайҳи Зиёевҳо бекор карда шудааст. Ин то андозае як амали боадолатона шумурда мешавад."
"АДОЛАТ БА ҶОИ ХУД БАРМЕГАРДАД"?
Ба ин тартиб, коҳиши давраи ҷазои Муҳамадризо ва Саидмуҳаммад, фарзандони генерали собиқ Мирзо Зиёев ва аз толори додгоҳ озод шудани Абдусамад - бародари ӯ ва коҳиши мӯҳлати ҷазои афроди дигари марбут ба парвандаи Тавилдараро Саидумар Ҳусайнӣ, вакили Маҷлиси Намояндагон, як расидагии боадолатона ба сарнавишти онҳо медонад.
Вай гуфт, "Ин гузаштҳо ба фарзандони Мирзо Зиеёв ва бародари ӯ нишон медиҳад, ки адолат як миқдор ба ҷои худаш бармегардад ва он душманию хусуматтарошиҳо, ки шояд дар ҷомеа буданду ва ҷой доштанд акнун фурӯкаш мешаванд. Ин ҳама исботи онро дорад, ки Мирзо Зиёев ва атрофиёни ӯ ба ин миллату ба ин сарзамин вафодор буданду ҳаргиз ба ин миллат хиёнат накардаанд. Бубинед, фарзандони вай ҳам ҷавоне беш нестанд."
ДАР ҲАСРАТИ "АВФИ ТИЛЛОӢ"
Аммо Муҳаммадалии Ҳайит, намояндаи Ҳизби наҳзати исломӣ, ба ин назар аст, ки воқеияти имрӯзи Тоҷикистон ҳукумати кишварро водор кардааст, то сулҳу суботро бо ин иқдомоти худ таҳким бахшад ва аз хатари беруна эмин дорад.
Вай мулоқоти вазири дифои Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев бо намояндагони нерӯҳои собиқи мухолифин дар маҳбасро намунаи ин иқдомҳо медонад: "Вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ як воқеиятро пеш овардааст, ки ҳукумати кишвар бояд бештар ба амнияту суботи дохили кишвар таваҷҷӯҳ намояд. Хусусан диду боздидҳои ахири вазири дифои Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев аз маҳбасҳо ва мулоқоти ӯ бо як қатор собиқ размандаҳои пешини мухолфини тоҷик дар зиндон, баёнгари ин аст, ки ҳукумат мехоҳад дили ин афродро ба даст орад ва боз ҳам эътимод ба оромӣ дар дохили кишварро бештар кунад."
Ба назари бархе аз манобеи наздик ба Вазорати адлия ва парлумони Тоҷикистон, имкон дорад, ба муносибати 20-солагии истиқлолияти кишвар дар моҳи сентябри соли ҷорӣ, раисҷумҳури Тоҷикистон бо содир намудани фармон дар бораи "афви тиллоӣ", баъзе аз афроди марбут ба парвандаи Тавилдара ва собиқ размандаҳои мухолифини пешини тоҷикро аз зиндон раҳо кунад.